Дар як сатр
» » КОРГУЗОРӢ БЕҲБУДИРО МЕТАЛАБАД

КОРГУЗОРӢ БЕҲБУДИРО МЕТАЛАБАД

23-05-2019, 11:11

Дар бинои САҲШ-и шаҳри Кӯлоб бо ибтикори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон вобаста ба татбиқи лоиҳаи давлатии «Дастгирии ислоҳоти низоми бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон» ҳамоиш доир гардид. Дар ҳамоиш муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд ва кормандони бахшҳои САҲШ-и шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш мавзӯъҳои татбиқи намунаи таҷрибавии нав оид ба пешниҳоди хизматрасониҳо аз ҷониби бахши САҲШ дар доираи лоиҳаи «Дастгирии ислоҳоти низоми бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон» ва низоми электронии бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ баррасӣ гардиданд. Татбиқи ин барнома бо мақсади ташкили равзанаи ягона мебошад, ки аввалин шуда дар шаҳри Кӯлоб амалӣ шуда истодааст.

Дар идомаи ҳамоиш иштирокчиён аз тарзи нави коргузорӣ дар равзанаи ягона, истифодаи компютер ва барнома, тарзи қабули ҳуҷҷатҳо ва ба қайдгирии асноди шаҳрвандон, дар бахши САҲШ-и шаҳри Кӯлоб ошно гардиданд. Зикр шуд, ки ҳамин барнома дар САҲШ-и хамаи шаҳру ноҳияҳо   то охири соли 2019 мебояд  роҳандозӣ гардад.

Ширинҷон Сафарзода




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА» НАТИҶА МЕДИҲАД

Хабарҳо
Озмуни вилоятӣ дар Кӯлоб

Озмуни вилоятӣ дар Кӯлоб

Ҳаёти иҷтимоӣ
З. Сафарзода: «аз ҳам пош хӯрдани оилаҳо масъалаи ташвишовар аст»

З. Сафарзода: «аз ҳам пош хӯрдани оилаҳо масъалаи ташвишовар аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Кормандони САҲШ «Одоби муоширати расмӣ» меомӯзанд

Кормандони САҲШ «Одоби муоширати расмӣ» меомӯзанд

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм, КОМРОНИ БАХТИЁР
Оила маънии хушбахтиро дорад

Оила маънии хушбахтиро дорад

Номаҳои Шумо, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ