Дар як сатр
» » ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ

ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ

8-05-2019, 09:24

9 МАЙ – РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

«Солҳо мегузаранд, аммо номи ҷанговарони қаҳрамон, ки дар ивази ҷони худ инсониятро аз офати фашизм наҷот бахшиданд, чун корнамоиҳои аҷдоди диловарамон ҷовидон боқӣ мемонад. Насли калонсол барои мову шумо заҳмат кашиданд ва имрӯз ёриву дастгирии мо дар ҳаққи собиқадорону калонсолон, махсусан ветеранҳои ҷангу меҳнат, барои наслҳои оянда сабақи зиндагӣ мебошад.

Имрӯз аз ҳазорон иштирокчиёни ҷанг шахсони башумор мондаанд, ки ба ҷо овардани иззату ҳурмати онҳо вазифаи муққадаси мост».

ЭмомалӣРаҳмон

 

 

Рӯйдоди фаромӯшнопазири башарият

Ғалабаи халқи Шӯравӣ бар фашизм дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар таърих чун воқеаи бузург бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.

Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Дар таърихи тӯлонии ҳаёти башарият рӯйдодҳое ба вуқӯъ пайвастаанд, ки бузургӣ ва шаҳомати онҳо бо гузашти замон боз ҳам бештар мегардад. Рӯзи Ғалаба бар фашизм аз ҷумлаи ҳамин рӯйдодҳои фаромӯшнопазир аст».

1418 шабонарӯзи муҳорибаи хунини Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаромӯшнашавандаанд. Дар солҳои ҷанг бештар аз 300 ҳазор нафар фарзандони Тоҷикистон, аз ҷумла аз вилояти Хатлон 147 ҳазор нафар  ба ҷанг фиристода шуд. Аз муҳорибаи ҷангӣ наздики 100 ҳазор нафар, аз ҷумла аз вилояти Хатлон қариб 40 ҳазор барнагаштанд.

Барои мардонагӣ, ҷасорат дар мубориза бар зидди фашизми гитлерӣ дар майдони ҷанг беш аз 55 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон, аз ҷумла наздики 16000 нафар аз вилояти Хатлон бо ордену медалҳои ҷангӣ  мукофотонида шуданд. Ба 63  нафари онҳо унвони Олӣ- Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, аз вилояти Хатлон ба 22 нафар дода шуда, 21 нафар ҷанговарони Тоҷикистон бо орденҳои "Шараф”, аз ҷумла аз вилояти Хатлон 4  нафар мукофотонида шуданд.

 

КОРНАМОИҲОИ РАҲМАТ - ПАРТИЗАН

Сол аз сол сафи иштирокчиёни ҶБВ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Ёвон кам мегардад. Имрӯз дар ноҳия ҳамагӣ 6 нафари онҳо боқӣ мондааст. Ҳол он ки дар солҳои ҶБВ аз ноҳияи Ёвон беш аз 2000 нафар ба фронт рафтаву аз ин миқдор танҳо 800 нафар ба ватан баргаштаанд. 1200 нафар ҷанговарони ёвонӣ ҷони худро дар майдонҳои набард баҳри ҳифзи ватан қурбон намуданд.

Имрӯз мо дар бораи яке аз родмардоне қисса карданием, ки аз деҳаи Кукутали Ҷамоати деҳоти "Ситораи Сурх”-и ноҳияи Ёвон ба ҷанг даъват гардида буд. Ин нафар Раҳмат Қаландаров мебошад, ки дар деҳаи Кукутали ноҳияи Ёвон 10-уми майи соли 1917 таваллуд шуда, то ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ даъват гардиданаш дар мактаби таҳсилоти миёнаи нопурраи деҳа омӯзгор буд.

...Омӯзгори ҷавон дар дил меҳри духтари ҳамсояашон Ширингулро мепарварид ва бо розигии модар ӯ мехост баъд аз ҷамъоварии ҳосили гандум бо дилдодаи худ тӯйи хонадоршавӣ барпо намояд. Баҳори соли 1940 ӯро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ даъват намуданд ва ӯ ба хизмати аскарӣ рафт.

Раҳмат Қаландаров хизмати ҳарбиро дар шаҳри Одессаи Украина оғоз менамояд. Рӯзҳои аввали хизмат барои ҷавоне, ки забони русиро намедонисту ҳамроҳаш ягон нафар аз тоҷикписарон хизмат намекард, ниҳоят мушкил буд.  Мушкилии Раҳматро командири взвод лейтенанти калон Валентин Богрионов осон намуд. Ӯ ба Раҳмат тавсия дод, ки ба китобхонаи қисми низомӣ рафта, луғати забони русӣ-тоҷикиро дарёфт намояд. Раҳмат чунин ҳам кард. Ҳангоми лаҳзаҳои фориғ аз хизмат фавран ба китобхона шитофта калимаҳои номафҳумро аз луғат навишта мегирифту аз ёд мекард. Бо ҳамин роҳ забони русиро аз худ намуд.

Дар ҷараёни машқҳои ҳарбӣ Раҳмат Қаландаров аз миномёт тир андохтанро ба хубӣ аз худ кард ва яке аз  тирандозони моҳири қисми низомӣ гардид.

Аз муҳлати хизмати ҳарбии Раҳмат Қаландаров як сол сипарӣ гардид. Дар он рӯзҳо Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз гардид. Ҳуҷуми ногаҳонии фашистони истилогар аз ҷумҳуриҳои Белорусу Украина оғоз гардида буд.

- Вақте ки фашистон ба Украина дохил шуданд, - нақл мекунад Раҳмат Қаландаров, - ҷанги нобаробар бо немисҳо оғоз гардид. Қисми мо дар ҷангалзори шаҳри Ленинск-Брянск камин гирифт ва фармон шуд, ки ҳатман пеши роҳи немисҳо гирифта шавад. Чандин шабонарӯз ҷангҳои шадид идома ёфтанд. Дар натиҷа аз нобаробарии қувваю бартарии шумораи техника ва сарбозони душман, қисми мо талафоти калон дод ва бо шумораи кам ба иҳота афтода, асири немисҳо гардидем.

Дар лагере, ки немисҳо моро нигоҳ медоштанд, ҳамроҳи  ман Азимови тоҷик, аз вилояти Суғд, Ивани рус аз вилояти Москва ва як нафар қазоқ, ки номашро фаромӯш кардаам, буданд. Мо бо якдигар дӯстони қарин будем. Ҳамеша бо ҳам будему як пора нонро бо ҳам  мехӯрдем. Аз дохили лагер ҷӯйи об мегузашт, ки чуқуриаш на он қадар зиёд буд. Ман ҷисман хурд будам, бо мадади дӯстонам тариқи он ҷӯй пинҳонӣ аз зери симхорҳо гузашта, бо партизанҳои рус вохӯрда, вазъияти лагерро ба онҳо фаҳмондам. Партизанҳо ба лагер ҳуҷум карда, асирони шӯравиро озод менамоянд. Акнун Раҳмат миёни партизанҳо хизматро идома медод. Ва аз ҳамон рӯз сар карда ҳамроҳонаш ӯро Раҳмат-партизан меномиданд.

Соли 1942 аз номи Сталин ба 100 нафар партизанҳо раҳматнома фиристода шуд, ки дар миёни онҳо номи Раҳмат Қаландаров низ буд.

Тирамоҳи соли 1943 дар натиҷаи пайваст шудани Фронти 1-уми Украина бо Фронти 2-юми Белоруссия қисми низомии онҳо дарёи Висларо убур карда, шаҳри Варшаваи Полшаро аз фашистон озод  менамоянд.

- Дар шаҳри Варшава моро ба взводи алоқачиён гузарониданд ва ба ман силоҳ доданд, - мегӯяд Р. Қаландаров.

Ӯ рӯзе ду аскари немисро асир мегирад ва барои ин мардонагиаш бо ордени  "Барои шуҷоат” мукофотонида мешавад.

Дар яке аз муҳорибаҳо баҳри озод намудани деҳаҳои Полша ӯ аз пойи чапаш захмӣ шуда, чанд муддат дар госпитали Варшава табобат мегирад. Баъди табобат ба қисми низомии худ баргашта, дар озод намудани шаҳри Берлин иштирок мекунад. Баъд аз ғалаба бар фашистон Раҳмат Қаландаров ду соли дигар дар Германия мемонад. Соли 1947 ба ватан бармегардад ва пешаи омӯзгориро идома медиҳад.

Имрӯз синни бобои Раҳмат Қаландаров ба 103 расида бошад ҳам, ӯ ҳанӯз бардам аст. Соате бекор нишаста наметавонад. Касби дуредгариро дӯст медораду қошуқу табақ, дутору гаҳвора месозад. Ин корро на барои ба даст овардани даромад, балки барои болидарӯҳӣ мекунад.

Дар арафаи Иди Наврӯзи оламафрӯз раиси вилояти Хатлон  муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ҳангоми сафари кориашон ба ноҳияи Ёвон, қабл аз ҳама, ба аёдати бобои Раҳмат омаданду як каф дуои хайри эшонро гирифтанд. Аз ин ташрифи раиси вилояти Хатлон  ин пирамарди 103-сола рӯҳу илҳоми тоза гирифта,  иброз доштанд, ки ӯ шукронаи соҳибистиқлолии ҷумҳурии азизамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони ӯ дар маҳалҳоро мекунад, ки ӯ барин пиронсолонро фаромӯш намекунанд. Ин пирамарди соҳибдил муҳтоҷи ягон чизе нест, зеро дар ҳалқаи фарзандону 136 набераю абера ягон танқисие надорад. Фақат дидори хуш ва суҳбати роҳбарони вилояту ноҳия умри пурбаракати ӯро боз ҳам рангинтару гуворо  мегардонад.

Рӯзи 10-уми май бобои Раҳмат мавлудашро дар ҳалқаи наберагону аберагонаш ҷашн мегирад. Ба ӯ хушию хуррамии рӯзгорро таманно менамоем.

 

МиралӣОдинаев,

ноҳияи Ёвон

АЗ КОЛХОЗОБОД ТО БЕРЛИН

Валӣ Алиев соли 1921 дар деҳаи Ғазғараки Ҷамоати деҳоти "Давлатобод”-и ноҳияи Шӯрообод (ҳозира ба номи Шамсиддини Шоҳин) ба дунё омадааст. Соли 1952 аҳли оилаи онҳо бо ҳукми тақдир ба хоҷагии ба номи Калинини ноҳияи Колхозобод (ҳозира ноҳияи Восеъ) кӯчида омаданд.

Оилаи Алиевҳо дар азнавсозиҳои баъди инқилоби октябр саҳми босазо доранд. Акнун зиндагии мушкил рӯ ба беҳбудӣ меовард. Мутаассифона, ҷанги фашизми гитлерӣ боз ба сари мардум бадбахтӣ овард.

Моҳи майи соли 1942 Валӣ Алиев ба хизмати ватан даъват шуд. Ӯ дар ҷанги зидди истилогарони фашизми гитлерӣ аз худ матонату ҷасорат нишон дода, дар сангарҳои хунин меҷангид. Моҳи феврали соли 1943 дар яке аз набардҳои шадид тоҷикписари диёри мо Валӣ Алиев захмин мешавад. Ӯро ба госпитали ҳарбӣ мерасонанд. Пас аз муолиҷа Валӣ наметавонист, ки ба майдони ҷанг равад. Аз ин таассуф мехӯрд. Ҳамяроқон дилбардорӣ карда гуфтанд: «Меҳнат дар ақибгоҳ низ чун майдони набард аст».

Валӣ Алиев баъди бозгашт аз ҷанг соли 1944 чанд муддат дар идораи шуъбаи таъминоти иҷтимоии ноҳия фаъолият намуда, боз бо хоҳишу дархости худ дубора ба майдони ҷанг меравад. Ӯ ин дафъа то охири ҷанг ва торумор шудани душман дар ҷанг ширкат мекунанд.

Пас аз мағлубияти Германияи гитлерӣ ба зодгоҳаш омада, дар кори барқароркунӣ ва тараққиёту пешрафти ватани азиз ҳиссагузор мешавад. Аввал, омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ва баъдтар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлобро ба итмом мерасонад ва аз соли 1959 то соли 1964 директори МТМУ №11 шуда кору фаъолият намудааст. Давоми солҳои кори омӯзгорӣ бо мукофотҳои зиёди давлатӣ қадрдонӣ шудааст. Ҳамчунин, Валӣ Алиев бо медалҳои зиёди ҷангию меҳнатӣ мушарраф гардидааст.

Ҳ. САИДОВ

Ҳаёти ибратбахш

Дар оилаи Муҳаммадхалил соли 1932 тифлаке ба дунё омад. Ӯро Шодибек ном ниҳоданд, бо умеде, ки дар оила доимо шодию фараҳ пойдор бошад. Аммо марг риштаи умри падари Шодибеки хурдсолро бармаҳал барканд. Соли 1945 модари меҳрубонашро низ аз даст дод. Шодибеки хурдсол аз падару модар маҳрум монд. Ӯ ба ҳама мушкилиҳои зиндагӣ тоб оварда, ниҳоят соли 1939 ба синфи 1, ба мактаби деҳаи Шкев дохил шуда, тайи 4 сол хонда ва 3 соли дигари таҳсилашро дар мактаби деҳаи Ёгеди Қалъаи Хуми ноҳияи Дарвоз давом медиҳад. Ӯ тӯли 7 сол дар ин деҳаҳо хонда, маълумоти миёнаро дар зодгоҳаш соҳиб гаштааст. Наврасии ӯ ба солҳои ҷанг рост омадааст. Шодибек ба ин нигоҳ накарда, дар қатори калонсолон дар саҳро меҳнат намуда, барои фронт маводи ғизоӣ мефиристонданд. Баъди 3 соли ҷанг аз деҳа ба омӯзишгоҳи педагогии вилояти Ғарм рафта, таҳсилашро дар он ҷо идома дода ва соли 1952 онро хатм мекунад.

Баъдан, ба Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии шаҳри Москва рафта, 3 ҳафта дар он ҷо хонд, сипас соли 1952 боз ба шаҳри Душанбе баргашта, ба Донишгоҳи педагогии ба номи Т. Г. Шевченко имрӯза ДДОТ ба номи С. Айнӣ, ба факултаи филологияи тоҷик ҳуҷҷат супорид. Донишгоҳро бомуваффақият хатм мекунад. Бо сабабе, ки хешовандонаш дар ноҳияи Муъминобод зиндагӣ мекарданд, ба ин хотир Шодибек ба ин ҷо омадаасту корро моҳи сентябри соли 1956 дар мактаби ба номи Карл Маркс, имрӯза МТМУ №2 ба номи Соҳиб Табаров, ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик шурӯъ мекунад. Баъди 1 соли кориаш Шодибекро сардори мушовирони шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод таъйин намуданд. Аз моҳи августи соли 1958 директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №4 - и деҳаи Кулчашма ба номи Луначарский таъйин гардида, кору фаъолият мекунад.

Аз соли 1962 ба ҳайси ҷонишини директор оид ба қисми илмӣ корро дар МТМУ №1 идома медиҳад. Ӯ дар ин муассиса тӯли 13 сол ба ҳайси ҷонишини қисми илмӣ кору фаъолият карда, аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба хонандагон дарс мегӯяд. Ӯ тамоми умри пурбаракати худро дар зинаҳои роҳбарии соҳаи маориф, дар ноҳияи Муъминобод гузаронидааст.

Устод дорандаи ифтихорномаву сипосномаҳо буда, соли 1947 медали "Барои меҳнати шоён”, соли 1980 унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳоят, соли 1985 Аълочии маорифии СССР – ро соҳиб мегардад.

Дар 60-солагиаш ба нафақа баромадааст.

Ӯ соҳиби 10 фарзанд- 5 писару 5 духтар мебошад, наберагону аберагони зиёде низ дорад.

Устод Шодибек Халилов фарзандонашро дар рӯҳияи хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва ватандӯстӣ тарбия намудааст. Ӯ 6 фарзандашро соҳиби маълумоти олӣ намуда, духтаронаш касби падарро пешаи хеш намудаанду писаронаш ба варзиш шуғл намудаанд, ки ҳоло Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистонанд.

Онҳо номбардори падару модар ва миллату ватани маҳбубамон- Тоҷикистонанд. Устод Шодибек Халилов дар давоми 40 соли собиқаи кории педагогиаш умри пурбаракати худро дар донишомӯзии фарзандони халқу миллат сарф намуда, шогирдони зиёде низ дорад, ки айни ҳол онҳо дар мақомотҳои гуногун кору фаолият мекунанд.

Устод Шодибек Халилов шук-ронаи тинҷию осудагӣ ва сулҳу суботи ватанро намуда, дар ҳалқаи фарзандон ва наберагону аберагонаш давлатӣ пирӣ меронад. Мо ба устод барои саҳми арзандааш дар тарбияи насли наврас арзи сипос намуда, таманнои тандурустиву умри бардавомашро аз даргоҳи Худованд хоҳонем.

 

СайҳомидСафаров,

ноҳияи Муъминобод

 

Сафҳаҳои рангин

Дар таърихи башарият 22 июни соли 1941 ҳамчун Оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ абадӣ сабт ёфтааст. Дар ин ҷанги оламсӯз ҷавонмардони зиёде ба ҳалокат расиданд. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати бузурге бо номи СССР вуҷуд дошт. Аз соли 1991 ватани ягонаи халқҳои Шӯравӣ дигар вуҷуд надорад. Ҳамзамон, 9 май чун рӯзи Ғалаба бар фашизми гитлерӣ таҷлил мегардад.

Имрӯз барои мардуми Тоҷикистон 9 май- рӯзи Ғалаба, рӯзи ҷашн аст. Рӯзи поси хотир, рӯзи гиромидошти ҳамдиёронамон, размандагони ин набарди ҷаҳонист. 9 май - рӯзи ёдбуди шаҳидони ин ҷанги оламсӯз аст. Рӯзи посдории хотираи кӯдаку бузурги дунё-қурбониҳои ин даҳшатноктарин воқеаи асри XX, ки фашизм бар сари инсоният овард.

Баробари оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз деҳаи Дишехи ноҳияи Балҷувон ҷавонони ватандӯст Раҷабов Абдулло, Раҷабов Юсуф, Шукуров Ҳасан, Неъматов Иноят, Неъматов Қаноат ва дигарон ихтиёрӣ ба ҷанг рафтанд. Онҳо барои озод кардани Украина, Полша, Руминия ва Чехославакия бо ордену медалҳои ҷангӣ  мукофотонида мешаванд.

Раҷабов Абдулло баъди бо ғалаба баргаштан аз ҷанг касби пуршарафи омӯзгориро давом медиҳад. Ӯ аз соли 1959 дар ноҳияи Вахш директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 таъйин шуда, соли 1984 ба нафақа мебарояд. Абдулло Раҷабов Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо ордену медалҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мукофотонида шудааст. Ҳамяроқонаш Шукуров Ҳасан ва Раҷабов Юсуф вақти озод кардани Чехословакия аз фашистон ба  ҳалокат расидаанд.

Бародарон Неъматов Иноят ва Неъматов Қаноат якҷоя ба ҷанг рафта, Неъматов Иноят бе ному нишон гашт. Қаноат ба ноҳияи Фархор омада, то лаҳзаи вопасин вазифаи котиби ташкилоти ҳизбии хоҷагии "40 солагии Октбяр”-ро ба ҷо овардааст. Яке аз бародаронаш Неъматов Ҷӯрахон, вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Фархор буду ба халқу ватан содиқона хизмат кард. Соли 2014 ӯ аз олам даргузашт. Фарзандон  кори неку номи неки Раҷабов Абдулло, Раҷабов Юсуф, Неъматов Иноят, Неъматов Қаноат, Мири Шариф, Шукуров Ҳасан ва Шарифов Каримро бошарафона давом медиҳанд. Кори неку номи неки онҳо дар хотири ҳамдиёрон, ёру дӯстон абадӣ боқӣ хоҳад монд.

Собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Вахш аз ғамхориҳои беназири  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сипосгузор буда, самимона изҳори миннадорӣ менамоянд.

 

МаҳмадраҳимРаҷабов,

раиси Шӯрои собиқадорони

башардӯсти ноҳияи Вахш

 

АЗ некон БОҒ...

"Ман ба кӯдакони ятиму бепарастор, маъюбону пиронсолон  ва иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ муроҷиат карда, изҳор менамоям, ки Шумоёнро ҳаргиз хор шудан намемонам ва ҳеҷгоҳ дар танҳоиву бесоҳибӣ намегузорам”.

ЭмомалӣРаҳмон , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Қаҳрамони майдони ҷанг Абдураҳим Раҳимов имрӯз дар қайди ҳаёт нест. Вале корнамоии ҷангию меҳнатии ӯ дар ёди дӯстону пайвандонаш абадӣ мондааст. Ӯ барои корнамоиҳои ҷангиаш бо зиёда аз 26 ордену медалҳои ҷангиву меҳнатӣ сарфароз гардидааст. Ҳаёту корнамоии ин абармарди меҳнат ва майдони ҷангӣ хеле фарох ва омӯхтанист. Ба риштаи сухан кашидани чанде аз корномаи меҳнатию ҷангии ин марди шуҷоъ дар тарбияи насли наврас аз аҳамият холӣ нахоҳад буд.

Ӯ ҳанӯз аз хурдӣ аз падар ятим монда, дар синни 14-солагӣ шаҳди меҳнати вазнини зиндагиро чашида аст. Аз наврасӣ ба арсаи меҳнат, аз ҳисобчии собиқ колхози Молотов (баъдтар ба номи Ленин) сар карда, котиби ҷамоат, раиси Ҷамоати деҳоти "Арал” (алҳол ба номи Қ. Ғиёсов) раиси колхозҳои ба номи  "Съезди XX партия”, Яккатут ва ба номи Ленин буд. Ҳангоми раиси Ҷамоати  деҳоти "Арал” буданаш, аз соли 1950 то соли 1978 (яъне 28 сол) ҷамоати номбурда дар ноҳия ва вилояту ҷумҳурӣ маълуму машҳур гардид. Хусусан нишондиҳандаҳои сокинони ҷамоат дар бисёр намудҳои хоҷагии қишлоқ намоён буданд. Хоҷагии ба номи Ленин  ва ҷамоат дар миқёси вилоят дар ҷамъоварии "тиллои сафед” ба пешравиҳои баланд ноил гардиданд. Барои ин нишондиҳандаҳои мардуми меҳнатӣ Абдураҳим Раҳимов бо Ифтихорномаи Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон сазовор гардонда шуд. Инчунин як гурӯҳи калони кишоварзони ҷамоат иштирокчии намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР дар шаҳри Маскав шуданд. Ин аст шамае аз кору рӯзгори пурбаракати абармарди арсаи ҷангу меҳнат Абдараҳим Раҳимов.

Абдураҳим Раҳимовро мардуми деҳаи Арал на танҳо сарвари соҳибтаҷрибаи хоҷагию иштирокчии майдони ҷанг, балки чун боғдору гулпарвари номӣ шинохта, ҳурмату эҳтиромаш мекарданд. Имрӯз навъи "Себи Абдураҳимӣ”-ро хурду бузурги деҳаи Арал медонаду парвариш мекунад. Ин навъи себ бо ҳамин лаззату бӯйи форам ва лаззатнокӣ дар дигар мавзеъҳо намерӯяд. Ин навъи себ пешпазак мебошад. Ба бобои Абдураҳим дар натиҷаи ранҷу меҳнати тӯлонӣ бо роҳҳои гуногуни пайвандкунӣ муяссар шуд, ки аз себҳои навъи ҷойдорӣ ин навъи себро ихтироъ кунад. Ин марди зиндадил бо кишоварзӣ, гулпарварӣ, лимӯпарварӣ низ машҳур гардида буд. Ӯ дар ҳамаи маъракаҳои мардуми деҳа маслиҳатчӣ ва гули сари сабад буд. Имрӯзҳо фарзандону наберагони марҳум бо роҳи ибратбахши бобои меҳрубонашон рафта, ба боғдорӣ, ки аз бобояшон барои онҳо мерос мондааст, шуғл меварзанд. Фарзандаш Шарифҷон, наберагонаш Манучеҳр, Давлатҷон, Ҷамшед ва Ҷаҳонгир давомдиҳандаи кори бобои худ буда, дар деҳа боғи хубе бунёд кардаву аз пайи он ризқу рӯзӣ меёбанд. Ҳар сол дар моҳи май ва фасли зебои баҳор фарзандону наберагон мавлуди падару бобои меҳрубони худро ҷашн гирифта, хотираи некашро ёдоварӣ мекунанд. Падари азизу меҳрубон моҳи май ду ид дошт: ҳам мавлуд ва ҳам иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Мардуми деҳаи Арал пешниҳод доранд, ки ба деҳа номи абармарди арсаи ҷанг ва меҳнат, иштирокчии  ҶБВ яке, аз поягузорони сохти колхозӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳим Раҳимов гузошта шавад.

Ш. РАҲИМОВ,

Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

САҲМИ БУЗУРГ ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Ҳамасола давлатҳои сулҳдӯст 9 майро ҳамчун Иди Ғалаба бар фашизми гитлерӣ қайд мекунанд. Соли ҷорӣ 74-умин солгарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз аз корнамоиҳои ҷангии иштирокчиёни ҷанг ва меҳнати фидокоронаи мардуми ақибгоҳ ёд карда мешавад.

Меҳнати фидокоронаи аҳолии Тоҷикистон  дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ, зери шиори «Ҳама барои фронт, ҳама барои ғалаба!» ва «Кори мо ҳақ аст, душман нобуд хоҳад шуд, ғалаба аз они мост» сурат мегирифт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 1945 агарчӣ дар ҳудуди оташи ҷанг қарор надошт, вале фоҷиаи хунини он ва бори асорати вазнини онро  ҳар як  хонадон эҳсос мекард. 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар Паёми табрикотии хеш ба ифтихори  рӯзи  Ғалаба таъкид мекард: «Ғалаба дар ҷанги дуюми ҷаҳон маҳз ба шарофати дӯстии халқу миллатҳои собиқ шӯравӣ муяссар гардид, ки ин нуктаро ҳеҷ кас ҳаққи фаромӯш кардан ё нодида гирифтан надорад».    

Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб 3 тан аз иштирокчиёни ҶБВ кору зиндагӣ мекунанд. Дар арафаи рӯзи Ғалабаи бузург аз корнамоиҳои ҷангиву меҳнатии онҳо ёдрас мешавем. 

 

Мирзо Бекматов,

иштирокчии Ҷбв

Бекматов Мирзо 22 августи соли 1924 дар деҳаи Зардолуваки ноҳияи Шӯрообод дар оилаи деҳқони камбағал таваллуд шудааст. Бо амри тақдир соли 1934 падару модараш дар як рӯз вафот мекунанд. Ин талафоти вазнине буд барои ин писараки хурдсол. Баъди ин нохушӣ дар тарбияи хоҳарбузургаш Марзия мемонад. Баъди як сол Марзия ӯро ба интернати бачагонаи Шӯрообод месупорад. Соли 1940 Мирзо омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлобро хатм карда, соли 1940 ба техникуми роҳсозии шаҳри Душанбе дохил мешавад. Ҳамзамон, дар сохтмони роҳи автомобилгарди Сталинобод - Хоруғ ширкат варзид. Мутаассифона, баъди як сол бо сабаби саршавии ҷанг техникум баста мешавад. Бекматов Мирзо ба Донишгоҳи муаллимтайёркунии шаҳри Тошканд дохил мешавад. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ донишгоҳ ба госпитали  ҳарбӣ табдил ёфт. Бекматов Мирзо ба касби муаллимӣ машғул гардид. Мирзои 17-соларо ба ҳайси муаллим ба ноҳияи Шӯрообод мефиристанд.

Мирзоро ҳисси ватандӯстӣ ором нагузошт. Ӯ ихтиёрӣ ба фронт  рафт. Аз моҳи январи соли 1943 то соли 1945 дар ҳайати бригадаи танкии шаҳри Витебск, ба сифати командири гурӯҳи зенитчиён ҷангид. Баъд дар ҷангҳои шадиди зидди фашистони немис фаъолона иштирок мекунад. Моҳи августи соли 1946 ӯро аз фронт ҷавоб медиҳанд. Ба зодгоҳаш баргашта, котиби комитети комсомолии ноҳия шуда кор мекунад. Соли 1948 то соли 1950 дар мактаби олии комсомолии шаҳри Москва таҳсил кард. Пас аз хатм котиби комсомолии вилояти Кӯлоб таъйин карда шуд. Аз октябри соли 1952 то соли 1954 мудири шуъбаи комитети партиявии шаҳри Кӯлоб, аз соли 1954 ба сифати мудири шуъбаи маданияти вилояти Кӯлоб адои вазифа мекунад. Аз соли 1955 то соли 1964 мудири шуъбаи комитети партиявӣ ва баъдан чанд соли дигар раиси комиҷроияи шаҳри Кӯлоб шуда адои вазифа кардааст. Солҳои 1960-1964 дар вазифаи раиси комитети иҷроияи шаҳри Кӯлоб фаъолият кард. Баъд аз хатми факултети таърихи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ба номи С.Айнӣ)  ӯро ба мактаби олии Ҳизби коммунистии шаҳри Москва ба таҳсил мефиристанд.

Соли 1965 Мирзо Бекматов ба мактаби олии ҳизбии шаҳри Москва дохил шуда, онро бомуваффақият хатм мекунад. Аз соли 1965 то соли 1974 дар вазифаи котиби якуми кумитаи ҳизбии шаҳри Кӯлоб, баъд аз он ба вазифаи раиси комитети назорати халқии вилояти Кӯлоб кор мекунад.

Саҳми арзанда ва бевоситаи Мирзо Бекматов дар рушду бунёди шаҳри Кӯлоб бузург аст. Дар солҳои 1960-1965 бо ташаббуси ӯ аз деҳаҳои Ҷангалбошӣ ва Тебалай ба шаҳри Кӯлоб хатти об кашида шуд. Пули сойи Тебалай барқарор карда, азнавсозии кӯчаҳои шаҳр беҳтар гардид. Меҳмонхонаи «Кӯлоб», роҳи Кӯлоб-Даҳана, Хонобод - Давлатобод сохта, базаи автомобилӣ, заводи пахта ва заводи равғанбарорӣ азнавсозӣ карда шуд. Мактаб-интернати сеошёна барои 400 ҷой, варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб сохта шуданд. Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб таъсис ёфт. Таҳти роҳбарии ӯ дар шаҳри Кӯлоб 30 ҳазор метри квадратии хонаҳои истиқоматӣ, канализатсияи шаҳр, ду мактаб барои 2400 ҷой, омӯзишгоҳи касбӣ-техникии шаҳр ва дигар иншоот сохта шуданд. Дар замони роҳбарии ӯ боз як қатор иншооти хурду калони аз ҷиҳати иқтисодӣ аҳамиятдоштаро сохта ва ё аз нав барқарор карданд.

Соли 2010 бахшида ба 65-умин солгарди Иди Ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизми Германия дар ҶБВ собиқадорони ҷанги дуюми ҷаҳон аз мамлакати Фаронса Мирзо Бекматовро барои иштирок дар тантанаҳои идона даъват намуданд. Мирзо Бекматов ин даъватро бо камоли эҳтиром хуш пазируфта, дар тантанаи бахшида ба ин санаи таърихӣ дар Париж баромад намуд. Ҳоло ӯ роҳбарии Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлонро ба уҳда дорад.

Мирзо Бекматов ду даъват депутати Совети Олии Тоҷикистон буд. Ӯ Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди ифтихории шаҳри Кӯлоб мебошад. Номбурда 4 маротиба бо Ифтихорномаи фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадр карда шудааст.

Шарифов ҒУЛОМ,    

маъюби гурӯҳи дуюми

Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Ғулом Шарифов соли 1943 ба сафи армия даъват карда мешавад. Ӯ зиёда аз як сол дар самти фронти Украина дар полки тирандозӣ бар зидди фашистони истилогар ҷангидааст. Тобистони соли 1944 дар яке аз задухӯрдҳо баҳри озод намудани Ватан захмӣ мегардад. Баъди табобат ӯ ҳамчун маъюб ба ақибгоҳ фиристода мешавад. Ба зодгоҳаш ноҳияи Данғара баргашта, колхозчӣ шуда кор мекунад ва баъдтар ба шаҳри Кӯлоб кӯчида меояд. Ӯ аз соли 1950 то соли 1957 дар сохтмони роҳи оҳани камбари Қӯрғонтеппа-Кӯлоб саҳми арзанда гузоштааст. Аз соли 1957 то ба нафақа баромаданаш дар корхонаи сохтмони роҳсозии ДСУ-4-и шаҳри Кӯлоб ба ҳайси булдозерчӣ хизмат кардааст. Меҳнатҳои Шарифов Ғулом аз тарафи Ҳукумати Советӣ бо як қатор ордену медалҳо, аз ҷумла ордени Ленин, бисёр медалҳои ҷангӣ, грамотаи Президиуми Совети Олии Тоҷикистон, медали «Ветерани меҳнат» ва ғайраҳо қадрдонӣ шудааст.

Ӯ имрӯз сарбаланду шукронаи даврон мекунад, ки ба ҷашни 74 -солагии Ғалаба расидааст. Дар баҳори 94-солагии хеш дар ҳалқаи фарзандонаш умри пурбаракатро гузаронида истодааст. Умрат дарозу файзбор бод, эй марди накуном!

Холматов ДИЛДОРБЕК ,

маъюби Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Холматов Дилдорбек соли 1926 дар деҳаи Зардолуваки ноҳияи Шӯрообод дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. 17-уми июни соли 1944 ихтиёрӣ ба дифои Ватан рафта, то 20-уми сентябри соли 1950 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР хизмат кардааст. Холматов Дилдорбек баробари ба ҷанг рафтанаш дар полкҳои 568, 1943, 335-уми пиёдагарди тирандозӣ  хизмат кардааст ва ҳиссаи худро дар торумори фашистон гузоштааст.

Холматов Дилдорбек соли 1950 бо сари баланд ба зодгоҳи хеш бар мегардад. Акаи Дилдорбек аввал деҳқониро касб карда, дар зодгоҳаш кор мекунад ва баъд ба шаҳри Кӯлоб кӯчида, дар идораи Кӯлоб роҳсоз коргар мешавад.

Д. Холматов барои далерию мардонагиаш дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» дараҷаи дуюм, барои заҳматҳои бисёрсолааш бо медали «Барои меҳнати шоён» ва дигар мукофотҳо қадрдонӣ гардидааст.

Б. Сафаров




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Аз ҷавонӣ то ба пирӣ дар хизмати ватан

Аз ҷавонӣ то ба пирӣ дар хизмати ватан

Чеҳранигорӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Рӯйдоди  фаромӯшнопазири башарият

Рӯйдоди фаромӯшнопазири башарият

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Иштирокчии ду набард - Қурбоналӣ Азимов

Иштирокчии ду набард - Қурбоналӣ Азимов

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Достони чор бародари ҳамяроқ

Достони чор бародари ҳамяроқ

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Саҳми тоҷикистониҳо дар ғалаба бузург аст

Саҳми тоҷикистониҳо дар ғалаба бузург аст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҳуқуқу амният