Дар як сатр
» » ВЕЛОСИПЕДРОНӢ - НАМУДИ МАШҲУРИ ВАРЗИШ ДАР ХАТЛОН

ВЕЛОСИПЕДРОНӢ - НАМУДИ МАШҲУРИ ВАРЗИШ ДАР ХАТЛОН

23-05-2019, 10:34

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва бо мақсади оммавӣ гардонидани навъи варзиши дучархаронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 18 майи соли 2019-ум дар маркази вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар мусобиқаи велосипедронӣ таҳти унвони "Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат” доир гардид.

Беҳрӯз Бобоев,  сармутахассиси бахши варзиши Раёсати  кор  бо  ҷавонон  ва варзиши вилояти  Хатлон  иттилоъ дод, ки дар ин рӯз намоишҳои велосипедронӣ ташкил гардида, сокинони касбу кори гуногун дар марафони велосипедронӣ фаъолона ширкат намуданд. Дар умум дар қаламрави вилоят беш аз 4 ҳазору 688 нафар сокинони касбу кори гуногун ва аз ин шумора 550 нафар бонувон ҷалб гардиданд.

"Ҳадаф аз баргузор намудани ин чорабиниҳо, пеш аз ҳама, оммавӣ гардонидани варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди намуди  машҳури варзишӣ - велосипедронӣ мебошад” - қайд  намуд  Б. Бобоев.

Дар чорабинии  мазкур  Фариза Абдуллоева, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, зимни сухани ифтитоҳии худ иштирокдорон ва ғолибони марафони велосипедрониро табрику таҳният гуфт. Дар ин баробар, Бобоҷон Саидов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, баромад намуда ба  ғолибон   ва иштирокчиёни  фаъол мукофотҳо  тақдим намуд.

Ҳамчунин, дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Хатлон низ веломарафон дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Комрони БАХТИЁР,

"Хатлон”




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Иштироки 12 ҳазор нафар дар дави миллӣ

Иштироки 12 ҳазор нафар дар дави миллӣ

Ҷавонон ва варзиш

ОМӮЗИШИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Номаҳои Шумо

2 медали тиллои велосипедронҳо

Ҷавонон ва варзиш
Иштироки беш аз 2,5 ҳазор нафар дар марафони велосипедронӣ

Иштироки беш аз 2,5 ҳазор нафар дар марафони велосипедронӣ

Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Нахустин марафони дучархасаворон дар Хатлон

Нахустин марафони дучархасаворон дар Хатлон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш