Дар як сатр
» » КОРРУПСИЯ - ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ АСР

КОРРУПСИЯ - ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ АСР

24-05-2019, 09:10

Бузургони миллати мо асрҳои аср панд додаанд, роҳнамоӣ кардаанд ва мардумро бо роҳи рости зиндагӣ ҳидоят намудаанд, то онҳо бо амалҳои неку инсондӯстонаи хеш намунаи ибрат бошанд. Рӯ ҷониби осори пурғановати онҳо овардан инсонро аз роҳи хато, амалҳои зишт, даст задан ба ҷинояти коррупсионӣ нигоҳ медорад.

Иқдоми Пешвои муаззами миллат тавассути ҷалби мардум ба озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» ба китоб ба он хотир аст, ки мо рӯ биорем ба асли худ, ба таъриху тамаддуни миллати хеш, худро дар оинаи таърих бубинему бишносем, худогоҳу хештаншинос бошем, ҳеҷ гоҳ даст ба корҳои бад назанем, накӯкору дурандеш бошем, фарзандони арзандаи давру замонро ба камол расонем,то фардо беҳтарин фазилату ҳунари миллатро дар ҷаҳон муаррифӣ карда тавонем. Ҳикмати «Аз гаҳвора то гур дониш биҷӯй» ба ҳамин мақсад аст. Аз нигоҳи дигар шахси бофазлу ҳунар, донишманду дурандеш ҳеҷ гоҳ ба амалҳои коррупсионӣ даст намезанад, зеро аз оқибатҳои фалокатбори ин зуҳуроти номатлуби аср огоҳӣ дорад.

Эҳтиром ва таъмини волоияти қонун шарти дигари дур будан аз ҳама гуна амалҳои коррупсионӣ мебошад. «Агар хоҳӣ, ки озод бошӣ, ғуломи қонун бош». Дар ин радиф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои зиёд пайи амал қарор доранд, ки риояи талаботи онҳо қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар мебошад. Ҳамкории зич бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии порадиҳиву ришваситонӣ мусоидат мекунад. Пас дастаҷамъона мубориза бурдан бар зидди зуҳуроти номатлуб ба манфиати кор аст.

 Оилаи солим ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳад, ки ягон узви он ба амалҳои коррупсионӣ даст занад. Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати масъулиятшиносии волидон нақши калидӣ бозид. Тибқи талаботи қонуни болозикр падару модарон набояд нисбат ба тақдири имрӯзу фардои фарзанди худ бетараф бошанд, зеро бетарафӣ фарзандро ба кӯчаи сарбастаи зиндагӣ мебарад. Набояд фаромӯш кард, ки фарзандони содиқи миллатро ба камол расонидан қарзи имонию виҷдонии падару модарон аст.

  Шарти дигари пешгирии даст задан ба амалҳои коррупсионӣ ин таъмини рушди босуботи ҳама соҳаҳо, бахусус, истеҳсолот, иқтисодиёти миллӣ мебошад, то мардум рӯ ҷониби зиндагии шоиста биоранд ва яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат амалӣ гардад. Саноаткунонии босуръати кишвар, бунёди НБО-и "Роғун”, ҳамкориҳои мутақобилаи судманд бо давлатҳои пешрафтаи дунё, ифтитоҳи 16 гузаргоҳи сарҳадӣ, роҳи оҳани Хатлон – Амузанг, густариши ҳамкориҳо бо давлати дӯсту бародари Ӯзбекистон аз он падидаҳое маҳсуб меёбанд, ки иқтисоди миллӣ рушд ёфта, сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол боло меравад. Дар ин баробар амалҳои коррупсионӣ коҳиш дода мешавад.

Ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда ҷалб  кардани фарзандони бонангу номуси диёр, дилсӯзи давлату миллат, масъулиятшиносу арзанда имконият медиҳад, ки амалҳои коррупсионӣ заиф гардида, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, гурӯҳҳои ифротӣ, ҷоҳталабу манфиатҷӯ фаъолтар гардад. Дар амалӣ намудани ин масъалаи муҳим-мубориза бар зидди амалҳои номатлуб саҳмгузор бошем ва бо меҳнати ҳалол Тоҷикистони азизро боз ҳам ободу зеботар гардонем.

 

НазруллоШарифзода,

муовини директори

Маркази «Тоҷикстандарт»

дар вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

МУЛОҚОТ ОИД БА ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ

Хабарҳо
«Фазои оштинопазирӣ нисбат ба коррупсияро бояд ташаккул дод»

«Фазои оштинопазирӣ нисбат ба коррупсияро бояд ташаккул дод»

Ҳокимияти давлатӣ
КОРРУПСИЯ - МОНЕАИ АСЛИИ РУШДИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА

КОРРУПСИЯ - МОНЕАИ АСЛИИ РУШДИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дар мубориза ба муқобили коррупсия бетараф набошем

Дар мубориза ба муқобили коррупсия бетараф набошем

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
С. Носирзода: «Эътимоди мардум ба ниҳоди мо рӯзафзун аст»

С. Носирзода: «Эътимоди мардум ба ниҳоди мо рӯзафзун аст»

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Сиёсат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА