Дар як сатр
» » Қ. ҲАКИМЗОДА РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ВИЛОЯТ ИНТИХОБ ШУД

Қ. ҲАКИМЗОДА РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ВИЛОЯТ ИНТИХОБ ШУД

24-05-2019, 10:29

Дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар Конференсияи ҳисоботӣ - интихоботии Федератсияи футболи вилояти Хатлон баргузор гашт, ки дар он Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, намояндагони Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат доштанд.

Нахуст, Исроил Шарифов, иҷрокунандаи вазифаи раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон, дар бораи фаъолияти Федератсияи футболи вилояти Хатлон ҳисобот дод.  Аз ҷумла, қайд дошт, ки Федератсияи футболи вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои Барномаи рушди футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021-ум ба тасвиб расидааст.  Дар идомаи суханронӣ  Исроил Шарифов иброз намуд, ки 24 октябри соли 2002 Федератсияи футболи вилояти Хатлон таъсис ёфта, то соли 2006 фаъолият намудааст. Дар ин баробар, баъди 9 соли бозмонӣ аз фаъолият соли 2015 Федератсияи футболи  вилоят ба фаъолияти хеш идома бахшид.  Инчунин, дар чемпионати Тоҷикистон  байни дастаҳои Лигаи олии кишвар дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, инчунин «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба дастовардҳои арзанда ноил гардиданд.

Ҳамчунин,  дар конференсия номзадии раиси вилоят ба раисии Федератсияи футболи вилоят пешниҳод гардида,  аз тарафи вакилон Қурбон Ҳакимзода раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон интихоб гардид. 

- Футбол дорои қувваи бузурги созанда буда, дар сартосари ҷаҳон ҳамчун қосиди сулҳу амонӣ, дӯстию озодӣ,  мактаби олии эҳтиром миёни инсонҳо эътироф гардидааст, - зикр намуд Қурбон Ҳакимзода, раиси тозаинтихоби Федератсияи футболи вилоят зимни суханронӣ. - Аз ҳисоботи имрӯза бармеояд, ки вазъи футбол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят чандон қобили қабул нест. Дастаҳои футболи шаҳру ноҳияҳо солҳои пеш бо дастовардҳои зиёди хеш қалби мухлисонро шод менамуданд. Имрӯз бошад, аз бемасъулиятии масъулон манзалати худро дар миёни ҳаводорони футбол коҳиш додааст.  Раиси тозаинтихоби Федератсияи футболи вилоят ҷоннок намудани фаъолияти футболро вазифаи ҳар як шахси масъул номид. 

Дар ин замина таъкид дошт, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 80 толору 300 майдончаи варзишӣ дар назар буда, қисмати зиёди иншоотҳои мазкур айни замон мавриди истифода қарор  ёфтаанд. 

 

ВАХШОНА,

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Пахтакор»-и Қубодиён ба лигаи 1 роҳхат гирифт

Ҷавонон ва варзиш

«ПАНҶШЕР» «БАРҚЧӢ»-РО ШИКАСТ ДОД

Хабарҳо
Нуралӣ хоркашев: “мушкилиҳои футболи хатлон монеаи асосии пешрафти футболи  ...

Нуралӣ хоркашев: “мушкилиҳои футболи хатлон монеаи асосии пешрафти футболи ...

Ҷавонон ва варзиш, Мусоҳибаи мо, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
«Равшан» дар нимфинали Ҷоми ФФТ

«Равшан» дар нимфинали Ҷоми ФФТ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Тасмими таъсиси лигаи дуюми футболи Тоҷикистон

Тасмими таъсиси лигаи дуюми футболи Тоҷикистон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА