Дар як сатр
» » ЗАМИН: ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ОН РИЗҚУ РӮЗИРО ЗИЁД МЕКУНАД

ЗАМИН: ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ОН РИЗҚУ РӮЗИРО ЗИЁД МЕКУНАД

22-05-2019, 11:09

Замин  чун воситаи истеҳсолот бо ҷиҳатҳои худ аз дигар  воситаҳои истеҳсолот фарқ мекунад. Агар ҳамаи  воситаҳои истеҳсолот натиҷаи  меҳнати гузаштаи инсон  бошад, пас замин  маҳсули табиат буда, берун аз ирода ва  шуури одам пайдо шудааст.

Замин, ки ба фаъолияти истеҳсолоти ҷамъиятӣ  ҷалб карда шуд, воситаи  истеҳсолот гардид. Зеро тамоми маҳсулоти  кишоварзӣ аз замин мерӯяд. Ҷиҳати дигари  фарқкунандаи замин нисбат ба дигар воситаҳои истеҳсолот боз дар он аст, ки ҳудуди замин маҳдуд аст, онро на зиёд ва на иваз карда мешавад. Аз ҳамин лиҳоз, замин ҳамчун воситаи асосии  истеҳсолоти кишоварзӣ ташкили коркарди хубро  тақозо  дорад. Яъне, масоҳати  замин, азбаски бетағйир мемонад,  роҳҳои беҳтари  коркарди онро бояд ҷустуҷӯ намуд, то самаранокии он баланд бардошта шаваду ҳосили хубу  босифат диҳад.

Замин, вақте ки аз  тарафи инсон  муомилаи дуруст-ро мебинад, ҳосилнокиаш беҳтару хубтар  мегардад. Омилҳои асосии баланд бардоштани  ҳосилнокии замин хок аст, ки боиси  хушсифатӣ ва болоравии ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ мегардад. Аз  таҷрибаи ҳаётӣ  бармеояд, ки коркарди он бо ёрии техника ва асбобҳои  корӣ амалӣ  гардонида мешавад, ки дар натиҷа он метавонад шароити фаровонии  нашъунамои зироатҳои  кишоварзиро фароҳам оварад.

Дар водиҳои иқлимашон муътадил баъди  ғундоштани  ҳосили зироатҳо кишти такрорӣ  гузаронида мешавад. Коркарди чунин  майдонҳоро баъди  ғундоштани ҳосили аввал ба роҳ мемонанд. Дар ҳолати  хушк будани хок ба он об мемонанд, баъд  чуқур шудгору сихмола намуда, кишти дубораро сар  мекунанд. Ба ғайр аз  коркарди хок, баҳри  баланд бардоштани ҳосилнокӣ омили асосӣ тухмии хушсифат ба ҳисоб меравад. Дар Тоҷикистон заминҳои корамнашуда  ва бекорхобида бисёранд, ки  онҳоро аз худ намуда, ба заминҳои  корам дохил кардан мумкин аст. Он ба зиёд шудани истеҳсоли  маҳсулоти кишоварзӣ таъсири худро мерасонад. Ҳосилнокии замин беҳтарин хусусияти хоси он мебошад. Замин ҳар қадар дуруст истифода бурда шавад, ҳамон қадар  ҳосилнокии худро беҳтар  мегардонад.

Дар кишоварзӣ замин ва баландшавии ҳосили он аз ҳамдигар ҷудонашаванда мебошад. Ҳосилнокии  табиӣ (аслӣ) ва сунъӣ аз якдигар фарқ мекунанд. Ҳосилхезии табиӣ ва сунъӣ байни худ алоқаи зич ва ҳар яки онҳо аҳамияти мустақил доранд. Аммо зироаткорӣ дуруст ба роҳ монда нашавад, ҳосили зироатҳои кишоварзӣ мумкин аст кам шавад. Бо роҳи гузаштан ба  системаи мукаммали зироаткорӣ,  ҷорӣ  намудани кишгардони  илман асоснок, интихоб намудани навъҳои беҳтарину серҳосили зироатҳо, инчунин ҳангоми дуруст истифода бурдани  нуриҳо, гузаронидани мелиоратсия ва коркарди химиявии хок, инчунин бо сарфи  меҳнату маблағи  иловагӣ ба баланд бардоштани ҳосилхезии хок муваффақ шудан мумкин аст.

Х. Ҳасанов,

мудири кафедраи заминсозӣ,

агрохимия, тухмипарварӣ ва ҳифзи

рустании коллеҷи аграрии шаҳри Бохтар



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Диёрро сарсабзу хуррам мегардонем

Ҳаёти иҷтимоӣ

Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

Арсаи кишоварзӣ
Баракат аз замини ризқофар

Баракат аз замини ризқофар

Арсаи кишоварзӣ
Парвариши дарахтони мевадиҳандаи калифорнӣ дар Ёвон

Парвариши дарахтони мевадиҳандаи калифорнӣ дар Ёвон

Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Замин ҳам ном медиҳаду ҳам нон

Замин ҳам ном медиҳаду ҳам нон

Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ