Дар як сатр
» » ИСТЕҲСОЛИ ПИЛЛА ДАР ХАТЛОН РӮ БА АФЗОИШ АСТ

ИСТЕҲСОЛИ ПИЛЛА ДАР ХАТЛОН РӮ БА АФЗОИШ АСТ

23-05-2019, 10:12

Дар вилояти Хатлон то рӯзи 20 майи соли ҷорӣ 304,1 тонна пилла ҷамъоварӣ шудааст, ки он ба 78,1%-и дурнамо баробар мебошад.

Қобилҷон Турғунов, директори Ҷамъияти саҳҳомии фаръии «Пиллаи Хатлон», зимни тасдиқи ин хабар ба рӯзномаи «Хатлон» гуфт, ки дурнамои истеҳсоли пилла дар вилоят барои мавсими имсола 389,2 тоннаро ташкил медиҳад.

Дар вилояти Хатлон бо дастуру супориши раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода барои рушди соҳаи кирмакпарварӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Сарвари вилоят дар маҷлиси ҷамъбастии семоҳаи аввали соли равон бо раисони шаҳру навоҳӣ ва фаъолон ба масъулин ва мутахассисони соҳа, роҳбарони ноҳияҳо ва сармоягузорон дастур дод, то ба соҳаи кирмакпарварӣ эътибори ҷиддӣ дода, барои афзун намудани ашёи пурқиммат ва то коркарди ниҳоӣ расонидани он дар қаламрави вилоят чораҳо андешанд. Инак, ба пиллапарварон маъракаи долу зарби кор - парвариши ашёи хоми саноатӣ, фаро расида, аллакай то 20 май кирмакпарварони 7 шаҳру ноҳия, аз ҷумла Бохтар, Ҷалолиддини Балхӣ, Қубодиён, Хуросон, Шаҳритӯс, Дӯстӣ ва Кӯшониён дурнамои истеҳсоли пилларо дар вилоят пурра иҷро кардаанд.

- Имсол назар ба ҳамин давраи соли 2018 истеҳсоли пилла ба андозаи 121,3 тонна афзун шудааст, - зикр кард Қ. Турғунов. – Ҳоло кирмакпарварони ноҳияи Носири Хусрав (96%), шаҳри Левакант (79%), ноҳияи Ёвон (78%) низ ҷидду ҷаҳд доранд, ки дар рӯзҳои наздик аз иҷрои дурнамои имсола мужда диҳанд.

Аммо, ба қавли ҳамсуҳбати мо, кирмакпарварони навоҳии Вахш, Панҷ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷайҳун истеҳсоли пилларо феълан аз ҳисоби миёнаи вилоят камтар таъмин намудаанд. Ба истиснои шаҳри Норак, дар тамоми 24 шаҳру навоҳии боқимондаи вилоят кирмакпарварон ба истеҳсоли ашёи хоми пурқимати саноатӣ, яъне пилла машғуланд. Бо дарназардошти шароити кӯҳистон дар навоҳии Балҷувон, Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод, Ховалинг тақсимоти тухми кирмак дертар сурат гирифта, рӯзҳои наздик истеҳсоли он оғоз хоҳад шуд. Ҳамаи кирмакпарварон аз машваратҳои дастурдиҳӣ гузаштаанд ва оид ба ҳар навъи тухми кирмак маълумоти мукаммал доранд.

Дар тамоми хоҷагиҳои кирмакпарварии вилоят барои боз ҳам мустаҳкам гардонидани базаи хӯроки кирмак миқдори зарурии барги тут харидорӣ гардидааст. Маводу тухмиҳо сари вақт дастрас карда шудааст. Ашёи ҷамъовардашуда дар анборҳои шаҳру ноҳияҳо нигоҳ дошта мешаванд. Сармоягузорон ҳар як килограмм пиллаи хомро аз кирмакпарварон ба ҳисоби миёна ба ивази 9-10 сомонӣ харидорӣ карда истодаанд.

Интизор меравад, ки истеҳсоли пилла дар вилоят то охири моҳи июн давом кунад. Умуман, кирмакпарварони вилоят азм доранд, дар соли таърихӣ - 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намоянд. Бори охир, ба иддаои масъулони ҶСФ «Пиллаи Хатлон», дурнамои солонаи истеҳсоли пилла дар вилояти Хатлон соли 2016 пурра иҷро шуда буд.

Қобили зикр аст, ки баҳри рушди соҳаи кирмакпарварӣ барномаҳои давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тарҳрезӣ шудаанд. Яке аз онҳо «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» мебошад, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи coли 2011, №409 тасдиқ шудааст. Фароҳам овардани замина барои рушди соҳаи кирмакпарварӣ, ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли пилла ва коркарди пурраи он то тайёр шудани маҳсулоти ниҳоӣ дар дохили мамлакат мақсади аслии ин барнома унвон мешавад. Тибқи барнома, то соли 2020 зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли пилла то 3000 тонна, шинонидани 352 ҳазор бех ниҳоли тут, бунёди 2812 гектар тутмайдонҳо, истеҳсоли 60000 қуттӣ тухми кирмак, коркарди пилла дар дохили кишвар бояд роҳандозӣ карда шавад.

Кирмакпарварӣ яке аз соҳаҳои қадимтарини кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, таърихи беш аз 5000-сола дорад ва аз бахшҳои тутпарварӣ, истеҳсоли тухми кирмак, пилла ва коркарди аввалияи он иборат аст.

Бояд қайд кард, ки рушди соҳаи кирмакпарварӣ маҳз аз тухми кирмаки хушсифат, сари вақт тақсим намудани кирмакҳои зиндакардашуда, риояи технологияи парвариши кирмак алоқамандии бевосита дорад. Инчунин, яке аз омилҳои асосии афзун гардонидани ҳосилнокии пилла ва сифати он ба обу ҳавои маҳал, ғизонокии барги дарахтони тут мебошад.

Носирҷон Маъмурзода,

«Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Истеҳсоли пахта кам шуд, аммо коркарди он бештар

Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА

ДУРНАМОИ ПАХТА БЕШ АЗ 40% ИҶРО ШУД

Хабарҳо
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «ҳосили дастранҷи деҳқон беталаф ҷамъоварӣ гардад»

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «ҳосили дастранҷи деҳқон беталаф ҷамъоварӣ гардад»

Ҳокимияти давлатӣ
Роҳандозии истеҳсоли адрас дар Шаҳритӯс (видео)

Роҳандозии истеҳсоли адрас дар Шаҳритӯс (видео)

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА, КОМРОНИ БАХТИЁР
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то 150% дар ноҳияи Н. Хусрав

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то 150% дар ноҳияи Н. Хусрав

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА