Дар як сатр
» » РАИСИ ВИЛОЯТ: «ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДАИ ҶАВОНОНРО ДАСТГИРӢ МЕНАМОЕМ»

РАИСИ ВИЛОЯТ: «ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДАИ ҶАВОНОНРО ДАСТГИРӢ МЕНАМОЕМ»

23-05-2019, 11:22

Дар толори театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар  ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон дар назди раиси вилояти Хатлон доир гардид. Ҷаласаро  раиси вилоят, ҳамзамон раиси Шӯрои кор бо ҷавонон Қурбон Ҳакимзода ҳусни оғоз  бахшида иброз дошт, ки дар кори ҷаласаи Шӯро муовини аввали раиси вилоят, муовин, роҳбари дастгоҳ, аъзоёни Шӯро, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, гирандагони стипендияи раиси вилоят, ғолибони мусобиқаи футбол оид ба "Ҷом”-и раиси вилояти Хатлон ширкат доранд. Раиси вилоят ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа ошно намуд.

Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласаи Шӯро котиби Шуро, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Фариза Абдуллозода гузориш дод. Тавре ки равшан гардид, Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси вилояти Хатлон дар чор моҳи соли 2019 як қатор корҳоро ба сомон расонидааст. Ҷиҳати дастгирии олимони ҷавон баҳри рушди илми тоҷик низ корҳои назаррас анҷом ёфта, айни замон 36 олими то 30-сола бо навовариву эҷодкории хеш дар вилоят фаъолият доранд. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат 9 маркази фарҳангии ҷавонон бунёд гардидааст, ки барои фароҳам овардани фаъолияти ҷавонон мусоидат менамояд. Тавре, ки номбурда зикр намуд, ҷиҳати пешгирии амалҳои номатлуб шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва бемории норасоии масунияти одам як қатор чорабиниҳо, мулоқоту аксияҳо доир гардиданд.

Раиси вилояти Хатлон аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки Шӯрои назди раисони шаҳру ноҳияҳо  фаъолияти назаррас надоранд. Дар маҳалҳо камбудиҳои зиёд ба чашм мерасанд. Маблағгузориҳо барои барномаҳои қабулгардида, аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо мувофиқи матлаб нест. Дар аксарият шаҳру ноҳияҳо марказҳои фарҳангии ҷавонон мавҷуд нест.

Файзализода Баҳрулло, раиси Шӯрои олимони ҷавон ва Суярзода Мафтуна, донишҷӯйи ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, ба музокира баромаданд. Аз рӯйи масъалаи 2-юми рӯзнома доир ба саҳми ҷавонон дар корҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Насриддинзода  сухан кард. Номбурда аз он изҳори хушнудӣ кард, ки Президенти мамлакат дар Паёмаш ба Маҷлиси Олии кишвар ба ҷавонон ҳамчун неруи созандаву бунёдкори ҷомеа баҳогузорӣ намуд. Аз ин лиҳоз, дар вилояти Хатлон озмуну чорабиниҳо таҳти унвони "Саҳми ман дар шаҳри ман, «Ба гузаштагони худ эҳтиром мегузорем”, "Мо-ҷавонон ин ватанро сабзу хуррам менамоем” доир гардиданд.

Ҳамин тавр, ба як қатор донишҷӯёну хонандагони фаъоли муассисаҳои олӣ, касбӣ ва миёна стипендияи раиси вилояти Хатлон супурда шуд. Ҳамчунин, дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон, мусобиқаи футболи хурд оид ба дарёфти "Ҷом”-и раиси вилоят доир гардида буд, дар чорабинӣ ғолибони мусобиқаи мазкур муайян ва қадрдонӣ гардиданд. Ҷойи аввалро дастаи футболи ДДБ ба номи Носири Хусрав ишғол намуда, соҳиби "Ҷом”-и раиси вилоят гардид. Ҷойи дуюмро  дастаи футболбозони  Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  соҳиб гардид. Ҷойи сеюм бошад, насиби дастаи футболбозони беморхонаи клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидов шуд. Раиси вилоят ба ғолибон туҳфаҳои хотиравиро супурда, барояшон дастовардҳои нав ба навро таманно намуд.

Сипас, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода назди ҳозирин сухан ронда, иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба сифати  як  неруи пуриқтидору  бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа эътироф менамояд. Зеро Тоҷикистон давлати ҷавон буда, 70 фисади сокинонашро шахсони то синни 30-сола ташкил медиҳад. Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароит барои таълиму тарбияи ҷавонон, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосири коммуникатсионӣ тамоми шароитҳоро фароҳам оварда, баҳри амалӣ гаштани ташаббусҳои онҳо заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Аз ҷумла, дар ин самт  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” қабул гардид, ки баҳри муттаҳид кардани ҷавонон дар пешрафти кишвар, ҳимояи марзу буми Тоҷикистони азиз, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, корҳои созандагиву ободонӣ роҳи васеъ кушод, - ироа дошт раиси вилоят ва афзуд, ки барои тақвияти қонуни мазкур давра ба давра 5 маротиба Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон, 3 маротиба Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон, 2 маротиба Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Дар раванди сиёсати Пешвои миллат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тадбирҷӯйӣ намуда, барои илмомӯзии ҷавонон  стипендияи раиси вилоят таъсис дода шуда, 60 нафар ҷавонони донишҷӯи муассисаҳои олӣ, миёна ва касбӣ барои хониши аъло ва фаъолияти пурсамар соҳиби идрорпулӣ гардиданд. Ҳамчунин, соли равон барои ҷалби толибилмон ба донишандӯзӣ 20 нафар хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимӣ ба гирифтани стипендияи раиси вилоят ноил гардиданд. Раиси вилоят оид ба фаъолияти Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси вилоят сухан ронда, таъкид дошт, ки дар ин раванд 5 ҷаласаи Шӯро баргузор гаштааст, ки дар онҳо, пеш аз ҳама, таҳлили вазъият дар байни ҷавонон, вазъи камбудиҳои ҷойдошта, тарбияи тарзи ҳаёти солим, дастгирӣ дар самти  варзиш мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси вилоят аз ҷумла чунин таъкид дошт: "Мо пайваста ташаббусҳои созандаи ҷавононро дастгирӣ менамоем. дар ин баробар,  ҷавонон  бояд  қишри  фаъоли ҷомеа бошанд. Рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти  миллӣ ва дастовардҳои истиқлолияти давлатиро ҳифз намоянд. Дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ширкат варзида, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя намоянд. Худро аз ҳар гуна хавфу хатарҳои ҷомеаи муосир эмин нигоҳ доранд”.

Дар ҷараёни чорабинӣ ба як қатор ҷавононе, ки дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ саҳмгузорӣ доранд,  ифтихорномаҳои раиси вилоят тақдим гардид.

А. Сафарова,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ

ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ

Ҷавонон ва варзиш

Дар ҳифзи манфиатҳои давлату миллат саҳмгузор бошем

Ҳокимияти давлатӣ
М. Хидирзода: «ҷавонон қувваи пешбаранда  ва бунёдкори ҷомеа мебошанд»

М. Хидирзода: «ҷавонон қувваи пешбаранда ва бунёдкори ҷомеа мебошанд»

Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Интихоби ҷавонон - тарзи ҳаёти солим

Интихоби ҷавонон - тарзи ҳаёти солим

Тандурустӣ ва экология, АСАЛМО САФАРОВА
Таъсиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар  Хатлон

Таъсиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар Хатлон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм