Дар як сатр
» » Шукри Эмомалӣ Раҳмон мекунем

Шукри Эмомалӣ Раҳмон мекунем

10-05-2019, 11:20

(Бардошт аз сафарҳои кории Сардори давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба  шаҳру ноҳияҳои кишвар)

Офтоб ғуруб мекунад. Нурҳои зарринашро аз дунёи нозанини рангоранги сабзу хуррам меғундорад. Дар қабати абрҳои хокистарӣ нурҳои равшанибахши хуршед оҳиста пинҳон мешаванд. Лаҳзае шафақ лолагун метобад, гӯё дар қабати абрпораҳо лахчаи сурхчатоби сӯзон пайдо шуда, лаҳзае ҷило медиҳаду боз дар оғӯши абрпораҳо нопадид мегардад. Оҳиста-оҳиста ба дунёи равшан олами торикӣ пардаи сиёҳи худро паҳн мекунад. Боз як рӯзи зиндагӣ поён меёбад. Чӣ рӯзе буд он рӯзе, ки навакак аз пеши назарамон гузашт, чӣ нақше доштем, кадом корҳои судбахшеро анҷом додем. Оё аз лаҳзаҳои гузаштаи умри худ афсӯс намехӯрем? Ҳаётамон судманд, хотирмон ва нек буд?

...Рӯзҳо меоянду мераванд, ҳафтаҳо, моҳҳо, солҳо паси сар мешаванд ва умр чун оби дарё мегузарад. Гузашта дигар ҳеҷ гоҳ барнамегардад, аз он танҳо хотира боқӣ мемонад, ки он шоиста ва нек бошад, одамон бо ҳавас, бомеҳру муҳаббат ёдовар мешаванд. Зеро некиву меҳрубонӣ, кушодарӯӣ ҳусни инсон аст. Он чӣ дар ҳаёт бунёд мекунем, бинои саодати мост. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳар рӯзу сол, ҳар нафаси ҳаёташро баҳри ободонии ватан, хушҳолии ҳар хонадон ва ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони азиз сарф мекунад.

Дар ин маврид солҳои хушу хотирмон зиёданд. Масалан, 9 июли соли 2009 Сарвари давлат баҳри шиносоӣ бо рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ба ноҳияи Хуросон сафар карда, баҳри расонидани кумакҳо ба аҳолии зарардида тадбирҳо андешид. Дар ноҳия 148 хона пурра ва 127 хонаи дигар қисман аз селу лоиқа зарар дида буд.

Бо супориши Сарвари давлат 132 оила бо хонаҳои нав ва ашёи рӯзгор ба таври ройгон таъмин шуда, 310 оила бо масолеҳи сохтмонӣ ва 58 оилаи дигар бо қитъаҳои наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд. Дар маҷмуъ ба 500 оила кумак расонида шуд. Ана ин аст адолатпарварӣ, ин аст ғамхорӣ дар ҳаққи корафтодагон, ин аст сифатҳои неку олии инсонӣ.

Вақте ки шаҳри бостонии Кӯлоб аз ҳодисаи табиӣ зарар дид, Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазъият ошно шуда, бо зарардидагон суҳбат кард, фикру мулоҳизаҳои онҳоро шунида, ваъда дод, ки баҳри ислоҳи вазъият шароити мусоид фароҳам овардан ба зарардидагон тадбирҳо меандешад. Ба гурӯҳи зарардидагон барои сохтмони биноҳои нав қитъаи замин ҷудо карда, биноҳоро бо тамоми таҷҳизот ва ҷиҳози хона ба соҳибонаш ройгон супориданд. Зарардидагон аз ин амалҳои хайр ва ғамхориҳои Сарвари давлат миннатдорӣ изҳор карда, дар ҳаққаш дуои нек мекарданд.

Дар сафарҳояш Сарвари давлат ба минтақаҳои гуногуни кишвар бо одамони гуногункасб вахӯрда, бо мардум суҳбат меорост, талабу дархостҳои онҳоро бо камоли диққат гӯш медод, ба эҳтиёҷмандон ва корафтодагон кумак расонда,  истеъдодҳои нодирро дастгирӣ мекард. Ҳофизаи хушовоз, вале нобино Матлуба Раҳимоваро аз ноҳияи Ёвон ба Душанбе даъват карда,  ӯро бо манзил таъмин намуд ва ба идомаи фаъолияти ҳунараш мусоидат намуд. Имрӯз сурудҳои ин сарояндаи дилпазирро тамоми кишвар тавассути оинаи нилгун тамошо карда, аз он лаззат мебаранд.

Сарвари давлат онҳоеро фаромӯш намекунад, ки замоне барои ободию озодии ин сарзамин ҷонбозиҳо карда, аз хеш номи нек боқӣ гузоштаанд. Вақти сафарҳояш ба шаҳру ноҳияҳои кишвар фурсат ёфта, ба аёдати собиқадорони ҷангу заҳмат рафта, аз ҳолу аҳволашон пурсон мешавад. Президенти мардумӣ ҳар тоҷику тоҷикистониро азиз дониста, дар мавридҳои зарурӣ ёрию мадад мерасонад. Шодравон, нависандаи маҳбуб Сотим Улуғзодаро дар шаҳри Москва хабар гирифта, ҳолу аҳвол пурсид. Шоири номдор, шодравон Бозор Собирро аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ватан, ба Тоҷикистони азиз даъват кард. Ба таври доимӣ ба ятимону бепарас-торон ғамхорӣ мекунад. "Ман шуморо хор шудан намемонам”. Ин суханони рӯҳбахши Сарвари давлат пирони барҷомондаро шод гардонид.

Сарвари давлат ҳамеша таъкид мекунад, ки ватани худро дӯст доред, ифтихор намоед, ки чунин ватани ободу зебо доред. Дар ҳақиқат, дар даҳсолаҳои охир Тоҷикистон ба дараҷае ободу зебо гардидааст, ки дар 70-соли собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ин дараҷа ободу зебо нашуда буд. Дар рӯзҳои ҷашну тантана ба ёд овардани инсонҳои ба ватан хизмати шоис-такарда, куҳансолону иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва қадрдонӣ намудани онҳо аз хислатҳои неку ҳамидаи Сардори давлат маҳсуб меёбад.

Ин амал ба одамон неруи тоза ва як олам хушҳолӣ мебахшад. Мардуми кишвар дар ёд надоранд, ки замоне ягон сарвари давлате ин гуна ба онҳо дар маҳалли зисташон вохӯрда, фикру мулоҳиза, таклифу дархостҳои онҳоро ба ҳисоб гирифта, баҳри амалӣ шудани он тадбирҳои таъсирбахш андешида бошад.

Садсолаҳо гузарад ҳам, хизматҳои беназари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз хотири наслҳои имрӯзу оянда фаромӯш нахоҳад шуд. Зеро ӯ баробари сарвари мамлакат интихоб шуданаш тавонист дар дохили кишвар низоъҳои тафриқаангезро барҳам диҳад, мардумро муттаҳид намояд, хоҷагии халқро рушду нумӯъ бахшад, бо давлатҳои гуногуни олам робита барқарор намояд. Таҷрибаи сулҳи тоҷиконро имрӯз ҷаҳониён омӯхта, аз он ибрат гирифта, истифода мебаранд. Беҳтарин ва муҳимтарин дастоварди Сарвари давлат барқарору таъмини сулҳи деринтизори мардуми тоҷик мебошад, ки онро ҳар кас ва ҳар оила интизор буд. Ҷойи дунёи ғамро дар  кишвар олами шодӣ фаро гирифт.

Сарвари давлат ба вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои кишвар бештар сафар мекунад. Ин маънои онро дорад, ки дар ин минтақаҳо иморатҳои нави замонавӣ қомат рост карда, корхонаҳои нав ба кор медароянд, садҳо одамон соҳиби ҷойи кор мешаванд.

Соҳибкорони кишвар дастгирию ғамхории Роҳбари давлатро ҳис карда, дар бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, мактабҳо ва дигар сохтмонҳои муҳим саҳм мегузоранд. Дар мулоқоту вохӯриҳо ҳар як сухани Сарвари давлат боиси дигаргунӣ, ободӣ, беҳбудии ҳаёти одамон мегардад.

Имрӯз мардуми кишвар аз он шоду сарфарозанд, ки дар замони осоишта ҳаёти хушу хуррамона доранд, аз имрӯзу фардои худу фарзандонашон дар ташвишу изтироб нестанд. Одамон ба якдигар дӯсту бародар, ғамхору мададгор шудаанд. Ин тухми дӯстӣ, меҳру муҳаббатро Сарвари кишвар дар қалбҳои одамон кишт , ки он ҳаётро ширину гуворо кардааст. Имрӯз мардум бо дили шод аз созандагию бунёдкорӣ, ташаббусҳои наҷиби Сарвари давлат дар арсаи байналхалқӣ ҳарф мезананд.

Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат халқҳои гуногуни давлатҳои олам Тоҷикистонро шинохта, ташаббусҳои Президенти ҷумҳуриро ҷиҳати оқилона истифода бурдани оби сайёра ҷонибдорӣ менамоянд.

Хайрхоҳӣ, арҷгузорӣ ба фарзандони фарзонаи миллат, садоқат ба мардуми диёр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро маҳбуби халқ гардондааст. Одамон шукр мегӯянд, ки Худованд чунин Роҳбари худогоҳу хирадманд, ғамхору халқпарварро насибашон гардондааст.

Б. САЙДАЛИЕВ,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шукри Эмомалӣ Раҳмон мекунем

Шукри Эмомалӣ Раҳмон мекунем

Ҳаёти иҷтимоӣ

БАРГАРДОНИДАНИ 84 КӮДАК БА ВАТАН - ДАЛЕЛИ ТАВОНОИИ ДАВЛАТ ВА СИЁСАТИ БАШАРД ...

Сиёсат
Амиршо Миралиев - раиси ободгар

Амиршо Миралиев - раиси ободгар

Чеҳранигорӣ, БОЙМУРОД САЙДАЛИЕВ

Сарчашмаи меҳру вафо

Ҳаёти иҷтимоӣ

Нақши Пешвои миллат дар устувории ваҳдату ягонагӣ

Номаҳои Шумо