Дар як сатр
» » ҲАР ЯК ТАШРИФИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ИН Ё ОН ГӮШАИ ДИЁР МУЖДАИ ОБОДОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ АСТ

ҲАР ЯК ТАШРИФИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ИН Ё ОН ГӮШАИ ДИЁР МУЖДАИ ОБОДОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ АСТ

27-05-2019, 13:42

Боздид аз намоиши чорвои хушзоти хоҷагиҳои чорвопарварии вилояти Хатлон дар бозори Каёнӯши ноҳияи Данғара

 


 

 

23 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара аз намоиши чорвои хушзоти хоҷагиҳои чорвопарварии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан намуданд.

Хоҷагиҳои зотпарварии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар Маркази савдои Каёнӯш намунаи чорвои хушзоти хурду калон ва намудҳои гуногуни парандаю моҳӣ ва дигар дастовардҳоро ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин намоишгоҳ муаррифӣ карданд.

Мақсад аз намоиши дастовардҳои соҳаи чорводорӣ, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, муаррифии бештари дастовардҳои хоҷагиҳои чорводорӣ ва бад-ин васила мусоидат ба таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар макони баргузории намоиши чорвои хушзот нахуст навгониҳои озмоишгоҳи бойторӣ ва дигар дастовардҳои Муассисаи давлатии бордоркунии сунъӣ пешкаш карда шуд. Таъкид гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо ворид намудани таҷҳизоту дастгоҳҳои муосири бордоркунии сунъии чорво, ки бо мақсади хушзоткунӣ амалӣ карда мешавад, хоҷагиҳои чорвопарвар тайи солҳои охир ба пешрафтҳои зиёде ноил гардидаанд.

Дар намоишгоҳ хоҷагиҳои чорвопарвари вилояти Хатлон зиёда аз 150 сар чорвои калони зотҳои шветсу зебумонанд, сиёҳало, сементал, қазоқии сарсафед, абердин-ангус ва 630 сар моли майдаи зотҳои ҳисорӣ, қароқулӣ, тоҷикӣ, маҳинпашми дарвозӣ ва наздики 30 сар аспи тоҷикиро ба маъраз гузоштанд.

Иттилоъ дода шуд, ки феълан дар вилояти Хатлон 13 хоҷагии давлатию ҷамъиятӣ оид ба парвариши чорвои калони зотӣ, 13 хоҷагӣ оид ба нигоҳубини чорвои майдаи зотӣ, 2 хоҷагӣ оид ба парвариши аспи тоҷикӣ, як хоҷагии моҳипарварии зотӣ ва дар маҷмӯъ 29 хоҷагии зотпарварӣ фаъолият доранд, ки дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати гӯшту шир мусоидати фаъол мекунанд.

Президенти мамлакат зимни боздид аз намоишгоҳ бо таваҷҷуҳи махсус ба парвариши чорвои хушзоти хурду калон дастур доданд, ки саршумори зотҳои манфиатовар афзун ва парвариши онҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят васеъ ба роҳ монда шавад.

Ҳамчунин бо дарназардошти мавҷудияти имконоти васеъ дар самти истеҳсол ва коркарди гӯшту шир ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати онҳо дастур дода шуд, ки тадбирҳо дар ин самт бояд тақвият дода шавад.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилояти Хатлон ба ҳолати 1 майи соли 2019-ум 985 ҳазору 544 сар чорвои калони шохдор ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19 ҳазору 263 сар зиёд мебошад.

Дар ин давра саршумори моли майда ба 2 миллиону 435 ҳазор сар расидааст, ки нишондоди мазкур дар муқоиса ба соли 2018-ум 75 ҳазор сар зиёд аст.

Чорвопарварони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон истеҳсоли маҳсулотро сол аз сол дар асоси иҷрои дас-туру супоришҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзун намуда, талош мекунанд, то дар таъмини ҳадафи стратегии давлату Ҳукумати Тоҷикистон, яъне амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас дошта бошанд.

Танҳо давоми 4 моҳи соли 2019 чорводорони вилоят истеҳсоли маҳсулотро ба 663 миллиону 905 ҳазор сомонӣ расондаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 миллиону 383 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Дар маҷмӯъ бино ба таъкиди масъулини соҳа, суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра 109 дарсадро ташкил дод.

Истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилояти Хатлон дар заминаи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини сокинони мамлакат бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ дар 4 моҳи соли равон ба 19 ҳазору 190 тонна расонида шуда, чорводорон 94 ҳазору 542 тонна шир истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 3 ҳазору 713 тонна бештар мебошад.

Чорводорони вилояти Хатлон ҳамасола дар заминаи дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беталаф баровардани чорво аз зимистон ва захираи барзиёди хӯроки чорво маъракаи наслгириро ҳам бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуда, моли хушсифат ба даст меоранд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар маъракаи имсолаи наслгирӣ чорводорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 9 ҳазору 851 сар гӯсола, 176 ҳазору 740 сар барраю бузғола ва 2 ҳазору 269 сар тойча насл гирифтаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намунаи аспҳои хушзот, ки дар ин намоишгоҳ пешкаш гардида буд, ба масъулин барои тараққӣ додани соҳаи асппарварӣ ва афзун намудани шумораи хоҷагиҳои соҳавӣ дастур доданд.

Таъкид гардид, ки саршумори асп то 1-уми майи соли равон дар вилоят ба 58 ҳазору 699 адад расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 244 сар зиёд мебошад.

Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Хатлон баробари чорводорӣ ба парандапарварӣ ва моҳидорӣ низ таваҷҷуҳ бештар гардида, теъдоди хоҷагиҳои моҳипарвар ва фабрикаҳои мурғпарварӣ низ сол аз сол афзун мегардад.

Зимни боздиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз гӯшаи дигари намоишгоҳ, ки дар он наздики 10 намуди паранда ба тамошо гузошта шуда буд, зикр гардид, ки феълан дар бахшҳои ҷамъиятию хоҷагиҳои деҳқонии вилоят 11 фабрикаи парандапарварӣ бо фарогирии наздики ду миллион сар мурғ фаъолият дорад, ки сол аз сол истеҳсоли тухму гӯшти парҳезӣ дар миқёси вилоят афзун карда мешавад.

Дар заминаи татбиқи барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имтиёзҳои пешниҳодгардида соли ҷорӣ парандапарварони вилоят 28 миллиону 587 ҳазор донна тухм истеҳсол намудаанд, ки нисбати соли гузашта 1 миллиону 798 ҳазор донна зиёд мебошад.

Дар ноҳияи Данғара, ки ду корхонаи парандапарварӣ кооперативи тиҷоратии ба номи "Раҳмонҷон” фаъолият дорад, танҳо дар 4 моҳи соли равон 120 тонна гӯшт ва 1 миллиону 200 ҳазор донна тухм истеҳсол ва пешниҳоди қисмҳои низомии мамлакат карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоишгоҳ ба натиҷаҳои кори хоҷагиҳои давлатии моҳипарварии шаҳру ноҳияҳои вилоят низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят моҳипарварӣ низ дар заминаи татбиқи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат сол аз сол бо зиёд гардидани хоҷагиҳои моҳипарвар рушд мекунад ва барои сокинон ҷойҳои нави корӣ фароҳам мегардад. Дар ҳудуди вилояти Хатлон феълан 221 хоҷагии моҳипарвар бо фарогирии майдони 2 ҳазору 244 гектар кӯлу ҳавзҳо фаъолият доранд ва соли 2018 моҳипарварон 1625 тонна гӯшти парҳезӣ истеҳсол ва пешниҳоди сокинон намудаанд.

Дар гӯшаи намоишгоҳ, ки раванди тавлиди инкубатсионии моҳӣ ва кирминачамоҳиҳо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карда шуд, моҳипарварон зимни суҳбати самимӣ таъкид доштанд, ки соли равон бо зиёд намудани шумораи хоҷагиҳои моҳипарвар нақша доранд, 1750 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол ва пешниҳоди бозори истеъмолӣ хоҳанд кард.

Чорводорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузории ингуна намоиши сатҳи баланди дастовардҳоро омили муҳим ва такондиҳанда ба пешрафти ин соҳаи афзалиятнок  дар  мамлакат унвон намуда, таъкид доштанд, ки дар заминаи дастурҳои Ҳукумати мамлакат талош мекунанд, то дар татбиқи ҳадафҳои асосии Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 саҳми бештар дошта бошанд.

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи

умумии рақами 5 дар маркази деҳаи

Пушинги ноҳияи Данғара

 


 

 

Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани роҳи мошингарди "Данғара - Пушинг” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳаи Пушинг дигар иншоотро, ки аз тарафи сокинони ватанпарвари он сохта шудааст, ифтитоҳ карданд.

Дар маркази деҳаи Пушинг бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як мактаби муосир бунёд гардид.

Сохтмони бинои нави мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 5-и деҳаи Пушинг соли 2016 оғоз гардида, дар рӯзҳои фасли зебои баҳор мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Масоҳати умумии замини мактаб 2,5 гектарро ташкил медиҳад ва он дар маркази деҳа дар ҷойи хушбоду ҳаво сохта шудааст.

Мактаб барои 1520 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, аз ду бинои алоҳида иборат аст. Муассисаи таълимӣ сеошёна буда, дорои 30 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои компютерӣ бо 25 компютер, химия, биология ва физика мебошад. Ҳамаи синфхонаҳо бо ашёи зарурии хониш, мизу курсиҳо ва асбобҳои аёнӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Барои таъмини пурраи шароити илму ҳунаромӯзӣ, ба машқу тамрин фаро гарифтани фарзандон дар муассисаи тозабунёд муосиртарин шароит фароҳам оварда шудааст, аз ҷумла, толори варзиш бо 300 ҷойи нишаст ва майдончаи варзиш барои бозиҳои мухталифи варзишӣ.

Барои баргузории чорабини-ҳои гуногуни мактабӣ, маҳфилҳои фарҳангӣ ва дигар ҷамъомадҳо толори маҷлис бо 250 ҷойи нишаст бо тарҳи хеле зебо сохта шудааст.

Ошхона бо 50 ҷой, буғхона барои гармидиҳӣ ба синфхонаҳои мактаб, ҳавзи об барои таъмини оби ошомиданӣ бо ғунҷоиши 15 куб об ва анбори захираи ангишт аз имконоти дигари муассиса мебошад, ки дар вақти бунёди мактаб ба инобат гирифта шудааст.

Дар вақти сохтмони мактаби нав 500 нафар сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд.

Дар деҳаи Пушинг қаблан мактаб бо 850 нафар ҷой фаъолият дошт, вале он ба шароити рӯз ва талабот ҷавобгӯ набуд. Инак бо дастгирии Пешвои миллат ин мушкилии фарзандони сокинони деҳаи Пушинг ҳал гардид ва онҳо соҳиби даргоҳи замонавии илму маърифат гардиданд.

Ифтитоҳи бинои таваллудхонаи муосир дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара

 

 

 

Дар маркази деҳаи Пушинг бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои таваллудхонаи муосир дар шафати муассисаи нави таълимӣ ифтитоҳ ёфт.

Беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ, пешгирии бемориҳои гуногун, коҳиш додани хавфи фавти модару кӯдак ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад.

Ба хотири ба талаботи замон ҷавобгӯ гардонидани фаъолияти марказҳои саломатӣ, осон кардани мушкили мардум барои ташхису табобат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ сохтмону муҷаҳҳазгардонии марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳот ба ҳукми анъана даромадааст.  

Дар деҳоти Пушинг қаблан бунгоҳи тиббӣ фаъолият мекард, ки ба ҳама сокинон ба таври қонеъкунанда хизмат расонида наметавонист. Аз ҷониби соҳибкорони деҳа маркази саломатии куҳна аз нав таъмиру таҷдид гардида, дар назди он таваллудхонаи муосир бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз сохта шуд.

Дар маркази саломатӣ ва таваллудхонаи нав 3 ҳуҷраи модару кӯдак, 1 ҳуҷраи хатна, 2 утоқи ташхис (узи) ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд аст.

Солҳои пеш мардум барои ташхису табобат дар фаслҳои гармову сардӣ ба маркази ноҳия мерафтанд. Акнун ин мушкилоти онҳо бо бунёди таваллудхона ва таҷдиди маркази саломатӣ ҳал гардид.

Дар ин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази саломатии деҳаи Пушинг мошини ёрии таъҷилии тиббӣ тақдим карданд.

Сарвари давлат ба иқдоми шоистаи сокинони деҳа, соҳибкорони саховатманду ватандӯст барои бунёди таваллудхона  ва дастгирии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд доданд.

Ифтитоҳи Боғи фарҳангию фароғатӣ ва майдончаи варзишӣ дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара

 

 

 

Дар назди таваллудхона ва паҳлуи мактаби навбунёд аз ҷониби соҳибкорони деҳа як мавзеи нообод ба маркази фарҳангию фароғатии "Пушинг” сайргоҳи мардум табдил дода шуд.

Масоҳати боғчаи фароғатӣ 0,70 гектарро ташкил дода, он ба таври замонавӣ бо истифода аз таҷҳизоти равшанидиҳанда оро дода шудааст. Равшан шудани роҳравҳо, бо чароғҳои ранга кашидани суратҳои диққатҷалбкунанда, 2 суҳбаткада ва нишастгоҳҳо аз ороишоти маркази истироҳату фароғат мебошад.

Ҳамчунин барои зебову назаррабо гаштани он дарахтони гуногуни ороишӣ шинонида шудааст. Акнун ин маҳал низ макони дилфиреби сайру тамошои мардум ва гулгашти фароғатии сокинон гашт.

Дар паҳлуи боғчаи фарҳангӣ варзишгоҳи хурд барои бозии кӯдакону наврасон сохта шудааст. Ҳадафи бунёди майдонча ҷалби насли оянда ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Дар ин ҷо тамоми талаботи меъёрҳои бунёди варзишгоҳҳо ба инобат гирифта шудааст ва майдончаи варзишӣ ба стандартҳо мутобиқ мебошад.

Ифтитоҳи Боғи Парчам, Нишон ва варзишгоҳ бо растаи ҳунармандон ва мулоқот бо сокинони деҳаи Пушинг

 

 

Дар як мавзеи хушбоду ҳавои деҳаи Пушинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи навро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо сокинону фаъолони деҳа мулоқоти самимӣ доир карданд.

Яке аз иншоотҳои арзандаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сокинони деҳаи Пушинг бун-ёд кардаанд - Маҷмааи калони майдони Парчам ва Нишони давлатӣ бо варзишгоҳ ва растаи ҳунармандон мебошад.

Дар ҳудуди майдони Парчам ва Нишон, ки 2,5 гектарро ташкил медиҳад, гулгашт, боғи фароғатӣ, варзишгоҳ бо 2500 ҷойи нишаст, дуконҳо дар растаи ҳунармандон бунёд шудаанд.

Баландии  пояи  Парчам 25 метрро ташкил дода, андозаи матои он бараш 5 метр ва дарозиаш 10 метр мебошад.    

Баландии пояи Нишони давлатӣ 17 метр аст.    

Барои сайругашти мардум 20 адад сутуни чароғ гирдогирди  майдон насб карда шудааст, инчунин дар ин ҷо барои ороиш ва хушбоду ҳаво гардонидани мавзеъ 1000 дона ниҳолҳои гуногуни ороишӣ ва сояафкан шинонидаанд.

Варзишгоҳ, ки дар ҳудуди боғи Парчам ва нишон сохта шудааст, барои 2500 ҷойи нишаст мебошад. Акнун имкон аст, ки дар ин майдон сокинон бозиҳои гуногун ва барномаҳои бошукӯҳи идона доир намоянд.

Барои истифодаи пурсамари ҳар як ваҷаб замини боғи Парчам ва Нишони давлатӣ дар зери нишастгоҳҳои варзишгоҳ 18 дукони ҳунармандон дар растаи ҳунарҳои мардумӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Ҳамаи дуконҳо ба ҳунармандони деҳаи Пушинг ройгон пешкаш карда шудааст, то ин ки устоҳои чӯбу оҳан, дӯзандаҳои моҳир дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз он ба таври самаранок истифода бурда, сатҳи зиндагии худро беҳтар намоянд.

Дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аҳли ҳунар аз имтиёзҳои Сарвари давлат, ба монанди аз андоз озод шудан ва ғайра бархӯрдоранд. Ройгон пешкаш кардани дуконҳо ба ҳунармандони деҳа аз ғамхории навбатии Ҳукумати мамлакат нисбат ба сокинони деҳоти Пушинг мебошад.

Дар вақти сохтмони Боғи Парчам ва Нишони давлатӣ зиёда аз 100 нафар сохтмончӣ бо кори муваққатӣ таъмин шуданд. Баъди ба истифода додани иншоот бошад, 30 кас ба кори доимӣ ҷалб гардид.

4 ҳайкали шер рамзи тавоноии миллати тамаддунофари тоҷик дар назди парчаму нишон ва 1000 метри мураббаъ роҳи сафолакпӯш аз ороишоти дигари боғ мебошад.

Майдони Парчам ва Нишон макони дилфиребу мусоиди сайру тамошои сокинони деҳаи Пушинг ва меҳмонон гардид. Акнун мардум метавонанд ба таври васеъ аз имконоти истироҳатию фароғатии он самаранок истифода баранд.

Мавриди зикр аст, ки бунёди Парчам ва Нишон дар саросари мамлакат нишонаи олии қадршиносии миллати тоҷик аз арзиш ва муқаддасоти миллӣ мебошад.

Баъди ифтитоҳи варзишгоҳ ва шиносоӣ бо дастовардҳои мардум дар растаи ҳунармандон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди сокинони ташаббускори деҳаи Пушинг суханронӣ карда, ифтитоҳи иншооти навро муборакбод гуфтанд.

Сокинони шукргузори деҳоти Пушинг зимни баромади худ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи ташаббусҳои созанда, ғамхории ҳамешагӣ ва таъмини зиндагии шоиста изҳори сипос карданд.

 

 Боздид аз хоҷагии деҳқонии ба номи «Ҳоҷӣ Лайло» дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара

 

 


 

 

Дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии "Ҳоҷӣ Лайло” боздид ба амал оварданд.

Дар ин ҷо Сарвари давлат бо фаъолияти хоҷагидорон, дастовардҳои онҳо шинос шуда, бо коргарон доир ба масъалаҳои истифодаи самараноки замин, истеҳсоли маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ, рушди боғот ва таъмини амнияти озуқаворӣ, суҳбати самимӣ доир карданд.

Хоҷагии деҳқонии "Ҳоҷӣ Лайло” яке аз хоҷагиҳои пешқадами деҳоти Пушинг мебошад, ки майдони зиёди заминҳои боирро обёрӣ карда, аз он барои беҳдошти шароити иқтисодию иҷтимоии аъзои хоҷагӣ ва фаровонии бозори истеъмолии деҳа самаранок истифода мебаранд.

Масоҳати умумии заминҳои хоҷагӣ 30 гектарро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор замини ҳосилдеҳ дар майдони 0,40 га 12 гармхона бунёд шудааст. Дар ин ҷо бо усули хос лимӯ, помидор, бодиринг, карам, гулкарам ва дигар сабзавот парвариш меёбанд. Чун ҳамаи қоидаҳои агротехникӣ риоя мегарданд, ҳосили ниҳолҳои лимӯ ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ хуб аст.

Дар хоҷагӣ ба таври мавсимию доимӣ ҳамагӣ 30 нафар бо кор таъмин шудаанд.

Дар масоҳати 2 гектар хоҷагидорон токзор бунёд карда, ангурҳои навъи сиёҳ, сафед ва шоҳона парвариш мекунанд.

Дар беш аз 25 гектари майдони боқимондаи заминҳои хоҷагӣ дарахтони гуногуни мевадиҳандаи олуи сиёҳ, бодом, гелос, зардолу, себ, хурмо, шафтолу ва хуч шинонида шудааст, ки аллакай ба ҳосил даромадааст.

Барои беталаф нигоҳ доштани ҳосили боғот коргарони хоҷагӣ дар назди заминҳои кишт бо ғунҷоиши 400 тонна маҳсулот сардхона сохта шудааст.

Барои обёрии заминҳо ҳавзи об бо ғунҷоиши 400 куб бунёд гардида, дар он парвариши моҳиҳо ба роҳ монда шудааст.

Аъзоёни хоҷагии деҳқонии "Ҳоҷи Лайло” аз ҳисоби даромади софи хоҷагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаи Оличадара як бунгоҳи замонавӣ бо таҷҳизот, доруворӣ, мизу курсӣ сохта ба истифода доданд.

Ифтитоҳи боғи фарҳангию фароғатӣ ва ҳавзи моҳипарварӣ дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара

 

 

 

 

Дар деҳаи Пушинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангию фароғатӣ ва ҳавзи моҳипарвариро ифтитоҳ карданд.

Макони дигари сайругашти сокинони деҳаи Пушинг Боғи фарҳангию фароғатӣ ё тамошогоҳ ва ҳавзи калон мебошад, ки ба ифтихори ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат оид ба ҳалли мушкилоти оби ошомиданӣ, аз ҷумла Даҳсолаи нави байналмилалии амал "Об  барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, бо иқдоми дастаҷамъонаи мардум ва соҳибкорон дар давоми 1 сол азнавсозӣ шуд.

Масоҳати умумии тамошогоҳ 6 гектарро ташкил медиҳад. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он 10 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар ҳудуди мавзеи сайругашти сокинон аз тарафи коргарон 2,5 ҳазор дарахтони гуногуни ороишию сояафкан шинонида шуд.

Барои мусоидат ба истироҳату фароғати мардум дар тамошогоҳи назди ҳавз 4 суҳбаткада, 4 кат ва 30 курсӣ гузошта шудааст.

Аз ду тарафи роҳравҳои ин мавзеи хушбоду ҳаво лавҳаҳои шеъру андарзҳои бузургон, шиору навиштаҷоти пур аз панди рӯзгор аз классикони тоҷик ҷамъоварӣ гардидааст, ки барои тарбияи насли ҷавон бисёр бамаврид мебошад.

Қаҳрамонони афсонавии бо оҳану чӯбҳо сохташуда бо ороиши гуногун диққати кӯдакону наврасонро ба худ ҷалб мекунад.

Дар ҳавз моҳии навъҳои сазан, амури сафед, карп ва пешонапаҳн парвариш карда мешаванд, ки дар як сол теъдоди моҳӣ ба садҳо ҳазор расидааст.

Дар дохили ҳавз 4 заврақи гуногунҳачм дар хизмати истироҳаткунандагон гузошта шудааст.

Дар ин ҷо барои дӯстдорони варзиш имкониятҳои мусоиди давидан ва обу тоби бадан муҳайё гардидааст. 1 километр роҳи атрофи ҳавз барои давидан мутобиқ карда шуда, дигар лавозимоти варзишӣ барои варзишгарон насб шудааст.

 

Ба истифода додани маркази хизматрасонии маишии ҶДММ «Файзи Карим» дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара

 

 

 

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Дангара дар деҳаи Ғарғараи ҷамоати деҳоти Корез бинои сеошёнаи Маркази хизматрасонии маишии ҶДММ «Файзи Карим» - ро, ки дар он намудҳои гуногуни либосҳои ҳарбӣ ва корӣ барои кормандони соҳаҳои гуногун, инчунин сару либоси кӯдакона истеҳсол карда мешавад, дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Файзализода Сайфиддин Файзалӣ дар доираи эълони солҳои 2019 - 2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  бо сатҳу сифати баланд бунёд шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2018 оғоз гардида, соли 2019 бо сатҳу сифати баланди ҷавобгӯ ба талаботи замони имрӯза анҷом ёфт. Дар ошёнаи якуми бино истеҳсоли ҷӯроб бо таҷҳизоти муосир ба роҳ монда шуда, ошёнаи дуюми бино бошад, барои дӯхти сару либоси гуногун пешбинӣ гардидааст, ки дар он зиёда аз 50 нафар занону бонувони хонашини деҳаи Ғарғара ба кори доимӣ ҷалб шудаанд.

Ба Сарвари давлат маълумот дода шуд, ки 25 адад таҷҳизоти истеҳсоли ҷӯроб ва 4 адад дастгоҳи истеҳсоли матои хоми коргоҳ, ки дар тагхонаи бино ҷойгир аст, аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид гардида, тариқи компютер идора мешавад ва ба раванди истеҳсолоту сифати баланди маҳсулот мусоидат менамояд. ҶДММ «Файзи Карим» ҳамкории худро бо Корхонаи истеҳсолии Маҷмааи истеҳсолии «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» хуб ба роҳ монда, маҳсулоти хомро аз ин корхона дастрас менамоянд.

Бо таъсиси ин маркази хизматрасонии маишӣ зиёда аз 70 нафар сокинони деҳаи мазкур соҳиби ҷойи кор шудаанд, ки 80 фисадашонро занону бонувон ташкил медиҳанд. Лозим ба таъкид аст, ки дар рафти корҳои бунёдӣ 40 нафар сокинон ва мутахассисони ҳамин деҳа ба кор таъмин буданд. Масоҳати умумии коргоҳ 15 садяк заминро ташкил медиҳад. Худи бино бошад, дар масоҳати 4 садяк қомат афрохта, атрофи он бо гулу буттаҳои гуногун ва дарахтони ҳамешасабз оро ёфтааст.

Ин тасмими соҳибкорони ватандӯст дар амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар саҳми арзанда мегузорад. Зеро дар як шабонарӯз корхона имкон дорад, ки 2000 метри мураббаъ матои нимтайёри нахи пахта ва 6 ҳазору 250 дона ҷӯроб истеҳсол намояд. Инчунин дар бино дигар иншооти ёрирасон, аз қабили мағоза, дорухона ва нуқтаи хизматрасонии бонкӣ бо насби постерминал ба инобат гирифта шудааст, ки сокинон ва меҳмонон метавонанд аз он самаранок истифода намоянд. Утоқҳои роҳбарият, муҳосибот ва истироҳати кормандон дар ошёнаи сеюм ба нақша гирифта шудааст, ки дорои тамоми шароиту имконот мебошад.

Пас аз ба кор даровардани коргоҳи мазкур ба Пешвои милллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бинои иловагии сеошёнаи рангубори матоъи пахтагин муаррифӣ карда шуд. Иншооти сохташаванда дар доираи ҷашни умумимиллӣ - 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати муайян сохта ба истифода дода мешавад. Баъди анҷоми пурраи корҳои бунёдӣ ва оғози фаъолият боз 30 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.

Масъулин нақша доранд, ки дар оянда бо зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот содироти онро ба бозорҳои дигар шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда, дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ саҳми бештар гузоранд.

Давомаш



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ДЕҲАИ ХУШМАНЗАРАИ ПУШИНГ БА ЯК ШАҲРАКИ  ОБОДУ ЗЕБОИ МУОСИР ТАБДИЛ ЁФТААСТ

ДЕҲАИ ХУШМАНЗАРАИ ПУШИНГ БА ЯК ШАҲРАКИ ОБОДУ ЗЕБОИ МУОСИР ТАБДИЛ ЁФТААСТ

Хабарҳо
Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон  дар ноҳияи Данғара

Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара

Хабарҳо
Ифтитоҳи мактаби №26 дар деҳаи Баҳори ҷамоати Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав

Ифтитоҳи мактаби №26 дар деҳаи Баҳори ҷамоати Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм
Иштирок дар ярмаркаи фурӯши чорво ва маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон

Иштирок дар ярмаркаи фурӯши чорво ва маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ
Ифтитоҳи мактаби №9 дар деҳаи Сангтудаи ноҳияи Данғара

Ифтитоҳи мактаби №9 дар деҳаи Сангтудаи ноҳияи Данғара

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ