Дар як сатр
» » Иштироки 12 ҳазор нафар дар дави миллӣ

Иштироки 12 ҳазор нафар дар дави миллӣ

23-05-2019, 10:50

Дар маркази вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Рӯзи Дави миллӣ бо иштироки раиси вилоят, роҳбарону кормандони идораҳо ва ҳазорҳо сокинони шаҳри Бохтар аз майдони Исмоили Сомонӣ оғоз гардид.

Чорабиниро Фариза Абдуллоева, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон  ҳусни ифтитоҳ бахшид. Иттилоъ дода шуд, ки варзишгарони вилоят дар чор моҳи соли 2019-ум дар 8 мусобиқаи байналмилалӣ ва дар  22 мусобиқаи ҷумуриявӣ иштирок намуда, 141 медали тилло, 152 медали нуқра, 185 медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 медал зиёд мебошад. «Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон як муасиссаи давлатии мактаби маҳорати олии варзишӣ, як мактаби махсус оид ба намудҳои гӯштин ба номи С. Раҳимов, 4 муассисаи давлатии мактаби варзишии вилоят ва 28 муассисаи давлатии мактабҳои варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо фаъолият доранд, ки дар онҳо 584 нафар мураббиён аз рӯйи 34 намуди варзиш ширкат намуда, ба он 15 ҳазору 532 нафар наврасону ҷавонон ҷалб карда шудаанд, ки аз ин шумора 2 ҳазору 165 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанд», - зикр намуд Ф. Абдуллоева.

Ҳакимзода Қурбон, раиси вилояти Хатлон, зимни ифтитоҳи чорабинии бахшида ба «Ҳафтаи ҷавонон дар вилояти Хатлон», зикр дошт, ки ҳамасола гузаронидани Рӯзи Дави миллӣ ба ҳукми анъана  даромадааст. Имрӯз дар вилоят иншооту намудҳои гуногуни варзишӣ амал намуда, барои оммавӣ гаштани варзиш чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. «Аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорон сохт-мони иншоотҳои варзишӣ дар 4 моҳи соли 2019-ум:  1 маҷмааи варзишӣ, 28 майдончаи варзишӣ, 2 толори варзишӣ сохта шудаанд, ки ба маблағи 510 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва 4 миллиону 958 ҳазор сомонӣ аз манбаъҳои ғайрибуҷетӣ сарф гардидааст ва дар рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ заминаи муносиб хоҳад гузошт», - афзуд Ҳакимзода Қурбон.

Баъд аз суханронии раиси вилоят чорабинии бошукӯҳи Дави миллӣ бо иштироки 12 ҳазор нафар дар шаҳри Бохтар оғоз гардида, дар он ҷавонону наврасон, духтарону донишҷӯён ва ҳатто пиронсолон бо рӯҳияи болида иштирок намуданд.

Инчунин дар умум дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар чорабинии "Рӯзи дави миллӣ” 163 ҳазору 236 нафар сокинон ва аз ин шумора 34 ҳазору 270 нафар бонувон иштирок намуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ ғолибон бо ифтихорномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят қадрдонӣ шуданд. 

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Варзишгарони Хатлон соҳиби 1967 медал гардиданд

Варзишгарони Хатлон соҳиби 1967 медал гардиданд

Ҷавонон ва варзиш

51 МЕДАЛИ ВАРЗИШГАРОНИ ҚУБОДИЁН ДАР ЯК СОЛ

Хабарҳо
Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат

Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат

Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ширкати беш аз 172 ҳазор хатлонӣ дар дави миллӣ

Ширкати беш аз 172 ҳазор хатлонӣ дар дави миллӣ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш