Дар як сатр
» » Темурмалик. Мардуми ватандӯст диёрро ободу зебо мегардонанд

Темурмалик. Мардуми ватандӯст диёрро ободу зебо мегардонанд

25-05-2019, 11:47

Қабули навбатии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо шаҳрвандон дар ноҳияи Темурмалик  доир гардид. Сараввал, раиси вилоят дар даромадгоҳи ҷамоатҳои деҳоти  «Қарақамиш» ва «Кангурт» мулоқотро аз аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва чанд нафар ветеранҳои соҳибэҳтироми ин мавзеъ оғоз намуда, дар вазъияти тантанавӣ ба эшон туҳфаҳои хотирмон супурд.    

Ҳамзамон,  дар ин мавзеи таърихан куҳану соҳибтамаддун раиси  вилоят иншоотҳои ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдёфтаис-тодаро аз назар гузаронида, ба соҳибкорон маслиҳатҳои муфид дод. Идомаи сафари кории  раиси вилоят дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  ба шунидани арзу ниёзи мардум бахшида шуд ва бурду бохти хоҷагии халқи ноҳия дар чор моҳи соли ҷорӣ ҳаматарафа таҳлил кард.

Ҳамин тавр, Қурбон Ҳакимзода арзи мардумро мавриди баррасӣ қарор дода, барои ҳаллашон чораҳои мушаххасро рӯи кор овард. Сокини ноҳия Маҷид Рустамов барои бунёди комбинати хизмати маишӣ дар маркази шаҳрак ҷудо намудани қитъаи заминро хоҳиш намуд. Асомуддин Ҳалимов, аз деҳаи Гулободи Ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнус Худойдодзода  гуфт, ки дар деҳаашон  60 оила зиндагӣ мекунад, вале барқ надоранд. Симчӯбро худашон харидаанд. Хоҳиш намуданд, ки дар дарёфти трансформатор ва ноқили барқ кумак расонад.

Саймулло Каримов доир ба мушкилоти боз ҳам калонтару ҷиддитар масъалагузорӣ намуд. Тибқи итилооти ӯ аз мавзеи Шибанай сар карда, ҳар сол дарёи  Сурхоб заминҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба  номи Лақай Қармишевро шуста бурда, имрӯз ба деҳаҳо наздик шудааст.   Агар таъҷилан пеши ин хатар гирифта нашавад, аниқ зиёнашро ба ноҳияи Темурмалик расонида, ба деҳоти ноҳияи  Восеъ низ таҳдид мекунад.

Соҳибкор Шамсов Абдусалом барои бунёди бозор дар деҳаи Ҷайралии Ҷамоати деҳоти "Танобчӣ” ҷудо намудани заминро дархост намуд. Ғанӣ Сафаров, раиси ветеранҳои ҷангу меҳнати ноҳия дар бобати зарурати сохтмони обанбор дар поёноби дарёи Сурхоб масъалагузорӣ намуд.

Раиси вилоят баъди бо пурсишу муроҷиатҳо ҳаматарафа шинос гардидан, баҳри амалӣ гардониданашон ба масъулину ташкилотҳои вилоятӣ супоришҳо дода, дар муҳлати муайян аз иҷрояшон ба раис ҳисобот доданашонро талаб намуд.

Доир ба масъалаи дуюм - вазъи  иқтисодиву иҷтимоӣ Эмомиддин Аслзода, раиси ноҳия, бо мутасаддиён ва масъулини соҳаҳои мухталифи хоҷагидориашон  ҳисобот доданд. Роҳбари вилоят Қурбон Ҳакимзода аз ҳисоботи омории номукаммал, иҷро нагаштани кишти зироатҳои хӯроки чорво ва полезию сабзавоти барвақтӣ  амалӣ нагаштани дурнамои бунёди муассисаҳои томактабӣ ва таълимгоҳҳои хусусӣ ва қарздории «Тоҷиктелеком» аз музди меҳнат аз масъулин пурсиш ба амал оварда, посухи мушаххас талаб намуд.

Ҳамчунин, эроду мулоҳизаҳои танқидии раиси вилоят дар боби аз будаш нисбат ба икониятҳо кам гирифтани  насли чорвои калону майда, бе ҳеҷ гуна сабаб сол ба сол суст намудани истеҳсоли пилла, дар давраи саноатикунонии мамлакат фаъолияти назаррас надоштани  корхонаҳои дӯзандагии «Меҳри модар» ва «Гулдастон» хеле ҷиддӣ буданд.  Ҳол он ки дар ин бахш уҳдадории ноҳия то ҷашни истиқлол боз бунёди 14 корхонаи истеҳсолӣ, аз қабили пойафзолбарорӣ, ҳасиббарорӣ, паранда ва ғайра  мебошад. Бе ҳеҷ гуна сабаб хизматрасонии пулакӣ, ташкилотҳои сохтмонӣ кам шудаанд.  "Нигаронкунанда он аст, ки дар диёри қаҳрамонҳо то ҳол нақшаи ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷалб намудани ҷавонон ҳамагӣ 30 фоиз иҷро шудааст. Ин натиҷаи дар байни халқ ба таври бояду шояд кор накардани тамоми фаъолони ноҳия аст», - иброз дошт Қурбон Ҳакимзода.

Сипас, раиси вилоят   диққати масъулинро ба маъракаи ҷамъоварии хӯроки чорво - алафдаравӣ ҷалб намуда,  дар ин масъала ноҳияи Темурмаликро  ноҳияи худодод  ном бурда, супориши қатъӣ дод, ки чун замони Шӯравӣ ин маъракаро ба фронти зарбдор табдил  диҳанд. Бояд  пиру барно ба саҳро баромада, дар ҷамъоварию  захира намудани алафи табиӣ саҳм гузоранд.

 Сафари кории раиси вилоят дар ноҳияи  Темурмалик аз ҳар нигоҳ созандаю  судманд буд.

Ғайбулло Ҳалимов,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«ДАР ОН ҶОЕ, КИ ЗАН АСТ, ДАР ОН ҶО ЗЕБОӢ, ПЕШРАВӢ ВА ОБОДОНӢ АСТ»

Ҳокимияти давлатӣ

Диёрро сарсабзу хуррам мегардонем

Ҳаёти иҷтимоӣ

Ҷашни Наврӯзро сазовор истиқбол мегирем

Фарҳанг ва адабиёт
Сипоси қадри инсон кори нек аст

Сипоси қадри инсон кори нек аст

Ҳокимияти давлатӣ

Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

Арсаи кишоварзӣ