Дар як сатр
» » ХОРИҶИЁН ДИГАР БА КАБИРӢ БОВАР НАДОРАНД

ХОРИҶИЁН ДИГАР БА КАБИРӢ БОВАР НАДОРАНД

24-05-2019, 10:16

17 майи соли равон дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронс дар  сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил» баргузор гардид.

Дар он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, аз ҷумла таъкид доштанд: «Имрӯзҳо миллионҳо одамон дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба таҳдиди ҷангу даргириҳо рӯ ба рӯ шудаанд ва терроризму экстремизм ҳамчун зуҳуроти ин падидаҳои харобиовар боиси оқибатҳои ногувори сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлоқӣ гардидаанд». Аз ин рӯ, кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои афзояндаи  амнияту осоиш комёб гардида, сулҳу суботро таъмин намоянд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр намудани ҳамкорӣ барои таъмини суботу амнияти фарогир ҷиҳати андешидани иқдомҳои  муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ, аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявӣ ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим аст.

Таърих гувоҳ аст, ки фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ дар Тоҷикистон баста шуд. Зеро ҲНИ чанд маротиб даст ба табаддулоти давлатӣ зад. Азбаски нияташон пок набуд, ба мақсад нарасиданд. Муҳиддин Кабирӣ, «Гурӯҳи 24» ва дигар мухолифини Ҳукумати кишвар интернетро ба маркази туҳмату буҳтон табдил додаанд. Агар онҳо заррае адлу инсоф ва виҷдони пок медоштанд, чунин иғвогарӣ, туҳмати ноҳақро нисбати кишвар ва роҳбари он раво намедиданд.  Мардуми кишвар ин туҳматчиёни ашаддӣ ва тафриқаандозро кайҳо боз мешиносанд ва нисбати онҳо нафрат доранд. Ин оворагардони дур аз ватан бо далелҳои бадномкунанда на танҳо дар интернет, балки дар баъзе давлатҳои хориҷӣ баромад карда, гӯё ҳақиқати талхро нисбати Тоҷикистон фаҳмонда, аз ҷониби баъзе хоҷагони хориҷӣ ин тӯдаи мазҳабфурӯш бо маблағ таъмин карда мешаванд. Тоҷикистон сол аз сол рушд ёфта, ба қатори давлатҳои пешрафтаи олам дохил гашта, шароити зиндагӣ, дараҷаи некӯаҳволии одамонаш беҳтару хубтар мешавад. Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 ба вусъати ҳунарҳои мардумӣ, афзоиш ёфтани шумораи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар шароит ба амал овард. Хориҷиён шоҳиди зиндаи оромию осоиштагии кишвар, рушду нумӯи он мебошанд. Онҳо пас аз тамошои манзараҳои дилрабои Тоҷикистон, шинос шудан бо ёдгориҳои таърихӣ ва мардуми табиатан меҳмоннавози кишвар ин сифатҳои некро ба ҳамдиёрони худ ҳикоят мекунанд. Хориҷиён имрӯз баъди бо чашми худ дидани кишвари афсонавии мо ба туҳматбофони гузаро, ба монанди Муҳиддин Кабирӣ, «Гурӯҳи 24» ва дигар иғвогарони ҳокимиятхоҳ бовар намекунанд.

Дар Тоҷикистон иқдоми наҷиби ватандӯстона оғоз ёфта, бисёр оилаҳои саховатпеша ҳаҷ нарафта, пасандози худро ба ободонии минтақаҳои гуногуни кишвар сарф карда, роҳҳои вайронаро обод сохта, дар бунёди муассисаҳои томактабӣ, мактабҳо, корхонаҳои дӯзандагӣ, атласу адрасбофӣ сарф карда истодаанд. Ин имконият медиҳад, ки ҳазорҳо одамон соҳиби ҷойи кор гашта, ҳаёти худро хушу хуррам гузаронанд. Ана инҳоянд инсонҳои покдилу равшанзамир, ватандорони ҳақиқӣ! Онҳо Тоҷикистони азизро сидқан дӯст дошта, воқеъбинона ситоиш мекунанд.

Муҳиддин Кабирӣ имрӯз ватан ва мазҳаб надорад, ба мурғи паркандаву болшикаста монанд аст. Саволе ба миён меояд, ки то кай ӯ ва ҳаммаслаконаш дар ҳаққи Тоҷикистони муқаддаси мо ривояту афсонаҳои дурӯғин мебофта бошанд? Ӯ фаромӯш кардааст, ки ҳама чиз оғозу анҷом дорад. «Ноқобилони даҳр ба мақсад намерасанд» - мегуянд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид мекунад: «Ватани маҳбуби худро дӯст доред, ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳед, ба қадри ин ватани озоду обод расед, шукрона кунед, ки чунин ватани маҳбуб дорем. Ҳар як фарди Тоҷикистон бояд худро пуштибони ватану миллат шуморад. Аз гузаштаи талх хулоса барорад, бо муқаддасоти давлат ифтихор намояд, ҳисси бегонапарастӣ ва тақлиди сохтакоронаи  арзишҳои бегонаро аз шуури худ берун андозад ва ҳамеша шукронаи он кунад, ки фарзанди чунин мамлакату соҳиби чунин сарзамини файзбор аст».

Халқи тоҷик ба қадри ин хоку ватан, ки бар ивази ҷоннисориҳои фарзандони фарзонааш анъанаи неки аҷдодони бузургашро дар тӯли ҳазорсолаҳо идома додааст, мерасад, онро бо меҳнати пурсамар ободу зеботар менамояд, чун гавҳараки чашм ҳифз мекунад.

Мо тавассути телевизион ва дигар расонаҳо мебинему мехонем, ки тайи чанд соли охир дар кишварҳои алоҳидаи олам, бахусус Сурия, Ироқ, Яман, Афғонистон ва дигар давлатҳо амалҳои террористӣ содир гардида, бар асари он одамони зиёд ба ҳалокат мерасанд. Зуҳури гурӯҳи "Давлати исломӣ” барои амнияти сайёра таҳдидҳои навро эҷод мекунад. Кишвари мо ибтидои солҳои навадуми қарни гузашта, аз оғози бунёди давлати соҳибихтиёри худ ҳадафи амалҳои тахрибкоронаи террористону ифротгароён қарор гирифта, одамони зиёди бегуноҳ ба шаҳодат расиданд.

Он замон ниҳодҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгароён мамлакати моро ба саҳнаи озмоиши қудрати маргбори худ ва ба ҳадафҳои ғаразнокашон табдил дода буданд. Мақсади онҳо бо роҳи зӯрӣ ва қатлу куштор ба сари халқ таҳмил кардани фарҳанги бегона ва дар Тоҷикистон таъсис додани "Давлати исломӣ” буд. Ташкили ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар  кишвар нақшаҳои харобкоронаи Ҳизби наҳзати исломӣ буд.

Ҳаёт пеш рафта, баъзе одамон он солҳои пурфоҷиаи гузаштаро фаромӯш кардаанд. Ҳар як фарди содиқи кишвар бояд дарк кунад, ки тақдири Тоҷикистони соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқ-бунёд ва дунявӣ дар дастони боэътимод буда, бо саъю талошҳои сарҷамъонаву ватандӯстона онро бояд боз ҳам ободу зеботар намоем. Бо ҷаҳду талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати ҳалли проблемаҳои глобалии сайёра аз ҷониби ниҳодҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ ёфт. Имрӯз Тоҷикистон ба сифати як кишвари фаъол дар мубориза бар  зидди хатарҳои ҷаҳонӣ, ба монанди терроризму экстремизм, дар ҷаҳон шинохта шудааст.

Вале Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш ният доранд, ки Тоҷикистони биҳиштосоро аз нав ба гирдоби ҷанг кашида, сабабгори хунрезӣ, қатлу куштор, харобию валангор гаштани шаҳру деҳоти сабзу хуррам, дилкашу форам гарданд. Мардуми кишвар пеши роҳи ин бадхоҳони миллатро гирифта, ватани маҳбубамонро чун гавҳараки чашм ҳифз мекунанд. Ҳизби наҳзати ислом, ки решапайванд бо терроризм аст, ба кишвари азизи мо роҳ нахоҳад ёфт. Зеро дар Тоҷикистон офтобӣ сулҳ нуррезӣ карда, одамон дар оғӯши баҳори ваҳдат хушҳолона умр ба сар мебаранд.

 

Б. САЙДАЛИЕВ,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Хиёнати Муҳиддин Кабирӣ нобахшиданист

Хабарҳо, Сиёсат

Кабирӣ ва ҳаммаслакони иғвогари ӯ чӣ мехоҳанд?

Сиёсат

Дурӯғгӯйӣ торикии имон аст!

Номаҳои Шумо

Дурӯғгӯӣ торикии имон аст

Хабарҳо
Пешвои миллат: «Тоҷикистон дар мубориза алайҳи терроризм шарики ҳамаи давла ...

Пешвои миллат: «Тоҷикистон дар мубориза алайҳи терроризм шарики ҳамаи давла ...

Хабарҳо