Дар як сатр
» » ҚАҲРАМОНДУХТАРЕ АЗ ДЕҲИ «ҚАҲРАМОН»

ҚАҲРАМОНДУХТАРЕ АЗ ДЕҲИ «ҚАҲРАМОН»

22-05-2019, 10:59

Зан бо вуҷуди зан будан ва масъулиятҳои бузургтар доштанаш, боз қодир аст, ки аз уҳдаи иҷрои шуғлу касбҳои мардона низ ба хубӣ барояд. Адолат Комилова, ҷавондухтари ҷасуру бебоки тоҷик, аз қабили ҳамин гуна бонувон аст.

Адолат 23 сол дорад. Зодаи деҳаи «Қаҳрамон»-и Ҷамоати деҳоти «Ориён»-и ноҳияи Кӯшониён аст. Дар рустои «Қаҳрамон» ба дунё омада, рӯҳияи қаҳрамонӣ дорад ӯ. Муҳаббати Адолат нисбат ба варзиш ҳамон рӯзе рӯ зад, ки муштзани маъруфи тоҷик Мавзуна Чориева дар Бозиҳои олимпӣ бо дарёфти медали биринҷӣ Парчами Тоҷикистонро баланд бардошт. Аввалин медали олимпии варзишгардухтари тоҷик дар замони истиқлолияти давлатӣ таъсири амиқе ба ҷаҳони ботинии Адолат гузошт.

Ҳарчанд  наздикони Адолат аз интихоби ӯ, ки бокс буд, розӣ набуданд, аммо ӯ бо ҷасораташ, исрору истодагариаш ба азизонаш исбот кард, ки варзиш орзуи ягонаи ӯ, маънои ҳаёти ӯст. Волидон барояш шарт гузоштанд, ки ба ғайр аз бокс – муштзанӣ, дигар намуди варзишро интихоб намояд. Ҳамин тавр, ҳамдигарфаҳмӣ ҳосил шуд.

Аввалин чорабинии варзишие, ки ин духтари деҳотӣ дар он ширкат варзид, мусобиқаи волейболбозоне буд, ки дар маркази вилоят - шаҳри Бохтар дар миёни духтарон доир гардид.

Баъдан оҳиста-оҳиста шавқи футбол қалби Адолатро тасхир кард. Баъди якчанд моҳи тамрин бо тавсияи устоди зиндаёдаш Раҳим Ризоматов ҳамчун дарвозабон ба дастаи яккачини футболбоздухтарони вилояти Хатлон қабул гардид. Чусту чолокӣ, натиҷаҳои баланди варзишӣ нишон доду дар мусобиқаи вилоятӣ «Дарвозабони беҳтарини вилоят» эълон гардид.

Адолат бо ҳамин дастовардаш қаноатманд нашуда, мехост рушд кунад, ба майдонҳои калони футбол баромада, шарафи футболи занонаи тоҷикро ҳимоя намояд. Бозии рангин, интизоми варзишӣ, ҳунарнамоии хуби Адолат ва якчанд ҷавондухтари дастаи футболбоздухтарони Бохтарро ба эътибор гирифта, онҳоро ба тими мунтахаби футболбоздухтарони Тоҷикистон даъват намуданд. Ин орзуи деринаи Адолат буд, ки ҷомаи амал пӯшид.

Моҳи августи соли 2018 дастаи яккачини футболбоздухтарони мо ба Индонезия сафар карда, байни ҳашт давлати дунё ҳунарнамоӣ кард. Ин таҷрибаи аввалини байналмилалӣ буд. Моҳи ноябр бошад, дастае, ки Адолат дар он дарвозабон аст, ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуда, дар мусобиқае, ки аз ҷониби Федератсияи футболи Осиёи Марказӣ ташкил шуда буд, байни панҷ давлати минтақа ҷойи сеюм ва медалҳои биринҷиро соҳиб гардид.

Адолат дар баробари беҳтарин дарвозабон буданаш, инчунин ба теннису чавгонбозӣ ва волейбол низ шавқи беандоза дорад ва борҳо дар мусобиқаҳои гуногун бо ҳамдастаҳояш ғолибиятро ба даст овардааст.

Моҳи майи соли 2019 ин духтари гурдофаридмонанд дар чемпионати ҷумҳурӣ оид ба вазнбардорӣ аввалин маротиба иштирок карда, миёни духтарон ҷойи дуюмро ишғол намуд.

Адолат ба ҷавондухтарон тавсия медиҳад, ки вақтро беҳуда нагузаронанд. «Вақте ки барои гуфтугӯҳои телефонӣ сарф мекунанд, агар ба варзиш сарф намоянд, манфиатрасон хоҳад буд. Зеро духтарон оянда модар мешаванд ва оилаи солим, пеш аз ҳама, ба солимии рӯҳу равон ва тану ҷони инсон вобастагӣ дорад. Беҳуда нагуфтаанд, ки варзиш гарави саломатист», - мегӯяд Адолат.

Бояд қайд намуд, ки Адолат Комилова донишҷӯи ғоибхони соли сеюми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин, вай дар мактаби варзишии №1-и вилояти Хатлон ба ҳайси мураббии варзиши сабук ба шогирдон сабақ медиҳад. Шогирдони Адолат аллакай дар мусобиқаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд, ки ин аз фаъол ва чашмикордон будани ин ҷавондухтари варзишгар гувоҳӣ медиҳад.

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

51 МЕДАЛИ ВАРЗИШГАРОНИ ҚУБОДИЁН ДАР ЯК СОЛ

Хабарҳо

“Хатлон” довталаби медали тилло аст

Хабарҳо
Азизҷон – варзишгаре, ки 65 медал дорад

Азизҷон – варзишгаре, ки 65 медал дорад

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Ҷавонон ва варзиш
Бо бунёди “Адолат-А” 300 ҷойи корӣ муҳайё мегардад

Бо бунёди “Адолат-А” 300 ҷойи корӣ муҳайё мегардад

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Иштироки 3 дастаи футболбоздухтарони Хатлон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

Иштироки 3 дастаи футболбоздухтарони Хатлон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА