Дар як сатр
» » ҲАДАФ: СОДИРОТИ БЕШТАРИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ҲАДАФ: СОДИРОТИ БЕШТАРИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

23-05-2019, 10:11

Кишоварзони вилоят ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро дар чор моҳи соли равон ба 797,2 миллион сомонӣ расониданд. То 6-уми майи соли равон аз вилоят 5,5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот шудааст. Сафари вазири кишоварзии Федератсияи Русия Патрушев Дмитрий Николаевич ба вилояти Хатлон баҳри ҳамкориҳои мутақобила ва содироти маҳсулоти аълосифати кишоварзӣ ба Русия заминаҳои боэътимод мегузорад.

Даврони соҳибистиқлолии ватани азиз-Тоҷикистони офтобии моро беш аз 50 давлатҳои ҷаҳон эътироф намуданд. Робитаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ миёни давлатҳои мутараққии ҷаҳон густариш ёфт. Вилояти Хатлон низ бо чандин давлатҳои ҷаҳон ҳамкориҳои самароварро ба роҳ мондааст. Сафари намояндагону масъулини давлатҳо ба вилоятамон далели ин гуфтаҳост. Ба наздикӣ таҳти роҳбарии вазири кишоварзии Федератсияи Русия Патрушев Дмитрий Николаевич як гурӯҳ намояндагони Русия бо сафари корӣ ба вилоятамон ташриф оварданд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо намояндагони Федератсияи Русия ва вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Сатторӣ нахуст аз хоҷагиҳои ноҳияи Кӯшониён дидан ба амал оварданд. Сокинони Ҷамоати деҳоти "Сарвати Истиқлол”, роҳбарияти ноҳия меҳмононро бо нону намак, савту наво пазироӣ карданд.

 

Маҳсули дастранҷи барзгарону ҳунармандони ноҳияи Кӯшониён  диққати вазири кишоварзии Русия ва ҳамроҳонашро бештар ҷалб намуд. Меваю сабзавоти шаҳдбору босифат, дастпухти кадбонуҳои боҳунар аз фаровонии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ дарак медод. Ҳадафи ташрифи сафари намояндагони Федератсияи Русия низ ҳамкориҳои мутақобила дар самти кишоварзӣ, содироти бештари меваю сабзавот ба ин давлат мебошад. Дар ҳақиқат, фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ, ҳосили заҳмати марди деҳқон дар ноҳия аз истифодаи оқилонаи обу замин, тухмиҳои хушсифат, таҷрибаи бойи деҳқонон дарак медиҳад. Меҳмонон аз боғи хоҷагии деҳқонии "Сорбонҷон”-и ноҳия дидан намуданд. Ин боғи намунавӣ 5 сол қабл бунёд ёфта, дарахтони содиротии гелос, олу, зардолу ғарқи ҳосил буда, аз меҳнати шабонарӯзии саҳмдорони хоҷагӣ шаҳодат медод.

 

Ҳамчунин, меҳмонон аз гармхонаҳои хоҷагидорони ноҳияи Кӯшониён, аз ҷумла хоҷагии деҳқонии "Ватан” низ дидан намуда, таҷрибаи деҳқононро дар самти парвариши сабзавоти барвақтии помидору бодиринг, қаланфури булғориву боқло, қулфинай назаррас арзёбӣ намуданд. Намояндагони давлати Русия аз боғи олуи хоҷагии ба номи Ниёзмуҳаммад Бегов, шафтолубоғи хоҷагии ба номи Сафар Ҷумъаеви ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, намоиши маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, тухмиҳои навъҳои гуногуни зироатҳо, маҳсулоти нонӣ, таомҳои миллӣ дидан карда, бо деҳқонону масъулин суҳбатҳо доир намуданд.

Сокинону масъулини ноҳияи Дӯстӣ, кишоварзону роҳбари хоҷагии тухмипарварии ба номи Эргаш Султонови ноҳия Бекмурод Холов низ намояндагони кишвари Русияро бо нону намак пазироӣ намуданд. Бӯйи нону чаппотиҳои гарми гандумӣ меҳмононро ҷониби  танӯри саҳроӣ ҷалб намуд. Дар ҳақиқат, лаззату мазаи нони оташдони тоҷикӣ ба қалбҳо ҷой гардидааст. Анорбоғи хоҷагии деҳқонии "Баҳор”, майдонҳои беш аз 30 га тарбуз, ки нашъунамои хуб дошта, аллакай ҳосил ба бор овардаанд, дар хоҷагии тухмипарварии Эргаш Султонов ба меҳмонон писанд омад.

Дар ноҳияи Ҷайҳун аз вазъи гармхонаҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагии  лимӯпарварии ба номи Абдураҳим Тоҳиров, ки парвариши лимӯро ба роҳ мондаанд, дидан намуданд. Масъулину саҳмдорони хоҷагӣ бо парваришу истеҳсоли лимӯи хушсифати содиротӣ машҳур гардидаанд. Аҳли хоҷагии деҳқонии "Назариён”-и  ноҳия ба ҷамъоварии дастранҷи хеш-пиёз машғуланд, аз ташрифи меҳмонон хушҳол  гардида, иброз доштанд, ки ҳосили фаровон ба даст оварда, барои содирот омода намудаанд. Дарвоқеъ, деҳқонони боиродаи ноҳияи Ҷайҳун бо истеҳсоли пиёз, сабзавот, лимӯ ва полезиҳо ном баровардаанд. Умуман, деҳқонони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо заҳмати шабонарӯзии хеш кӯшиш менамоянд, ки истеҳсоли зироатҳои кишоварзиро зиёд намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми хешро гузоранд. Ин буд, ки зимни сафари намояндагони соҳаи кишоварзии Русия бо масъулини вилояти Хатлон ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар самти содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва воридоти технологияи навин мубодилаи афкор ба вуқӯъ пайваст.

 

ВАХШОНА,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон  дар ноҳияи Данғара

Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара

Хабарҳо

Ҷайҳун. Азми истеҳсоли 3,5 ҳазор тонна лимӯ ва 33000 тонна сабзӣ

Арсаи кишоварзӣ
Хатлонзамин минтақаи меваҳои шаҳдбор ва сабзавоти босифат аст

Хатлонзамин минтақаи меваҳои шаҳдбор ва сабзавоти босифат аст

Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Шиносоии Пешвои миллат аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии

Шиносоии Пешвои миллат аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии "Баҳор-1"-и ноҳияи Д ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Хуросон

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Хуросон

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Арсаи кишоварзӣ