Дар як сатр
» » ТАЪСИСИ МАҲФИЛИ «СОҲИБКОРОНИ СОЗАНДА» ДАР ДАНҒАРА

ТАЪСИСИ МАҲФИЛИ «СОҲИБКОРОНИ СОЗАНДА» ДАР ДАНҒАРА

23-05-2019, 10:01

Иқдоми «300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» саривақтӣ буда, бозгӯи таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои рушди иқтисодиёти миллӣ аст.

Ин нуктаро ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Нуралӣ Шоҳиён дар маҳфили «Соҳибкорони созанда», ки бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳи мазкур доир гардид, баён дошт.

Нишасти мазкур дар доираи татбиқи «Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  созмон дода шуда, дар он намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон», мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва соҳибкорону сармоя-гузорон, ҷавонон, роҳбарият ва масъулони соҳаи иқтисодиёти ноҳияи Данғара иштирок намуданд.

Иштирокдорони нишаст роҷеъ ба ҳадафу вазифаҳои муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон», инчунин ислоҳоти гузаронидашуда дар самти рушди соҳаҳои соҳибкориву сармоягузорӣ ибрози назар намуда, аз соҳибкорони маҳаллӣ ва ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки барои рушди малакаи соҳибкории худ бо муассиса ҳамкории зич дошта бошанд.

Дар ин росто, байни муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ва раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара ҷиҳати ба таври мунтазам ба роҳ мондани тренингҳои интенсивӣ барои соҳибкорони ҷавон бо иштироки соҳибкорони ботаҷриба дар заминаи донишгоҳ мувофиқа ҳосил шуд.

Н. МАЪМУРЗОДА,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ ДАР ХАТЛОН

Иқтисоду тиҷорат

МУЛОҚОТИ РАИСИ ПСС БО СОҲИБКОРОН

Хабарҳо
Рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА
Соҳибкорӣ рушд меёбад

Соҳибкорӣ рушд меёбад

Хабарҳо, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо соҳибкорони Хатлон

Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо соҳибкорони Хатлон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА