Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Баррасии “Барномаи рушди тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025”


Баррасии “Барномаи рушди тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025”



18 июли соли равон вобаста ба натиҷагирӣ аз рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, №704 “Дар бораи Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025” дар толори Беморхонаи клиникии вилоятӣ ба номи Бурӣ Воҳидови шаҳри Бохтар мушовараи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, муовинони раисони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон - сарпарастони соҳа, сардорони як қатор раёсатҳои зерсохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, роҳбарони муассисаи ҷумҳуриявӣ, сардухтурони беморхона ва роҳбарони муассисаҳои КАТС-и вилоят иштирок намуданд.

Муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ зимни ифтитоҳи ҷаласа қайд кард, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар шаҳру навоҳии мамлакат соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон низ рушду пешрафт намуда, ба дастовардҳои муҳиму назаррас ноил гардид.

Дар ин давра аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳа дар вилояти мазкур таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароит ва имконоти мусоид барои ташхис ва табобати беморон, хубтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда шуд ва корҳо дар ин самт бомаром идома доранд. - Қабули як қатор барнома ва дигар ҳуҷҷатҳои соҳавӣ вобаста ба рушди соҳаи тандурустӣ дар вилояти Хатлон аз таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумти кишвар ба соҳа дар ин минтақаи сераҳолии мамлакат дарак медиҳад, - афзуд Фирӯза Шарифӣ. Дар ҷаласа вобаста ба рафти иҷрои “Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025” сардори Раёсати ислоҳот, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Бандаев баромад намуд.

Дар идома рафти иҷрои бандҳои алоҳидаи барномаи мазкур аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа таҳлил ва баррасӣ гардиданд. Дар охир вобаста ба ҳалли масъалаву мушкилоти баррасишуда дар самти иҷрои барномаи мазкур қарори дахлдор қабул гардида, баҳри бартараф намудани онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ҳангомаи ИСМАТ, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода