Дар як сатр
» » ОМИЛҲОИ ФАРҲАНГӢ ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ҶОМЕА

ОМИЛҲОИ ФАРҲАНГӢ ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ҶОМЕА

8-05-2019, 09:43

Махфират Хидирзода, 
профессор
Замони ҷаҳонишавӣ ҳамчун марҳилаи муосири ташаккули муносибатҳои ҷамъиятӣ дар баробари пешрафт, инчунин як қатор таҳдидҳои навро ба субот ва амнияти кишварҳо пеш оварда истодааст, ки онҳо гуногунҷанба буда, метавонад низоми мавҷудаи давлатҳо ва ҷомеаҳоро вайрон кунанд. Вобаста ба ин, муайян намудани хусусияти таҳдидҳо аҳамияти калидӣ дошта, дар ин замина механизмҳои самараноки муқовиматнокиро  низ ташаккул додан мумкин аст.

Қайд намудан ба маврид аст, ки дар замони муосир дар заминаи бархӯрди манфиатҳои гуногун омили фарҳангӣ мавқеи меҳвариро ишғол намуда истодааст. Зеро маҳз дар ҳамин замина ташаккули муносибатҳои ҷамъиятӣ хусусияти устувор касб намуда, қудрати низомсози фарҳанг қодир аст ба равандҳои сиёсӣ таъсиррасон бошад.

Ҳар як ҷомеа дорои низоми муайяни арзишӣ мебошад, ки он дар рафтор, муносибат, анъана ва урфу одати ин ё он халқу миллат таҷассуми худро ёфта, тавассути он арзишҳои муҳимми ифодакунандаи манфиатҳои ҷомеа ва одамон тарғиб карда мешаванд. Дар ин раванд метавон ба шаклҳои муносибати иҷтимоӣ байни қишрҳои гуногун низ баҳогузорӣ намуд, ки онҳо ба эҳтиром, адолат, баробарӣ, якдилӣ, ҳамгироӣ асос ёфта, қодиранд дар таъмини раванди рушди босуботи ҷомеа таъсири бевоситаи худро расонанд. Яъне, аз нуқтаи назари шинохт ва эътирофи муқаддасоте, ки барои инсонҳо, новобаста ба мавқеи иҷтимоӣ- ҷинс, нажод, эътиқоди динӣ ва ғайраҳо заруранд, ин арзишҳо ҳамчун меъёрҳои маънавии танзимкунандаи муносибатҳои иҷтимоӣ баромад намуда, равандҳои иҷтимоию сиёсиро мазмуни инсондӯстона бахшида метавонанд. Ин аст, ки дар ҳама давру замон ба масъалаи ташаккули низоми арзишии ҷомеа диққати зарурӣ дода шуда, одамон кӯшиш мекунанд, то рафтору муносибат ва муоширати онҳо дар ин доира танзим карда шавад.

Амнияти фарҳангӣ ҳамчун рукни таркибии таъмини амнияти миллӣ буда, дар маҷмӯъ ифодакунандаи вазъиятест, ки арзишҳои муҳимми фарҳангӣ дар шароити амн қарор доранд. Фароҳам овардани чунин шароит тақозо менамояд, ки механизмҳои гуногуни ҳуқуқӣ, сиёсӣ, ва ташкилию сохторӣ амалӣ карда шаванд. Зеро дар шароити муосири таърихию сиёсӣ, ки набардҳои фарҳангӣ аз набардҳои мусаллаҳона зиёд таҳдидовар гаштаанд, тақозо мегардад, ки дар самти нигоҳ доштани низоми арзишии ҷомеа ва рукнҳои муҳимми фарҳангии он чораҳои мушаххас андешида шаванд.

Ҷомеаи иттилоотӣ аз ҳуҷумҳои шабакавии иттилоотӣ васеъ истифода бурда, баҳри аз байнбарии фарҳангҳои миллатҳои нисбатан хурд замина фароҳам овардааст. Муборизаи фарҳангӣ тавассути шабакаҳои иттилоотӣ яке аз шаклҳои муосири набардҳои геополитикӣ маҳсуб ёфта, дар ин раванд талошҳо баҳри қафомондаю омиёна нишон додани фарҳанги миллатҳо, бартариятхоҳӣ ва талошҳо баҳри пешрафта нишон додани фарҳанги бегона, маҷбуран бор намудани тарзи рафтор, муносибат ва зист, тарғиби бартарияти фарҳангӣ тавассути пешниҳоди силсилаи филмномаҳо, тарғиби сарулибос ва урфу одат хеле васеъ истифода шуда истодаанд. Ин таҳдиди амиқ ба ҳастии фарҳанги миллӣ буда, ягона роҳи муқовимати устувор нишон додан, ин боло бурдани сатҳи худшиносии миллӣ мебошад. Маҳз бо дарназардошти ин хусусият аҳамияти амниятии омили фарҳангӣ боло рафта, чиҳати таҳким бахшидани он чораҳои гуногун андешида мешаванд. Яъне, метавон хулоса кард, ки омили фарҳангӣ дар муборизаҳои муосир аслиҳаи боэътимоди нобудсозии миллату давлатхои миллӣ пазируфта шуда, бо такя ба он низомҳои мустаҳкам ва иродаи сиёсии ҷомеаҳо ба шикаст рӯ ба рӯ шуда истодаанд.

Таҳдиди дигари фарҳангӣ, ки метавонад ҳувияти миллиро халалдор созад, ин  аз фарҳанги худ дур кардани миллатҳо ва соҳибӣ кардани рукнҳои муайяни фарҳанг аз ҷониби давлатҳо ва миллатҳои нисбатан пурқувват мебошад. Яъне, бозори «фарҳангхарию фарҳангфурушӣ» низ имрӯз серхаридор буда, таҳдиди муосирро ба мавҷудияти ҳувияти фарҳангӣ ба вуҷуд овардааст. Ин масъала, кулли миллатҳо ва давлатҳоро ба ташвиш овардааст. Аз он ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри муаррифии дастовардҳои фарҳанги миллии худ талошҳои зиёд намуда истодааст. Мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯз, ворид шудани Шашмақом, оши палав, фалак ва чакан ба феҳристи ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО  нишонаи он аст, ки кӯшишҳо баҳри муаррифӣ намудани миллат ва дастовардҳои фарҳангӣ дар хориҷи кишвар имрӯз муваффақона рафта истодаанд. Эътирофи намунаҳои ҷашнҳо, хӯрокҳои миллӣ ва ҳунарҳои миллӣ аз ҷониби ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун намунаҳои фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии миллӣ василаи беҳтарини соҳибӣ намудани фарҳанги миллӣ дар замони талошҳои шадиди фарҳангӣ маҳсуб меёбад.

Сиёсати фарҳангии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба таҳкими рукнҳои маънавии давлатдорӣ, пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи мардум, болоравии ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандории ҳамаи сокинони ҷумҳурӣ, пояндагии сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмии тамоми табақаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва дар маҷмуъ, барои таҳкими ҳувияти миллӣ нигаронида шудааст. тамоми тадбирҳое, ки аз ин раванд бармеоянд, ба таъмини истиқлолияти фарҳангии мамлакат мусоидат менамоянд.

Бо назардошти ин нуқта дар масъалаи таъмини амнияти миллӣ категорияи «амнияти фарҳангӣ»  ҷойи махсусро ишғол намуда истодааст, ки он ҳам ҷанбаи дохилӣ ва ҳам хориҷӣ дорад. Ҳарчанд ки қонунгузории имрӯзаи кишвари мо дар масъалаҳои амниятӣ ин мафҳумро ҳамчун самти амниятӣ пешбинӣ накарда бошад ҳам, он ҳамчун ҷузъи таркибӣ дар таснифи дигар самтҳои амният истифода шуда истодааст. Чунончи, амнияти иқтисодӣ, озуқаворӣ, ҷамъиятӣ, ҳарбӣ, экологӣ, иттилоотӣ, хориҷӣ ва амнияти ниҳодҳои давлатӣ тибқи қонунгузории кишвар ҳамчун самтҳои мустақилу муҳим арзёбӣ гаштаанд. Масалан, дар моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» ташаккули рӯҳияи умумимиллии ба ватандӯстӣ ва созиши байни миллатҳо асосёфта, устуворгардонии ягонагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун омили муҳим баҳри таъмини амнияти ҷамъиятӣ дарҷ гардидааст, ки бе тарғиби  низоми муайяни арзишӣ ва ғояҳои фарҳангӣ номумкин аст.

Бо назардошти хусусияти низомсоз доштани фарҳанг дар ташаккул ва ҳифзи ҳувияти миллӣ қайд намудан зарур аст, ки фарҳанг ҳамчун рукни таркибӣ ва омили таъминкунандаи ҳувияти миллӣ қодир аст гуногунрангии фарҳангиро нигоҳ дошта, ҳамзамон ҷиҳати бойгардонии тамаддуни инсонӣ хизмат кунад. Тамаддуни инсонӣ, дар нав-бати худ, таҷассумгари беҳтарин дастовардҳои инсоният дар мазраи ташаккули муносибати боадолатона, инсондӯстона ва ба эҳтироми якдигарӣ асосёфта мебошад. Аз ин нуқтаи назар, фарҳанг, ки худ ифодакунандаи дастовардҳои беҳтарини моддӣ ва маънавии миллат дар тӯли таърих маҳсуб меёбад, набояд ноодилона ва ғайриинсонӣ бошад. Тибқи фаҳмиши анъанавӣ фарҳанг ҳама зуҳуроти беҳтаринест, ки инсоният тайи давраҳои мавҷудияти худ офаридааст. 

Хусусияти дигари низомсози фарҳанг дар он аст, ки тавассути хотираи таърихӣ ва фарҳангии худ ҳар як миллат қодир аст ба шинохти асли худ ноил гардад, андешаи миллии худро ташаккул дода, баҳри амалӣ намудани ормонҳои миллӣ талош намояд. Маҳз бо назардошти муҳиммияти ин паҳлуи масъала рукни фарҳангӣ, моҳияти амниятӣ баҳри мавҷудияти давлату миллатҳо касб намуда, водор месозад то ба он назари махсус дошта бошем. Аз он ҷумла, яке аз ҷанбаҳои муҳимми он ҷанбаи арзишӣ дар низоми умумии фарҳанг мебошад. Яъне, кадом низоми арзишӣ ҷузъи таркибии ин ё он фарҳангро ташкил медиҳад,  моҳияти он ҳам чунин ранг мегирад. Арзишҳо дар ташаккули фарҳанг онро шакли хос дода, мазмуни онро арзишманд месозанд. Яъне, арзиши моддӣ ва ё иқтисодии объекти фарҳангӣ метавонад баъзан садҳо маротиба арзонтар аз арзишии маънавии он бошад. Чунончи, адолат, дӯстӣ, ҳамгироӣ, ягонагӣ ва муҳаббати байни инсонҳо хусусияти трасседентӣ дошта, онро дар доираи меъёрҳои иқтисодӣ баҳогузорӣ кардан мумкин нест. Аз ин нуқтаи назар, ҷанбаи арзишӣ ва ё аксиологии фарҳанг муҳиммияти онро барои ҷомеа ба маротиб боло мебарад.

Таҳлили ин раванд дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки талошҳои эҳёи анъана ва суннатҳои қадима, ҷашну идҳои миллӣ, ки тӯли ҳазорсолаҳо баҳри таъмини ҳувияти фарҳангии миллат хизмат намудаанд, маҳз бо назардошти таҳдидҳое, ки баръало эҳсос карда мешаванд, амалӣ гашта истодаанд. Зеро арзишҳое, ки ҷавҳари ин суннату идҳо ва анъанаҳоро ташкил медиҳанд, қодиранд ба дарки ягонагии комили миллат мусоидат намуда, дар шароити кунунии таҳоҷумҳои фарҳангӣ амнияти миллиро таъмин намоянд. Зеро шикаст дар муқовиматҳои фарҳангӣ ин маънои шикаст дар раванди рушди таърихии миллатро дорад.

Ҳамзамон бо ин, қайд намудан зарур аст, ки ҷашну маросим ва анъанаҳои ба урфу одат вобаста низ дар ҷойи холӣ ба вуҷуд наомада, балки натиҷаи таҷрибаи ҳамзистии одамон мебошад, ки меъёрҳои гуногун ва арзишҳои заруриро ташаккул дода, дар ҳар кадоми онҳо мазмун ва муҳтавои арзишмандро баҳри худ ташаккул додаанд. Тавассути чунин фаъолият миллатҳо ва халқиятҳо тавонистаанд ҳувияти худро нигоҳ дошта, аз санҷишҳои таърих сарбаландона гузаранд ва имрӯз дар арсаи байналмилалӣ худро ҳамчун миллат, давлат ва халқият муарифӣ намоянд.

 Аз ин рӯ, дар назар бояд гирифт, ки бедории андешаи миллӣ, устувории ҳувият ва ғурури миллӣ омили муҳимми таҳкимбахшандаи фарҳанг, забон ва арзишҳои таърихан ташаккулёфтае мебошанд, ки миллатҳоро барои муваффақ гаштан дар раванди давлатсозии миллӣ дилпур месозанд. Дар ин роҳ амалҳое, ки роҳандозӣ мешаванд, бояд ба бедории ҳисси миллӣ, шинохти асолати худ ва идома додани корҳои созандаи гузаштагон нигаронида шуда бошанд.

Стратегияи муҳимми дигар, ин ташаккули ифтихори миллӣ, тавассути тарғиби андешаи миллӣ, таҳкими ҳамгироии иҷтимоӣ, умумияти ғоявӣ ва шинохти асли хеш маҳсуб меёбад, ки дар ҷодаи таҳкими давлати миллӣ аҳамияти бағоят саривақтӣ дорад. Маҳз ҳамин хусусият водор месозад, ки ба масъалаи таъмини амнияти фарҳангӣ диққати ҷиддӣ дода бошем. Таҳмили арзишҳои бегона тавассути василаҳои дигари фарҳангӣ, аз он ҷумла  синамо, барномаҳои тарғиботӣ, ташкили омӯзишу вохӯриҳо дар зери чатри рӯоварӣ ва шиносоӣ бо фарҳанги «пешрафта»-и ин ё миллат,  ё давлат намунаи амалҳое мебошанд, ки дар марҳилаи муосири рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ васеъ истифода шуда истодааст. Вобаста ба ин. дарк бояд намуд, ки:

- мубориза тавассути василаҳои фарҳангӣ хусусияти осоишта дошта, тавассути таҳмили арзишҳо ва рукнҳои фарҳанги бегона ба устувории мафкураи ҷомеа таъсири ҳалкунанда расонида мешавад;

- мақсади муборизаҳои фарҳангӣ бидуни зӯроварӣ васеъ намудаи ҷуғрофияи таъсири миллатҳо ва давлатҳои бегона буда, бади ин васила ташаккули истеҳкоми боэътимод дар дохили объекти мавриди ҳуҷум қароргирифта мебошад;

- тарғиби арзишҳои фарҳангии бегона рукни таркибии муборизаҳои абарқудратҳо буда, тавассути он ба даст овардани иродаи ҷомеаҳо осон даст медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки ташаккули ифтихори миллӣ дар заминаи шинохти дастовардҳои бузурги таърихию фарҳангӣ василаи боэътимоди таъмини ҳувият ва ягонагии миллӣ буда, он муқовимати устувори давлати миллиро дар шароити муосири набардҳои фарҳангӣ таъмин карда метавонад. Дар робита ба ин, қайд намудан зарур аст, ки омилҳои фарҳангӣ хусусияти шаклсоз барои тафаккури ҷомеа дорад. Ҳамчун василаи мафкурасози ҷомеа фарҳанг қодир аст хусусият ва суръати равандҳои сиёсиро куллан тағйир диҳад, зеро он дар низоми мавҷудаи муносибатҳои иҷтимоӣ вазифаҳои гуногун, аз қабили ҳамгироӣ, роҳнамоӣ ва сафарбарнамоӣ, инчунин таъмини ягонагии ақидавии ҷомеаро низ иҷро менамояд. Касе наметавонад инкор кунад, ки муҳити иҷтимоии дилхоҳ ҷомеа бе низоми ташаккулёфтаи фарҳангӣ  қодир аст ҳувият ва ягонагии худро таъмин намояд. Сухан сари таҳкими фазои фарҳангие меравад, ки бояд, пеш аз ҳама, ба таъмини амнияти давлатию миллӣ, ҳифзи суботу амният ва тартиботи ҳуқуқӣ нигаронида шуда бошад.

Ҳамин тариқ, метавон хулоса намуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ омилҳои фарҳангӣ ҳамчун ҷузъи таркибии низоми амнияти миллӣ мавқеъ пайдо намуда, вобаста ба пурзӯршавии муборизаҳо ва бартариятхоҳии қувваҳои калони геополитикӣ дар меҳвари омилҳои таъминкунандаи муқовимати фарҳангию иттилоотӣ қарор мегиранд.

Маҳз бо дарназардошти ҳамин муҳимият зарур аст, ки ба баланд бардоштани мавқеъ ва нуфузи фарҳанг ҳамчун ҷузъи таркибии ҳаёти ҷомеа ва инсонҳо диққати ҷиддӣ дода шавад. Мафҳуми фарҳангро бо маънои васеаш истифода намуда, онро ҳамчун шакли намунавии иҷрои амал дар ҳаёти рӯзмарраи сиёсию ҷамъиятӣ бояд эътироф намоем. Зеро арзишҳое, ки ин низоми мукаммалро ташкил медиҳанд, қудрати тафаккурсоз ва инсонсоз дошта, имконият медиҳанд то ягонагӣ ва шинохти ҳувияти ҷомеа аз ҷониби субъектон таъмин карда шавад.

Омилҳои фарҳангиро ҳамчун василаи мубориза дар замони ҷаҳонишавӣ истифода бурда, тавассути онҳо метавон зиддияту ихтилофоти ба миёнояндаро бо роҳи созишу мусолиҳат бартараф намуд. Дар баробари ин, ба ташаккули инсон ва ҷомеаи комил, ки дар пояҳои арзишҳои ватандӯстию ифтихори миллӣ муттаҳид шудаанд, комёб гардид.

Дар баробари ин, зарур аст, ки дар низоми қонунгузории кишвар дар соҳаи амният мафҳуми «амнияти фарҳангӣ» низ ворид карда шуда, тавассути устувор гардонидани мавқеи меъёрию ҳуқуқии он аҳамияти он баланд бардошта шавад. Зеро собит гаштааст, ки фарҳанг ҳамчун зуҳуроти бисёрҷанба фарогири тамоми самтҳои ҳаёти инсон ва муносибатҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа буда, қудрати таъсиррасонӣ ба ташаккули тафаккури миллиро дошта, дар ин замина баҳри таҳкими ҳувияту ягонагӣ замина мегузорад. Фарҳанги иқтисодӣ, фарҳанги сиёсӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, фарҳанги муносибату муошират, фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва даҳҳо дигар таснифотеро имрӯз номбар намудан мумкин аст, ки дар шаклгирии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва таъмини рушди босуботи он таъсир расонида истодаанд. Дар баробари ин, ҳамчун омили тафаккурсоз баромад намудани фарҳанг аҳамияти амниятии онро бамаротиб баланд бардошта, танзими ҳуқуқии муносибатҳои дар ин доира баамалоянда амри зарурӣ мебошад. Воқеияти имрӯзаи иҷтимоию сиёсӣ собит намуда истодааст, ки дар фарқият аз ҷангҳои классикӣ ҷангҳои фарҳангӣ бо роҳи осоишта, тавассути василаҳои фарҳангӣ ба санъати хоси пешбурди мубориза рафта истодаанд.  Одамон ноогоҳона баъзан вориди онҳо гашта, дар сангари муқобил қарор мегиранд. Бевосита тарғибгари ғояҳои ҷониби мухолиф гашта, бедарак аз оне ки ба муқобили ҳастии фарҳангии худ мебарояд, вориди майдони муборизаҳо мегарданд. Аз ҳама хатарнокаш он аст, ки ин раванд хусусияти фарогир дошта, дар як вақт мафкураи якчанд наслро соҳиб мешавад. Масалан, таҳлили раванди ба фарҳанги бегона рӯ овардан ва пӯшидани сарулибоси ғайр дар байни занон нишон медиҳад, ки дар рӯ ба рӯи ин таҳдид на танҳо занони калонсоли оила, балки то хурдтарин нафари ҷинси зан ба пӯшидани он таҳрик дода мешаванд ва ё маҷбуран мепӯшанд. Хусусияти таҷовузкоронаи таҳоҷуми фарҳангӣ дар он аст, ки тавассути ҷой намудани тарс, раддимаъракакунонӣ ва дигар омилҳои таъсиррасонӣ шахсро дар шароити ғуломии мафкуравӣ нигоҳ медорад. Дар натиҷа, тақлиди кӯр-кӯрона аз пӯшидани либос сар шуда, бо номгузорӣ, тақлид ба тарзи зиндагӣ ва оҳиста-оҳиста ба омӯзиши забону фарҳанги ғайр анҷом ёфта метавонад, ки ин ҳолат маҳз ба бартарият додан ба фарҳанги бегона ва ночизу омиёна ва беарзиш донистани фарҳангу забони миллӣ сурат мегирад. Ин амал хатарнок ва зиддиятнок буда, аз тафриқаандозӣ оғоз гашта, метавонад бо несткунии фарҳанги миллӣ анҷом пазирад. Бо назардошти ин нуқтаи муҳим ташкили муқовимати устувори фарҳангӣ аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад, зеро Пешвои муаззами миллат беҳуда нагуфтаанд: «Фақат миллате, ки барои рушду такомули илму маориф ва фарҳанг ғамхорӣ зоҳир мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст».



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ободонии деҳот ободии Тоҷикистон аст

Ҳаёти иҷтимоӣ
Оила макони тарбияи шахсияти баркамолу худшинос аст

Оила макони тарбияи шахсияти баркамолу худшинос аст

Ҳаёти иҷтимоӣ
Истиқлолият ва стратегияҳои муваффақ

Истиқлолият ва стратегияҳои муваффақ

Хабарҳо
Об ва масъалаҳои рушди устувор

Об ва масъалаҳои рушди устувор

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Тандурустӣ ва экология
Нерӯи зеҳнӣ – сармояи беҳтарини ҷомеа

Нерӯи зеҳнӣ – сармояи беҳтарини ҷомеа

Хабарҳо, Маориф ва илм