Дар як сатр
» » ХАЙРУ САДАҚА САВОБИ ЗИЁД ДОРАД

ХАЙРУ САДАҚА САВОБИ ЗИЁД ДОРАД

14-06-2019, 06:25

Дасти кумак дароз намудан ба ятимону маъюбон, шахсони камбизоат аз накутарин хислатҳои инсонӣ ба шумор меравад. Дар ин самт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид месозад, ки хайр қарзи инсонӣ ва мусулмонии ҳар як фарди худоҷӯй аст.

Тавре ки мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Сафарбек Шарифзода иттилоъ дод, дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садақаи фитр дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои эҳтиёҷоти шахсони яккаву танҳо, ятимон, маъ-юбон, оилаҳои камбизоату барҷомонда, барқарорсозӣ ва бо асбобу анҷоми рӯзгор таъмин кардани хонаҳои истиқоматии онҳо, инчунин таъмири муассисаҳои иҷтимоӣ,  аз ҷумла мактабу боғча, бунгоҳи тиббиву беморхона, китобхона, бунёди роҳу пулҳо, кашидани хатти барқу об барои маҳаллаву деҳаҳо ва дигар корҳои ободонӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар асоси дастури Пешвои миллат дар маҷмӯъ 20 миллиону 411 ҳазору 440 сомонӣ маблағҳои садақаи фитр, кумакҳои хайриявӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ниёзмандон расонида шуд. Аз ҷумла, аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони накӯкор дар ин баробар баҳри иҷрои дастури Роҳбари давлат чорвои хурду калон низ ба маъюбону оилаҳои ниёзманд ҳамчун кумак расонида шуд. Соҳибкор Абдурашид Маҷидов аз ноҳияи Ҷайҳун 175 сар чорвои майда ба   маъюбону шахсони барҷомонда ва ниёзманд, ҳамчун кумак супурд. Дар ин баробар, ин шахси хайрандеш дар бунёди муассисаҳои таълимиву тиббӣ низ саҳми арзандаи хешро гузоштааст. Чанде қабл бо иқдоми ин шахси хайрандеш ва саховатманд 2 бунгоҳи тиббӣ ва як мактаб дар деҳаи Махдумқулӣ сохта ба истифода дода шуда буд.  Ҳамин гуна амалҳои нек аз ҷониби сокинону соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои Бохтару Левакант, Восеъ, Ҷ. Балхӣ, Муъминобод, Балҷувон, Фархор, Темурмалик, Ёвон, А. Ҷомӣ, Кӯшониён низ дар арафаи Иди саиди Фитр ба ниёзмандон расонида шуд.

Мадина ҚУРБОНОВА,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

300000 СОМОНӢ - КУМАК БА НИЁЗМАНДОН

Хабарҳо
Иди фитр инсонро ба бахшидани гуноҳҳо ва пок сохтани зоҳиру ботин ҳидоят ме ...

Иди фитр инсонро ба бахшидани гуноҳҳо ва пок сохтани зоҳиру ботин ҳидоят ме ...

Ҳокимияти давлатӣ
Темурмалик: Амали хайри афроди саховатманд

Темурмалик: Амали хайри афроди саховатманд

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз: хатнасури 1136 писарбача ва тӯйи 91 ҷуфти ҷавоно ...

Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз: хатнасури 1136 писарбача ва тӯйи 91 ҷуфти ҷавоно ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Кӯмаки идона ба муҳтоҷон

Кӯмаки идона ба муҳтоҷон

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА