Дар як сатр
» » ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ БА БЕШ АЗ 2969 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ БА БЕШ АЗ 2969 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

14-06-2019, 06:10

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дарпанҷ моҳи соли равон баргузор гашт. Қабл аз оғози ҷамъомад ҳозирин наворҳоро аз вазъи ногувори баъзе корхонаҳои саноатие, ки хусусӣ гардидаанду имрӯз ба талабот ҷавобгӯ нестанд, тамошо карданд.

Ҷамъомадро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа шинос кард ва таъкид дошт, ки масъулини корхонаҳои саноатии мазкур баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта тадбир андешанд.

Сипас, аз рӯи масъалаи асосии ҷаласа оид ба дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят ҳозирин гузориши муовини аввали раиси вилоят Хайрулло Амонуллоро шуниданд. Тавре ки зикр гардид, заҳматкашони вилояти Хатлон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ дода, дар панҷ моҳи соли равон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,1 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 582,4 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки нисбати нақша 11,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ҷиҳати маблағгузорӣ ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бонкҳои вилоят дар панҷ моҳи соли 2019-ум 490,3 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум26 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ба соҳаи кишоварзӣ аз ин ҳисоб 172 миллион сомонӣ, саноат, сохтмон ва нақлиёт 147,9 миллион сомонӣ, савдо 84,3 миллион сомонӣ, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2,6 миллион сомонӣ ва дигар соҳаҳо 83,5 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Гардиши савдо ба 2314,9 миллион сомонӣ расида, чуноне ки муовини аввали раиси вилоят иброз дошт, гардиши савдои хориҷӣ дар чор моҳи соли 2019-ум 147,7 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Содироти мол дар панҷ моҳи соли равон 67113,2 ҳазор долларро ташкил дод. Бояд тазаккур дод, ки аз вилоят ба хориҷи кишвар асосан нахи пахта, калобаи ришта, неруи барқ, семент, шираи камол ва маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст. Шарикони асосии содироти молу маҳсулот Афғонистон, Туркия, Чин, Русия, Покистон ба шумор мераванд. Дар вилоят 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда, маблағи азхудшуда 452,7 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Чуноне ки таъкид гардид, айни замон дар вилояти Хатлон 44 субъекти соҳибкорӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ фаъолият дошта, бештари маблағҳои ҷалбгашта ба ҶДММ "Талко Кемикал”, ҶДММ "ТК Ойл”, ҶДММ "Хуаксин Ғаюр Семент”, ИА "Водии Заррин”, ҶДММ "Чжунсой Моҳир Семент”, ҶСП "Ҷунтай Хатлон Син Силу”, ҶСП "Ҷунтай Данғара Син Силу” рост меояд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят 15672 ҷойҳои нави корӣ ва барқароршуда таъсис дода шуд.

Деҳқонони боиродаи вилоят баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ ҷидду ҷаҳд намуда, ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардиданд. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар панҷ моҳи соли равон 1671,6 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли пешин 155 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 205,9 ҳазор тонна сабзавот, 32,2 ҳазор тонна картошка, 9,1 ҳазор тонна мева, 28,1 ҳазор тонна гӯшт ва 31 миллион дона тухм истеҳсол гардидааст.

Дар вилоят 1171 гектар боғу токзорҳои нав, аз ҷумла дар заминҳои лалмӣ 930 гектар бунёд гардида, дар ин давра 262,9 гектар боғҳо ва 67 гектар токзорҳо барқарор карда шудаанд.

Чуноне ки дар ҷамъомади ҷамъбастӣ таъкид гардид, то санаи 8 июни соли равон аз ҳудуди вилоят ба хориҷи кишвар 30541 ҳазор тонна маҳсулот содирот шудааст, ки аз ин миқдор 27542 ҳазор тонна пиёз, 1892 тонна мева ва 1106,3 тоннаро дигар навъҳои маҳсулот дар бар мегирад.

Муовини аввали раиси вилоят зимни гузориш ёдовар гардид, ки дар баробари таъмини 3 ҳадафи стратегии мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ, ҳадафи чоруми мамлакат-саноатикунонӣ низ бо суръат идома дорад. Дар панҷ моҳи соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2969,3 миллион сомонӣ расида, нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 262,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар вилоят афзоиши истеҳсоли орд, маҳсулоти нонӣ, равғани растанӣ, гӯшти навъи якум, риштаи пахтагӣ, нафт, семент, гаҷи сангин, оҳаки бинокорӣ, регу санги майда ва трансформаторҳо зиёд гардидааст. Ҳамчунин истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ, маҳсулоти макаронӣ, сохтмонӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Дар панҷ моҳи соли равон 24 адад корхона ва коргоҳи нави санаотӣ бо таъсиси 237 ҷойи корӣ ташкил карда шуд.

Дар доираи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодагиҳо ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо намудааст. Дар чор моҳи соли равон аз ҳамаи сарчашмаҳо азхудкунии маблағҳои асосӣ 678,2 миллион сомонӣ, корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 411,4 миллион сомонӣ, корҳои пудратӣ ба маблағи 309,1 миллион сомонӣ иҷро гардида, ба маблағи 901,1 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуд. Дар вилоят 115 бинову иншоотҳои истеҳсоливу ғайриистеҳсолӣ ба маблағи 839,6 миллион сомонӣ, ғайр аз хонаҳои шахсӣ, аз ҷумла 14 синфхонаи иловагӣ бо 396 ҷойи нишаст, 1 маркази саломатӣ, 62 маркази савдо, 6 корхонаи саноатӣ, 3 толори варзишӣ, 4 хонаи истиқоматии баландошёна сохта мавриди истифода қарор ёфт.

Чуноне ки таъкид гардид, дар ин давра дар 1,7 километр роҳи автомобилгард таъмири асосӣ гузаронида шуда, 1 адад пул ва 13 адад иншоотҳои дигар сохта ба истифода дода шудааст. Ҳамчунин, дар масоҳати 90 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ бунёд гардидааст. Бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва сохтмони 6556 адад бинову иншоотҳо ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 1 июни соли равон дар 1891 адад бинову иншоотҳо корҳои сохтмонӣ анҷом ёфта, дар 2309 бинову иншоотҳои дигар корҳои бунёдкорӣ ҷараён дорад.

Ҳамин тавр дар ҷамъомад оид ба дастовардҳои соҳаҳои нақлиёт ва роҳ, коммуналӣ, маориф, тандурустӣ, варзиш ва ғайра низ сухан рафта, таъкид гардид, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳаракати олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо гирифтани 193 ҷойи ифтихорӣ ноил гардиданд. Аз ҷумла 43 медали тилло, 42 нуқра, 108 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.

Пас аз ҳисобот раиси вилоят аз масъулини шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Вахш, Норак, Шаҳритӯс, Балхӣ, Бохтар ва дигар ноҳияҳо, инчунин масъулини соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ оид ба камбудиҳои соҳа пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаҳо супоришҳои мушаххас дод.

Роҳбари вилоят баҳри иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо фаъолони вилоят дар ноҳияи Данғара масъулини шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳои вилоятиро муаззаф намуд. Дар ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлон дар панҷ моҳи соли 2019 масъулини Вазорати саноат ва технологияи инноватсионӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, баромад карданд.

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА  НАМОЯНДАГОНИ ВАО-РО БА ҲАМКОРӢ ДАЪВАТ НАМУД

ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА НАМОЯНДАГОНИ ВАО-РО БА ҲАМКОРӢ ДАЪВАТ НАМУД

Ҳокимияти давлатӣ

Хуросон. 1600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳо нигоҳдорӣ мешавад

Арсаи кишоварзӣ
Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Аз таъсиси ҷойҳои нави корӣ сатҳи зиндагии мардум боло меравад

Аз таъсиси ҷойҳои нави корӣ сатҳи зиндагии мардум боло меравад

Ҳокимияти давлатӣ
Давлатшоҳ гулмаҳмадзода: “дар рушди иқтисодиву иҷтимоии ватани азизамон саҳ ...

Давлатшоҳ гулмаҳмадзода: “дар рушди иқтисодиву иҷтимоии ватани азизамон саҳ ...

Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА