Дар як сатр
» » «РӮЗГОРИ СОБИҚАДОРОН БАРОИ НАСЛИ ҶАВОН МАКТАБИ ҲАЁТ АСТ»

«РӮЗГОРИ СОБИҚАДОРОН БАРОИ НАСЛИ ҶАВОН МАКТАБИ ҲАЁТ АСТ»

15-06-2019, 06:14

12 июни соли равон раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз ноҳияи Фархор дидан намуда, бо фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва рафти иҷрои нақша-чорабиниҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос гардид.

Сараввал, раиси вилоят аз мавзеъҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳия, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонии "Бахтиёр-01”, "Ҷӯрахон Қаюм”, "Ҳоҷӣ Бозоралӣ” дидан намуд. Тавре ки равшан гардид, бар асари боридани жола як қатор хоҷагиҳои пахтакор дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти "Деҳқонариқ” зарари ҷиддӣ диданд.

Роҳбари вилоят зимни суҳбат бо саҳмдорони хоҷагӣ ҷиҳати коркарду озуқадиҳии  иловагӣ ба қитъаҳои зарардида маслиҳатҳои муфид доданд. Ҳамчунин роҳбари вилоят аз вазъи рӯзгори собиқадорони ҷангу меҳнат Чиллахон Исоев, Раҳим Мирзоев, Зайнура Мӯсоева, Аноргул Сафарова, Мевагул Ғозиева, Азиз Авзалов пурсон гардида, ба ин собиқадорони арсаи ҷангу заҳмат суҳбатҳои хотирмон доир намуд. Зимни аёдати собиқадорон Зай-нура Мӯсоева, Аноргул Сафаро-ва ва Мевагул Ғозиева онҳо миннатдории хешро ба Роҳбари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд. Дар ҳақиқат ин модарони соҳибмартабаю соҳибэҳтиром парчамбардорони ноҳияи Фархор дар майдони меҳнат буданд. Ҳанӯз солҳои 70-ум ба ҳайси нахустин механизаторон дар рушди соҳаи кишоварзӣ саҳми арзандаи хешро гузоштаанд. Аз ҷумла Мевагул Ғозиева, механизатори хизматнишондодаи хоҷагии қишлоқ, қаҳрамонмодар, 2 даъват депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон, соҳиби орденҳои

"Револютсияи Октябр”, "Нишони Фахрӣ”, барандаи ҷоизаи Кумитаи марказии Комсомоли Тоҷикистон, ба раиси вилоят изҳори сипос намуд, ҷиҳати қадршиносӣ аз собиқадорони арсаи меҳнат. Аноргул Сафарова низ ба ҳайси механизатор, сарвари бригадаи пахтакорӣ, агроном, котиби озоди Кумитаи ҳизби коммунист, раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои деҳоти Ватан, раиси кооперативии истеҳсолии Майдапатта фаъ олият намудааст. Тайи солҳои фаъолият чун зани кордону ташкилотчӣ барои хизматҳои шоёнаш бо ордени "Нишони фахрӣ”, медали "Барои меҳнати шуҷоатнок” ва нишонҳои ифтихорӣ сарфароз гардидааст.

Зайнура Мӯсоева бошад, хизматчии давлатӣ фаъолияти меҳнатиашро аз механик-ронандаи мошинҳои пахтачинӣ оғоз намуда, хатмкардаи мактаби олии ҳизбии назди ҲКИШ мебошад. Ба ҳайси котиби Кумитаи ҳизби коммунисти хоҷагии "50-солагии Комсомоли Тоҷикистон”, инструктори Кумитаи ҳизби коммунист, муовини раис, раиси Ҷамоати деҳоти "Гулшан”, депутати Шӯрои Олии ИҶС фаъолият намуда, бо орденҳои "Инқилоби Октябр” ва медалҳои зиёде сарфароз гардидааст. Дар ҳақиқат, тавре ки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода таъкид дошт, авроқи рангини ин занони қаҳрамон барои насли ҷавон сабақи нотакрор аст.

Собиқадори ҷангу меҳнат Раҳим Мирзоев ба синни 97 расидааст. Аз аёдати роҳбари вилоят ба хонадонаш мамнун гардида, ба роҳбарияти вилоят, Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати дастгириҳои ҳамаҷонибаашон аз собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Азиз Авзалов низ собиқадори соҳаи маориф, омӯзгор, шоир зимни суҳбат ба раиси вилоят иброз дошт, ки дар рӯзгораш танқисие надорад. Аз эҳтироми Роҳбари давлат нисбати собиқадорон мамнун буда, хоҳони осмони софи ватан, пойдории ваҳдату якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Ин марди нексиришт пайваста эҷод менамояд, даҳҳо маҷмӯаҳои насриву назмиаш чоп гардида, пешкаши хонандагон шудааст. Чандин романи таълифнамудааш аз таърихи гузаштаи миллат ҳикоят менамоянд. Роҳбари вилоят ба

Азиз Авзалов ва дигар собиқадорони ҷангу меҳнат аз номи Роҳбари давлат кумакҳои моддиву пулӣ расонида, барояшон тансиҳатӣ таманно намуд.

Ҳамчунин зимни сафари корӣ раиси вилоят барои бунёди бинои иловагии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №28-и деҳаи Бобосафо санги асос гузошт. Ин мактаб ҳанӯз аз соли 1964 фаъолият дошта, 4 синфхонаи иловагии муассисаи номбурда соли 2012 бунёд гардида буд. Баъди сохтмони бинои иловагӣ 320 нафар толибилмон дар як баст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Иншооти мазкур дар заминаи иншоотҳои ҷашнӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бунёд мегардад. Лоиҳаи иншооти  мазкур, ки аз ду ошёна иборат аст, ба

маблағи беш аз 10 миллион  сомонӣ бунёд мегардад. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар назди омӯзгорону толибилмон сухан ронда, иброз дошт, ки ҳамагон бояд дар корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори санаи бузурги таърихӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  саҳмгузор бошанд. Барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, тарбия намудану ба камол расонидани насли наврас кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Ҳамчунин раиси вилоят аз боғи фарҳангиву истироҳатии марказӣ дидан намуда, баҳри боз ҳам ободу зебо гаштани маркази фароғативу фарҳангӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Дар маркази ҳунарҳои мардумӣ бо фаъолияти ҳунаромӯзии ҷавонону калонсолон ошно гардида, баҳри рушди ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли босифати адрасу атлас, чакан ва дигар армуғонҳо супориш дод. Дар вазъияти тантанавӣ роҳбари вилоят Қурбон Ҳакимзода ва раиси ноҳияи Фархор Раҳматзода Рустам Мирзо барои бунёди Қасри фарҳанг санги асос гузоштанд. Ин лаҳзаҳо барои сокинони деҳаи Хуррамзамин фараҳбахш буд, зеро сокинони ин деҳ соҳиби Қасри фарҳангии дуошёна, дорои 300 ҷойи нишаст мегарданд. Раиси вилоят зимни суҳбат бо аҳолӣ иброз дошт, ки бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имкон фароҳам меоварад, ки дурдасттарин деҳот низ рушду нумӯ ёбад ва инфросохтори он  беҳтар гардад. Ҳадафи Роҳбари давлат низ бунёдкориву ободонӣ дар тамоми мавзеъҳои кишвар буда, ба ин васила таъмини зиндагии шоиста ба ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад,- таъкид дошт роҳбари вилоят.

Сипас, ҷаласаи кории раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо ширкати фаъолони ноҳияи Фархор баргузор гардид. Раиси вилоят иброз дошт, ки ҳадаф аз ин мулоқоту суҳбатҳо, пеш аз ҳама, таъмини иҷроиши Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Сараввал, раиси  ноҳия Раҳматзода Рустам Мирзо оид ба бурду бохти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ахбороти муфассал дод. Тавре ки таъкид гардид, тибқи нақша дар ноҳия бояд 157 иншоот сохта мавриди истифода қарор ёбад. Айни замон 50 иншоот бунёд гардида, дар 50 иншооти дигар корҳои сохтмони шурӯъ шудаанд.

Тавре ки зимни ҷамъомад таъкид гардид, бе рушди соҳаи саноат наметавон ба дастовардҳои назаррас ноил шуд. Раиси вилоят зимни суханронӣ ба масъулину фаъолони ноҳия ҷиҳати тақвият бахшидан  ба корҳои бунёдкориву созандагӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дастуру маслиҳатҳои судманд дода, таъкид дошт, ки баҳри иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бештар тадбир андешанд, кӯшиш намоянд, ки ҷавононро ба корҳои ободониву бунёдкорӣ, таълиму тарбия роҳнамун созанд. Дар ин баробар ҷиҳати ба даст овардани дастовардҳои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, истеҳсоли ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, бун-ёди корхонаҳои коркарди ашёи хоми ватанӣ, содироти маҳсулот тадбир андешанд.

ВАХШОНА,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Раиси вилоят: «БАРОИ ПЕШРАВИИ КОР АЗ ҲАМАИ ИМКОНИЯТҲО ИСТИФОДА БОЯД КАРД»

Раиси вилоят: «БАРОИ ПЕШРАВИИ КОР АЗ ҲАМАИ ИМКОНИЯТҲО ИСТИФОДА БОЯД КАРД»

Ҳокимияти давлатӣ

РАИСИ ВИЛОЯТ: «АЁДАТИ МЕҲТАРОН САВОБИ ЗИЁД ДОРАД»

Ҳаёти иҷтимоӣ

«ДАР ОН ҶОЕ, КИ ЗАН АСТ, ДАР ОН ҶО ЗЕБОӢ, ПЕШРАВӢ ВА ОБОДОНӢ АСТ»

Ҳокимияти давлатӣ
«Истифодаи оқилона аз имкониятҳои мавҷуда ба манфиати кор аст»

«Истифодаи оқилона аз имкониятҳои мавҷуда ба манфиати кор аст»

Ҳокимияти давлатӣ
Аёдати собиқадорон кори савоб аст

Аёдати собиқадорон кори савоб аст

Ҳаёти иҷтимоӣ