Дар як сатр
» » Соҳибкорӣ рушд меёбад

Соҳибкорӣ рушд меёбад

16-10-2017, 10:56

Соҳибкорӣ рушд меёбад
Бори аввал дар вилояти Хатлон сабқати 4-умин озмуни бизнес лоиҳаҳои беҳтарин «Старт-ап Чойхона», ки бо ибтикори барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамкорӣ бо Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон роҳандозӣ гардидааст, дар доираи ҳафтаи сохибкорӣ баргузор гардид.

Мақсади "Старт-ап Чойхона" ба ҷойҳои корӣ таъмин намудани ҷавонони соҳибкор ва ҳиссагузор будан дар рушду нумуи фазои соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Точикистон мебошад.

Дар ибтидои озмун Дилшод Одинаев, мушовири иқтисодии котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ гуфт, ки Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ва рушди зеҳнии онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Дастгирии соҳибкории хурду миёна яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Умед дорем, ки дар ин озмун истеъдодҳои нав пайдо мекунем.

- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ пайваста чораҳои зарурӣ андешида, дар ин замина қонунгузориҳои мамлакатро бо меъёрҳои байналмилалӣ созгор намуда, кафолатҳои ҳимояи сармоягузоронро таъмин менамояд, -гуфт Қурбоналӣ Қурбонзода, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон. - Соҳибкорӣ дар вилояти Хатлон рушд ёфта, айни ҳол 30,3 ҳазор нафар шаҳрвандони вилоят фаъолияти соҳибкории худро дар асоси патент ва шаҳодатнома ба роҳ мондаанд. Илова бар ин, дар вилоят зиёда аз 65 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият карда истодаанд, ки саҳми онҳо дар рушди иқтисодиёти вилоят ва таъмини амнияти озуқаворӣ назаррас аст.

Бино ба иттилои Қурбоналӣ Қурбонзода ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ, муассисаи давлатии фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Бо дастгирии фонди мазкур дар вилоят ба 59 нафар соҳибкорони Хатлон ба маблағи 59,5 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст.

Ҳамчунин, дар озмун зикр карда шуд, ки аз тарафи раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба 21 нафар занҳои соҳибкор грантҳо ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ин, албатта, ба рушди соҳибкорӣ миёни занон замина фароҳам меоварад.

Дар озмун 20 адад бизнес-лоиҳаҳо аз тарафи ҷавонон пешниҳод карда шуд ва беҳтарин лоиҳаҳо интихоб гардид.

Ф. ДАВЛАТ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Соҳибкорӣ рушд меёбад

Соҳибкорӣ рушд меёбад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, Номаҳои Шумо
Соҳибкорон нерӯи бузурганд

Соҳибкорон нерӯи бузурганд

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо соҳибкорони Хатлон

Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо соҳибкорони Хатлон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
22 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардид

22 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардид

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Се самти асосии фаъолияти Шӯро муайян шуд

Се самти асосии фаъолияти Шӯро муайян шуд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо