Дар як сатр
» » ДАНҒАРА. ИФТИТОҲИ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ

ДАНҒАРА. ИФТИТОҲИ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ

27-05-2019, 13:50

21 майи соли ҷорӣ дар доираи иҷрои нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара 7 адад иншоотҳои ҳаётан муҳими иҷтимоию иқтисодӣ ба фаъолият оғоз бахшид. Дар маросими ифтитоҳи иншоотҳои иҷтимоию иқтисодӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд.

Нахуст маҷмаааи маркази савдо ва хизматрасонӣ дар деҳаи Нурбахши Ҷамоати деҳоти «Лолазор», ки бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ бародарон Шоевҳо бунёд ёфтааст дари хешро барои мизоҷон кушод. Ин бинои сеошёна бо тарҳи зебо бунёдгардида аст, 27 нафар сокинони маҳаллӣ дар ин маркази савдо ва хизматрасонӣ бо ҷои кори доимӣ фаро гирифта шуданд. Дар ин марказ ҳамоми ҳозиразамон, дорӯхона, сартарошхона, коргоҳи дӯзандагӣ, кошонаи ҳусн, мағозаи молҳои рӯзгор ва мағозаи ҳазору як майда-чуйда, ошхонаи хӯрокҳои тезтайёр, толори саққобозӣ ва ғайра ҷой дода шудааст, ки ба аҳолии деҳаи мазкур хизмат мерасонад.

Раиси вилоят зимни ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва савдо ба соҳибкорон изҳори ташаккур намуд. Бояд тазаккур дод, ки дар ин маркази савдо ва хизматрасонӣ маркази саломати низ бунёд намуданд, ки бо таҷҳизотҳои ҳозиразамони тиббӣ муҷаҳҳаз гаштааст. Дар ҳақиқат иқдоми неки соҳибкорони маҳаллӣ Шоевҳо дар ин самт лоиқи дастгирист. Тавре ки ҳамшираи собиқадори тиббӣ Фотима Абдуназарова иброз дошт, маркази саломатии қаблӣ дар як бинои хеле кӯҳнаю валангор ҷойгир буд, инак бунёди маркази саломатӣ имкон медиҳад, ки беш аз 10 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ дар шароити хуб ба аҳолии деҳа хизмат расонанд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар ифтитоҳи маркази савдо ва хизматрасонӣ сухан ронда, иброз дошт, ки иқдоми неки бародарон Шоевҳо барои таъсиси беш аз 27 ҷои корӣ замина гузошт ва беҳтарин шароит дар сатҳи хизматрасонии тиббӣ, савдо, умуман соҳаи иҷтимоӣ дар ин деҳаи дурдаст бароӣ аҳоли муҳайё гардид. Минбаъд аҳолии деҳаи Нурбахш ва деҳаҳои гирду атроф метавонанд аз хизматрасонии босифати иншооти мазкур баҳраманд гарданд.

Дар деҳаи Булёни Поёни Ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарипови ноҳия низ бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин Хайриддин, сокинони деҳа, пирони рӯзгордида ҳавзи моҳипарварӣ дар масоҳати панҷ гектар, ки бо иқдоми соҳибкор Сафар Каримов бунёд гардидааст ба фаъолият шурӯъ намуд. Бунёди ҳавзи мазкур имкон медиҳад, ки истеҳсоли моҳи афзун ва аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ таъмин шавад. Дар ин ҳавз беш аз 18 ҳазор моҳӣ парвариш меёбад. Ҳавзи мазкур дар заминаи хоҷагии деҳқонии «Некӣ» бунёд гардидааст. Хоҷагӣ дорои 250 гектар замин буда, дар 18 га ғалла, 10 га юнучқа кишт намудаанд. Заминҳои боқимонда чарогоҳ мебошад, зеро хоҷагидорон бештар ба парвариши чорво машғуланд.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо собиқадорон ва сокинони деҳаи Булёни Поён таъкид дошт, ки боду ҳавои имсола барои чорводорон мусоид буда, чорводорон метавонанд баҳри захираи дусолаи хӯроки чорво кӯшиш намоянд.

Худи ҳамон рӯз терминали мусофиркашонии ноҳияи Данғара баъди тармиму азнавсозӣ ба фаъолият сар кард. Дар терминали мазкур шароитҳои хизматрасонӣ барои мусофирон ва ронандагон муҳайё гардида, хонаи модару кӯдак, сартарошхона, нуқтаҳои фурӯши чиптаҳо, дандонпизишкӣ, суратгирхонаи фаврӣ, чопи реклама, авиакасса, мағозаҳои тиҷоратӣ, ошхона дар хизмати мизоҷон қарор доранд.

Тавре ки роҳбари терминал Бобоҷон Муродов иброз дошт, терминал барои 130 нақлиёт пешбинӣ гардидааст. Айни замон дар ин муассиса 36 нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ таъминанд.

Беморхонаи минтақавии деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхӣ дар Ҷамоати деҳоти «Себистон» низ баъди азнавсозӣ бо иқдоми соҳибкорону шахсони саховатманд таҳти ширкати раиси вилоят, масъулини ноҳия ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор даромад. Дар тантанаи ба истифодадиҳии ин муассисаи хизматрасонии тиббӣ табибону аҳолии деҳа ширкат варзиданд. Тавре ки масъулин баён доштанд, дар ин муассиса 67 нафар фаъолият доранд. Бахши машваратӣ ва ташхисӣ, бақайдгирӣ, ҳуҷраҳои эҳёгарӣ, хатнагузаронӣ, ҷарроҳӣ, бемориҳои чашм, озмоишгоҳ, амрози занона бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Шуъбаи таваллуд аз чандин ҳуҷраҳои хизматрасонӣ иборат мебошад. Дар шуъба 6 нафар табибон ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Лозим ба ёдоварист, ки дастгоҳҳои ҳозиразамони кардиоманитор, оксигенистеҳсолкунанда, нафаси сунъидиҳанда ва ғайра имкон медиҳанд, ки ба беморон сари вақт кумаки тиббӣ расонида шавад.

Раиси вилоят дар ҳузури табибон ва аҳолӣ сухан ронда, таъкид дошт, ки аз ба имзорасии Амри Президенти мамлакат №1052 як сол сипарӣ гардид. Дар ин муддат дар тамоми гӯшаву канори мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Данғара садҳо иншоотҳои хизматрасонӣ бунёд шуданд. Дар ин самт саҳми соҳибкорони маҳаллӣ шахсони саховатпеша назаррас аст. Роҳбари вилоят зимни суханронӣ ёдовар гардид, ки истифодаи оқилонаи иншоотҳои мазкур ва таҷҳизотҳои замонавӣ, аз ҷумла муомилаи неки табибон бо аҳолӣ аз манфиат холӣ нест. Дар интиҳои суханронӣ роҳбари вилоят таъкид дошт, ки кумак ба ниёзмандон, дастгирии барҷомондагону ятимон аз хислатҳои неки инсонист. Дар ин робита Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз ин табақаи аҳолӣ ғамхорӣ зоҳир менамояд, то ки  онҳо танҳоии худро эҳсос нанамоянд.

Дар идомаи сафари раиси вилоят ба ноҳияи Данғара дар деҳаи Ғарғараи Ҷамоати деҳоти «Корез»  ду иншооти тозабунёди замонавӣ ба фаъолият оғоз бахшид. Бо иқдоми соҳибкор Акмал Чиллазода меҳмонхонаи хуштарҳи замонавӣ барои 30 нафар дар як вақт бо шароитҳои муосир дари хешро ба мизоҷон боз намуд. Дар ин иншоот 10 нафар соҳиби ҷои кор гардиданд. Бунёди иншооти мазкур баҳри беҳ гаштани инфрасохтори деҳот, ҷалби сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамояд.

Маркази хизматрасонӣ, иттиллоотиву сайёҳӣ, ки аз ҷониби бародарон Назировҳо дар як муддати кӯтоҳ сохта ба истифода дода шуд, имкон фароҳам овард, ки 12 нафар соҳиби ҷои кор гарданд. Дар ошёнаи якуми ин марказ, ки муарифгари санъату  ҳунарҳои мардумист, сайёҳону меҳмонон метавонанд шурӯъ аз сӯзанию куртаҳои чакан, тоқию миёнбанд, адрасу атлас то армуғонҳои гуногуни дастони пурэъҷози ҳунармандони хатлониро дарёфт ва харидорӣ намоянд. Дар ин иншоот низ меҳмонхона барои 10 ҷой, толори варзишии муҷаҳҳаз дар хизмати мизоҷон қарор ёфтааст.

Сокинони деҳаи Ҳусейн Шайхи Ҷамоати деҳоти «Корез» дар ҷараёни корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби варзишгоҳи ҳозиразамон гардиданд. Аҳли оилаи Гуловҳо дар ин иқдоми нек саҳмгузорӣ намуда,  варзишгоҳи мазкурро, ки дорои 800 ҷойи нишаст мебошад, бунёд намуданд.

Дар деҳаи Лоларухи Ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарипов низ бо иқдоми соҳибкор Умаралӣ Алиматов варзишгоҳи замонавӣ бунёд гардид. Хурсандии сокинони ин деҳаи дурдаст бахусус муҳассилини мактаби миёнаи умумии № 78-ро ҳадду канор набуд. Зеро бо иқдоми ин марди саховатпеша ҳамагӣ 6 моҳ қабл бинои хушсохту замонавии мактаби миёнаи умумии №78 бунёд гардида, мушкили толибилмоне, ки то се километр роҳро тай намуда, ба муассисаҳои таълимии №15 ва 64 барои таҳсил мерафтанд ҳал намуд. Аз ин рӯ омӯзгорону хонандагони муассиса миннатдории хешро ба роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нисбати сиёсати маорифпарварона ва иқдомҳои неку инсондӯстонааш баён доштанд. Маҳз барои шаҳрвандон фазои озоди соҳибкориро фароҳам овардааст ва соҳибкорон дар ин замина бештар ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ҷалб гардидаанд. Лозим ба ёдоварист, ки соҳибкор Умаралӣ Алиматов дар баробари бунёди мактаб ва варзишгоҳ, ҳамчунин аз масофаи беш аз як километр оби ошомиданӣ оварда, муассисаи таълимӣ ва аҳолиро бо оби тоза таъмин намудааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар 38 иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, 18 иншооти дигар омодаи  баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, дар умум дар 133 иншоот корҳои сохтмонӣ оғоз ёфтааст.           

 

Вахшона,

«Хатлон»

 



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ВАТАН АЗ ФАЙЗИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ОБОДУ ЗЕБО ШУДААСТ

ВАТАН АЗ ФАЙЗИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ОБОДУ ЗЕБО ШУДААСТ

Ҳокимияти давлатӣ

Ҷ.Балхӣ: Баистифодадиҳии 153 иншоот

Ҳаёти иҷтимоӣ

Темурмалик:Бунёдкорӣ вусъат меёбад

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ифтитоҳи иншоотҳои ҷашнӣ

Ифтитоҳи иншоотҳои ҷашнӣ

Ҳокимияти давлатӣ

БУНЁДИ 7 ИНШООТ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК

Хабарҳо