Дар як сатр
» » «Тараннуми ҷавонӣ ва саодат» аз Хатлон оғоз ёфт

«Тараннуми ҷавонӣ ва саодат» аз Хатлон оғоз ёфт

16-10-2017, 11:16

«Тараннуми ҷавонӣ ва саодат» аз Хатлон оғоз ёфт

Дар театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа фестивали ҷумҳу-риявии мусиқии касбии наврасону ҷавонон таҳти унвони «Тараннуми ҷавонӣ ва саодат», ки бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони ватан”, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва бо дастгирии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бахшида ба Соли ҷавонон ва 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI таърихию тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, баргузор шуд.

Дар фестивал Маҳмудзода Раънохон Бобоҷониён, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Абдулло Раҳмонзода, раиси ТҶҶ “Созандагони ватан”, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Аслиддин Низомов, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор, Хуршед Низомов, раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, Сангалӣ Ҳомидов, муовини раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, Илҳомҷон Ҳамидов мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Сараввал, Маҳмудзода Раъно Бобоҷониён, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, суханронӣ намуда, иброз дошт, ки аз вилояти Хатлон оғоз ёфтани нахустин фестивали ҷумҳуриявии мусиқии касбии наврасону ҷавонон аз ташаббусҳои ҳизбиён ва фарҳангдӯстони сокинони вилоят дарак медиҳад. Наврасон ва ҷавононе, ки дар фестивал - озмун ширкат меварзанд, нафарони арзанда ва дар ҷодаи санъат муваффақ ба ҳисоб мераванд.

Дар фестивал-озмун кормандони бахши фарҳанги шаҳри Қӯрғонтеппа баромад намуда, ҳунару санъати волои худро пешкаши ҳакамон ва ҳаводорони сершумор гардониданд. Ҳамзамон, ҳунармандони наврасу ҷавони вилояти Хатлон 27 номгӯйи барномаи ҳунариро ба намоиш гузоштанд.

«Тараннуми ҷавонӣ ва саодат» аз Хатлон оғоз ёфт

- «Тараннуми ҷавонӣ ва саодат» ном гирифтани фестивал бесабаб нест, - иброз дошт Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон. – Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон ҳақ доранд аз ҷавонӣ ва саодате, ки барои ин миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овардааст, тараннум намоянд. Қисмати зиёди аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки дар сиёсати хирадмандона ва ҷавонпарваронаи Пешвои миллат мақоми марказӣ дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки ҷавонон қувваи бузург, неруи созанда ва ояндаи миллатанд. Аз ин рӯ, бояд ҷавонӣ ва саодатро тараннум намоем.

Дар ҷамъбаст аъзои ҳакамон ҳунари навозандагии Такер Меделен, рақси яккаи Умед Ниёзмаҳмадов, ҳунари сарояндагии Султон Хадзиев ва Зиёратшоҳ Валишоев, гурӯҳи доиранавозони мактаби санъати бачагонаи шаҳри Қӯрғонтеппаро бо ифтихорнома ва туҳфаҳои молиявии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон сарфароз гардонида, сазовори иштирок кардан дар даврҳои минбаъда донистанд. Ҳамчунин, cипосномаю ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ТҶҶ “Созандагони ватан” ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба иштирокчиёни фаъоли фестивал супорида шуд.

Фаромӯз БОБОЕВ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Кашфи истеъдодҳои нав дар фестивали “Бӯстон-2017”

Кашфи истеъдодҳои нав дар фестивали “Бӯстон-2017”

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ваҳдат созандагист

Ваҳдат созандагист

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Сиёсат, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Кӯдакону наврасони мактаби санъат хушнавозанд

Кӯдакону наврасони мактаби санъат хушнавозанд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ
12 номзади ҲХДТ дар ҳавзаҳои якмандатии Хатлон пирӯз шуданд

12 номзади ҲХДТ дар ҳавзаҳои якмандатии Хатлон пирӯз шуданд

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Парасту-2015» ва 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР

«Парасту-2015» ва 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА