Дар як сатр
» » СЕЛ ДАР ҚИЗИЛҚАЛЪА

СЕЛ ДАР ҚИЗИЛҚАЛЪА

14-06-2019, 06:26

Нисфирӯзии 2 июни соли 2019 дар Ҷамоати деҳоти "Қизилқалъа”-и ноҳияи Хуросон офати табиӣ ба амал омад. Бар асари вазидани шамоли сахт, боридани борони пуршиддату жола ва омадани сел як қатор иншоотҳои иҷтимоӣ, хоҷагиҳои деҳқониву хонаҳои истиқоматии сокинон зери об монда, мутаассифона, як сокини 20-сола фавтид. Махсусан офат ба деҳаҳои Бандар, Сарбанд, Бӯрёбофон, Меҳнатобод, Хумдон ва ба номи Файзалӣ Ғаниев хисороти зиёд расонд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода фаврӣ ба ҷойи ҳодиса омада, аз маҳаллаҳои осебдида дидан кард.

... Офати табииро, мутаассифона, пешгӯӣ карда намешавад ва он қонунҳои нонавиштаи худро дорад. Он дар вақт ва ҳолате рух медиҳад, ки кас интизораш нест. Он рӯзи сангин, тахминан соатҳои 13-13:30 нахуст тундбоде бархоста, бо суръати баланд ҳаракат карда, ҳар чизи аз сари роҳаш баромадаро ба осмон мебардошт ва бетартибона ба ҳар тараф парешон мекард. Болопӯши хонаҳоро осонакак канда, дарахтонро решакан менамуд. Аз пайи тундбод абри сиёҳ пайдо шуда, деҳоти ҷамоатро пахш кард ва ҳаворо тира гардонд. Лаҳзае пас, борон борида, он якбора шиддат гирифт ва ба жола табдил ёфт. Он лаҳзаҳо қиёматеро мемонд, ки ба баёнаш забон намегашт. Ба деҳот селу лойқа омада, мардумро ба даҳшат овард.

Офати табиӣ, ҳарчанд, 2-3 соат идома ёфта бошад ҳам, вале аз худ харобии зиёдеро боқӣ гузошт. Ситоди ноҳиявии оқибатҳои табиӣ ташкил карда шуд. Гурӯҳҳои корӣ низ дар назди Ҷамоати деҳоти "Қизилқалъа” таъсис ёфтанд, ки ба онҳо намояндагони ташкилоту идораҳои гуногун, фаъолон шомиланд. Аъзои гурӯҳҳо тез-тез ба ҷойҳои офатзада рафта, бо мардуми зарардидаи маҳаллаҳо суҳбату вохӯрӣ менамуданд.

Чуноне ки дар боло ишора рафт,  рӯзҳои сеюм ва чоруми июн раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба ҷойи ҳодиса омада, бо мардум вохӯрда аз наздик бо онҳо суҳбат намуд ва дар ин лаҳзаҳои барояшон вазнин ғамшариконашон шуд. Раиси вилоят зимни вохӯриву суҳбатҳо мардумро ба сабру таҳаммул даъват намуда, ба масъулини ҷамоати деҳот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон барои ҳарчи зудтар рафъ намудани оқибатҳои офати табиӣ маслиҳату дастурҳо дод.

Баъди ин ҳодисаи даҳшатбор бо як тан пири рӯзгордида Аслимурод Амиров, ки умри бобаракати хешро ба кори деҳқонӣ, азхудкунии заминҳои ташналаб, ободониву созандагӣ, тарбияи фарзандони бонангу номус сарф намудааст, ҳамсуҳбат шудем.

-Ҳеҷ кас гумон намекард, ки дар оғози фасли тобистон чунин ҳодиса рух медиҳад,-ба сухан оғоз кард бобо ва ашки дидагонашро пок карда суханашро идома дод. -Офати табиии имрӯза, ки мислашро тайи 30-40 соли охир надида будам, кӯчаю маҳаллаҳои ободу хуррам, ҳавлиҳои зебову ғарқи гул, молу рӯзгори тӯли солҳои зиёд ҷамънамудаи аҳолӣ, чорвои шахсӣ, боғоту киштзорҳо ба коми сол ва лойқа рафтанд. Ба ҳаминаш ҳам шукр мегӯем. Офати табиӣ иродаи мардумро шикаста наметавонад. Онҳо боз зиндагии хешро ба низом дароварда, рӯзгорашонро аз нав барқарор менамоянд...

-Мардуми деҳаи Бӯрёбофон низ аз ин офати табиӣ зарари зиёд диданд, - мегӯяд раиси маҳалла Наҷибулло Мавлонов. -

Беш аз 45 хона қисман вайрону киштзори аҳолӣ зери обу лойқа монданд. Имрӯзҳо дар ин ҷо корҳои дастаҷамъонаи рафъи офатҳои табиӣ рафта истодааст. Махсусан дар чунин лаҳзаҳои барои сокинон вазнин ташрифи раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва суҳбату мулоқотҳояш бо мардум сокинони деҳаро рӯҳбаланд намуд. Онҳо аз суханони таскинбахши раиси вилоят ҳис намуданд, ки дар лаҳзаҳои мусибати ба сарашономада яккаву танҳо нестанд. Ҳамин буд, ки офати табиӣ иродаи онҳоро шикаста натавонист ва онҳо  сарҷамъона аз пайи обод намудани вайронаҳо шудаанд.

Тавре ки котиби Ҷамоати деҳоти "Қизилқалъа” Нигора Норматова  иттилоъ дод, бар асари офати табиӣ 9 хонаи истиқоматӣ пурра ва қисман вайрон шуда, 182 хона ва 2 маркази саломатӣ зери лойқа монданд, 88 иншооти ёрирасон корношоям, 274 замини наздиҳавлигӣ пур аз сангу шағал гардиданд. 629, 4 гектар киштзор, аз ҷумла майдонҳои пахта, ғалладонагиҳо, шолӣ, полезӣ, сабзавот, боғот, заминҳои ёрирасони аҳолӣ зарари ҷиддӣ диданд. 119 сар чорвои майда, 5 сар чорвои калони шохдор, як асп талаф ёфт. Инчунин 143 дарахти мевадиҳандаю сояафкани аҳолӣ шикастаю решакан шуданд. Ҳамчунин, 7 адад таҷҳизоти обкаши дохилихоҷагӣ, роҳҳои нақлиётӣ ва қубурҳои обгузар вайрону аз байн рафтанд. Мутаассифона, як сокини 20-солаи деҳаи Меҳнатобод ба коми сел рафта, фавтид.

Мардуми меҳнатдӯсту сарбаланди Ҷамоати деҳоти "Қизилқалъа” ба ҷашни бузурги миллат -30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд. Дар ин ҷо дар доираи омодагиҳо ба ҷашни истиқлолият ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ корҳои созандагӣ ва ободу зебо гардонидани диёри азизамон вусъат ёфта, аҳолӣ ҷиҳати ба даст овардани ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзӣ, ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат саҳм мегиранд.

Имрӯзҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар деҳу маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти "Қизилқалъа” ҳамаи чораю имкониятҳои мавҷуда истифода бурда мешавад. Умед аст, ки дар вақти кӯтоҳтарин вайронаҳо боз обод гардида, ба макони сабзу хуррам табдил меёбанд. Дар лабони мардум табассум пайдо шуда, аз хонаи онҳо боз садои хандаи тифлакон баланд садо хоҳад дод. Зиндагӣ аз нав ҷараёни тоза мегирад...

С. АТТОР,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

258 МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ ХАРОБ ГАРДИД

258 МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ ХАРОБ ГАРДИД

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ

Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд

Ҳаёти иҷтимоӣ

АМАЛИ ХАЙРИ ҲУНАРМАНДОНИ ТЕАТР

Хабарҳо

Зарари боришоти зиёд ва сел ба Фархор

Хабарҳо
Ихтисоси 245 ҳазору 470 сомонӣ барои бозсозии 10 манзили аз офати табиӣ хар ...

Ихтисоси 245 ҳазору 470 сомонӣ барои бозсозии 10 манзили аз офати табиӣ хар ...

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Матолиби чандрасонаӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА