Дар як сатр
» » Раиси вилоят: «БАРОИ ПЕШРАВИИ КОР АЗ ҲАМАИ ИМКОНИЯТҲО ИСТИФОДА БОЯД КАРД»

Раиси вилоят: «БАРОИ ПЕШРАВИИ КОР АЗ ҲАМАИ ИМКОНИЯТҲО ИСТИФОДА БОЯД КАРД»

15-06-2019, 06:11

Раиси вилоятиХатлон Қурбон Ҳакимзода рӯзи 7 июни соли равон аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дидан намуда, бо фаъолияти деҳқонон ва рафти бунёди иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно гардид. Дар ин баробар ба аёдати собиқадорони меҳнат ва маъюбон рафта, аз вазъи рӯзгори онҳо пурсон шуд.

Сараввал, роҳбари вилоят аз замини наздиҳавлигии сокини Ҷамоати деҳоти "Яккатут” Мирзо-маҳмадӣ Ёфтаков дидан намуда, барои истифодаи самараноки замини наздиҳавлигӣ ба соҳибхона изҳори сипос намуд. Дар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ маҳсулоти кишоварзӣ пухта расида, даҳҳо номгӯи зироатҳо парвариш меёфт. Тавре ки соҳибхона иброз дошт, аз ҳисоби парвариши сабзавоти барвақтӣ ҳамасола беш аз 12 ҳазор сомонӣ даромади соф ба даст меорад.

Ҳамчунин, раиси вилоят аз рафти корҳои саҳроӣ дар хоҷагии деҳқонии "Шоимардон”- и деҳаи Мушкрӯд дидан намуда, ба деҳқонон баҳри коркарди босифати қаторҳои пахта маслиҳатҳои муфид дод. Лозим ба ёдоварист, ки майдони умумии заминҳои корами хоҷагӣ 31 гектарро ташкил дода, аз ҷумла дар 27 гектар пахта, 1 гектар гандум, 2 гектар беда ва 1 гектар макка кишт шудааст.

Коргоҳи қолинбофии "Гулвард” соли 2014 дар асоси иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфта, мавриди истифода қарор дода шуда буд. Дар ин коргоҳ қолинҳои босифати дастӣ истеҳсол мешуд, ки харидорони зиёде дошт. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни суҳбат бо масъулини коргоҳ аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки фаъолияти коргоҳ солҳои охир хуб ба роҳ монда нашудааст.

Ҳамчунин, бо иштироки роҳбари вилоят дар кӯчаи Сомониёни Ҷамоати шаҳраки ба номи А. Ҷомӣ маркази хизматрасонӣ ва нуқтаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба фаъолият оғоз намуд. Иншооти мазкур бо саҳми соҳибкор Нусрат Расулов бунёд гардида, дар заминаи он сехи дӯзандагӣ, сартарошхона, ошхона, нуқтаҳои савдо ба фаъолият оғоз намуда, беш аз 21 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Собиқадори меҳнат Оиша Нурматова, истиқоматкунандаи кӯчаи Замонов, аз аёдати раиси вилоят изҳори миннатдорӣ намуд. Ин зани меҳнатӣ ҳаёти пурбаракати хешро сарфи корҳои ҷамъиятӣ намуда, соҳиби 5 фарзанд аст, алҳол маъюби гурӯҳи якум буда, муддати 10 сол боз бемории бистарист. Аз боздиди раиси вилоят хушҳол гардида, шукрона аз сиёсати оқилонаи Роҳбари давлат ва ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон намуд.

Истиқоматкунандаи деҳаи Истиқлол Тошгул Эргашеваи 10 сола низ маъюби гурӯҳи якум буда, аз ташрифу аёдати роҳбари вилоят изҳори хушнудӣ намуд. Роҳбари вилоят ба собиқадорону маъюбон кумакҳои моддию пулӣ расонида, барояшон тансиҳатӣ орзу кард.

Собиқадори ҷангу заҳмат Давлатхӯҷа Саидхӯҷа бошад, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюби гурӯҳи якум аз 11 ноябри соли 1944 то моҳи майи соли 1950 дар Украина хизмати модар - ватанро адо намудааст. Баъди баргаштан ба ватан аз соли 1952 то соли 1970 ба ҳайси механизатор дар собиқ хоҷагии ба номи Москва баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ саҳм гирифтааст. Ҳамчунин, дар дигар соҳаҳои хоҷагии халқ низ содиқона хидмат кардааст. Давлатхӯҷа Саидхӯҷаев зимни суҳбат бо раиси вилоят миннатдории хешро ба унвони роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуд.

Ҳамин тавр, роҳбари вилоят аз вазъи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва фаъолияти фермаи парандапарварӣ дидан намуда, ҳамчунин дар хоҷагии деҳқонии "Бобои Носир”-и деҳаи Зарнисор, Ҷамоати деҳоти"50-солагии Тоҷикистон” бо истифодаи самараноки қитъаҳои замин ошно гардид. Дар деҳаи Зарнисори Ҷамоати деҳоти "50-солагии Тоҷикистон” бошад, иншооти ҷашнӣ бахшида ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфт. Бунгоҳи тиббӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ буда, ин муассисаи тиббӣ дорои шароити хуб барои фаъолияти табибон мебошад.

Баъди боздид аз корҳои ободонию созандагӣ дар қаламрави ноҳия раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо роҳбарон, мутахассисон, фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия мулоқот доир намуд. Дар ҷамъомад сараввал иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Саиди Ёқубзод оид баҷамъбасти соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоии ноҳия дар зарфи панҷ моҳи соли равон, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта мухтасар маълумот дод.

Маълум гардид, ки дар ин давра, бо вуҷуди як қатор дастовардҳо нишондиҳандаи аввалиндараҷаи ноҳия-қисми даромади буҷет иҷро нагардид. Раиси вилоят пурсишро аз шахсони масъул ва ваколатдорон аз ҳамин масъала оғоз бахшида, баъди таҳлили ҳаматарафа хулоса намуд, ки агар дар тамоми соҳаҳо корҳоро мувофиқи матлаб ба роҳ мемонданд, баҳри иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ аз ҳамаи шароиту имконоти мавҷуда истифода мекарданд, нақшаи андоз бе шакку шубҳа иҷро мегардид. Дар ин самт ягон мушкилоти дандоншикан набудааст. Барои иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет ва ноил гардидан ба дастовардҳои баланди истеҳсолӣ ҷиҳати барқарор кардани обрӯи пешинаи ин ноҳияи овозадор (дар гузашта ноҳия бо дастовардҳои истеҳсолии худ дар ҷумҳурӣ дар қатори аввалинҳо ҷой дошт) лозим аст, ки ҳама шахсони масъул якдилу яктан шуда, софдилона меҳнат намоем.

-Чи тавре ки аз суҳбат бо мардум аён гардид, - гуфт раиси вилоят, - ҳама аз дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат пайгиранд, ба ояндаи нек боварӣ доранд, танҳо корҳои фаҳмондадиҳиро хуб ба роҳ мондан, беинтизомиро дар истеҳсолот аз бех кандан мебояд. Зуд-зуд иваз шудани роҳбари мақомоти андоз роҳи ҳалли иҷрои нақша нест, ба ҷойи ин ҳамаи манбаъҳои андозсупориро ба кор даровардан лозим.

Якчанд кооперативҳои истеҳ-солӣ, корхонаҳои саноатӣ фаъолият накардаанд ва дар назди мақомоти андоз қарздоранд. Хоҷагиҳои деҳқонӣ низ наздики як миллион сомонӣ қарздоранд, 26 адади онҳо то ҳол ба қайд гирифта нашудаанд, - изҳори нигаронӣ кард раиси вилоят ва дар назди масъулин вазифагузорӣ намуд, ки камбудиву бесарусомониҳои мавҷударо ҳарчи зудтар бартараф карда, аз натиҷааш ба таври хаттӣ маълумот пешниҳод намоянд.

Мувофиқи маълумот корхона-ҳои нави саноатӣ таъсис наёфтаанд, бо ин сабаб бакортаъминкунии аҳолӣ низ кам шудааст. Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ нисбати вилоят хеле паст аст. Дастгоҳҳои атласбофиву адрасбофӣ, ки бо сад нақшаву ният сохта шуда буданд, кор намекунанд.

Дар соҳаи кишоварзӣ ҳам камбудиҳо хеле зиёд ба назар мерасад. Нашъунамои пахта суст мебошад. Мутаассифона, моҳӣ нисбати ҳаҷми воқеии истеҳсолот кам сайд шудааст. Аз 694 гектар 68 тонна истеҳол шудани моҳиро кӣ бовар мекунад, дар ҳоле, ки мувофиқи меъёр бояд аз ҳар гектар 7-8 тонна ба даст биёяд?! Фабрикаи овозадори парандапарварӣ бо сабабҳои номаълум то ҳол кор намекунад. Ҳол он ки дар ин самт аз андоз озоданд.

Вазъи ҳолати мелиоративии заминҳо низ нигаронкунанда аст. Аз об самаранок истифода бурда, нашъунамои зироатҳоро мувофиқи талабот ба роҳ мондан лозим, то ин ки маҳсулот тибқи дурнамо ба даст биёяд, - маслиҳат дод раиси вилоят.

Ҳакимзода Қурбон дар баробари он ки тамоми камбудиҳоро дар соҳаҳои хоҷагии халқ рӯйи об бароварда, ҳамчунин, аз он изҳори таассуф кард, ки агар як сол аз қабули Қарори Ҳукумати кишвар дар бораи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта бошад ҳам, вале то ҳанӯз дар ноҳия дар ин самт корҳои нишонрас ба ҷо оварда нашудааст. Дар ноҳия ба ин мақсад ба истифода додани 155 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин то имрӯз 24 адад мавриди истифода карор гирифтаасту халос. Ин камбудиҳои хело ҷиддианд, ки бахшиданӣ нест. Дар ин самт ҳарчӣ бештар соҳибкорон, аҳли маҳал, саховатмандонро ҷалб намоем, тавонем онҳоро бовар кунонем, ки маҳал, диёри худро худамон обод мекунем, на каси дигар.

Ҳамин тариқ, раиси вилоят дар охир изҳори умедворӣ кард, ки роҳбарияту масъулин бо такя ба мардуми шарифи ноҳия тамоми камбудиҳоро бартараф месозанд ва дар иҷрои нақшаву ниятҳо собитқадам мемонанд.

Вахшона,

И. Ҳасанов,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«РӮЗГОРИ СОБИҚАДОРОН БАРОИ НАСЛИ ҶАВОН МАКТАБИ ҲАЁТ АСТ»

«РӮЗГОРИ СОБИҚАДОРОН БАРОИ НАСЛИ ҶАВОН МАКТАБИ ҲАЁТ АСТ»

Ҳокимияти давлатӣ

РАИСИ ВИЛОЯТ: «АЁДАТИ МЕҲТАРОН САВОБИ ЗИЁД ДОРАД»

Ҳаёти иҷтимоӣ

«ДАР ОН ҶОЕ, КИ ЗАН АСТ, ДАР ОН ҶО ЗЕБОӢ, ПЕШРАВӢ ВА ОБОДОНӢ АСТ»

Ҳокимияти давлатӣ
«Истифодаи оқилона аз имкониятҳои мавҷуда ба манфиати кор аст»

«Истифодаи оқилона аз имкониятҳои мавҷуда ба манфиати кор аст»

Ҳокимияти давлатӣ
Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА