Дар як сатр
» » Ҳадаф: захираи бештари хӯроки чорво

Ҳадаф: захираи бештари хӯроки чорво

24-05-2019, 11:03

Боду ҳавои мусоиди имсола баҳри нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ заминаи боэътимод гузошт. Соли ҷорӣ дар талу теппа ва мавзеъҳои кӯҳистон алафҳои худрӯй хуб сабзиш ёфтаанд. Чорводорони хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамарӯза ба ҷамъоварии хӯроки чорво машғуланд. Аз рӯзҳои мусоид истифода бурда, дар минтақаҳои вилояти Хатлон тавассути техникаи кишоварзӣ ва таҷҳизоти дастӣ ҷамъоварии хошоки дурушт вусъати тоза пайдо намудааст.  

Тавре ки масъулини хоҷагиҳои чорводор иттилоъ доданд, имсол дар ноҳияи Данғара беш аз 200 ҳазор тонна хӯроки чорво ҷамъоварӣ карда мешавад. Мутахассиси соҳаи кишоварзии ноҳия Орзу Неъматов зимни суҳбат қайд намуд, ки имсол ҷамъоварии хӯроки чорво аз ҳисоби алафҳои серғизои худрӯй нисбати солиёни пеш барвақттар оғоз гардидааст. 

Айни замон, коргарон бо техникаи алафдарав ба саҳро баромада, машғули кор мебошанд, то ҳарчӣ бештар  хӯроки чорворо захира намоянд. Хоҷагидорон аллакай  алафҳои сершираро аз майдони садҳо гектар замин ҷамъоварӣ кардаанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки бо сабаби гарм омадани иқлим соли гузашта дар даштҳо алафҳои табиӣ насабзид ва аз сабаби набудани ғизо қисме аз саршумори чорвои хоҷагиҳо дар водиҳо талаф ёфта буд. Аз ин рӯ, хоҷагидорон аз имкониятҳои мусоид истифода бурда, мақсад доранд, ки ҷамъоварии алафҳои табииро ҳамарӯза ба тариқи ҳашар ба роҳ монда, хӯрокаи дусолаи чорворо захира намоянд ва фасли зимистони имсоларо бе ягон талафи чорво гузаронанд.

Ҳамчунин, соли равон хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Данғара дар майдони беш аз 24 ҳазор гектар кишти ғалладонагиро ба роҳ мондаанд, ки нашъунамои онҳо хуб аст. Деҳқонон ният доранд, ки имсол зиёда аз 100 ҳазор тонна ҳосили ғалладона ҷамъоварӣ намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳиссаи муносиб гузоранд.

Ёдовар мешавем, ки раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон ҷиҳати шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии хӯроки дурушти чорво аз  хоҷагиҳои чорводории  ноҳияҳои Панҷу Данғара дидан намуда, баҳри пешрафти корҳои саҳроӣ, ташкили ҳашарҳои дастаҷамъона ва захираи бештари хӯроки чорво ба хоҷагидорону чорвопарварон маслиҳатҳои муфид доданд. 

Б. Миров




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Хӯроки чорво яке аз омилҳои тараққиёти соҳаи чорводорӣ

Арсаи кишоварзӣ
Баракат аз замини ризқофар

Баракат аз замини ризқофар

Арсаи кишоварзӣ
11 ҳазор сомонӣ зарар аз сӯхтори гандумзор

11 ҳазор сомонӣ зарар аз сӯхтори гандумзор

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Захираи хӯроки чорво 60% иҷро шуд

Захираи хӯроки чорво 60% иҷро шуд

Арсаи кишоварзӣ
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон

Ҳокимияти давлатӣ