Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Салима шавҳар карду пушаймон шуд


Салима шавҳар карду пушаймон шуд



Хондану соҳиби маълумоти олӣ гаштан барои ҳар як инсон муҳим ва зарур мебошад. Зеро пешрафти ҷомеа аз фаҳмиши инсоният вобаста аст. Махсусан, барои зан, ки хушбахтии ҷомеа, тарбияи фарзандон ва бунёди оилаи солим дар дасти ӯст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромаду суханрониҳои хеш дар бораи таҳсили духтарон таъкид менамоянд, ки духтарони соҳибмаълумот ба ҷойҳои корӣ таъмин карда шаванд. Мутаассифона, ҳоло ҳам ҳастанд нафароне, ки ҳар гуна ақидаҳои нолозим, ба монанди “Духтара чиву хонданаш чӣ”-ро дар фикрашон парвариш намуда, духтарони худро хондан намегузоранд. Салима Ҳакимова аз чунин занҳое мебошад, ки таҳсил накардааст, ҳоло дар зиндагӣ ранҷ мекашад. Ӯ соҳиби се фарзанд аст. Шавҳараш Салимаро бо се кӯдак партофта аз ӯ ҷудо шуд.

Акнун Салима пушаймон аз он аст, ки таҳсил накарда ба шавҳар баромадааст. Ҳоло ӯ бо се фарзандаш дар хонаи модар зиндагӣ мекунад. -16 сол доштам, ки маро ба шавҳар доданд. Орзуи хонда соҳиби касб шуданро доштам. Шавҳарам нохонда буд, маро ҳар рӯз лату кӯб мекард. Азоби зиёд доштам. Фарзанди сеюмам дар батнам буд, ки маро талоқ кард. Нигоҳубини се кӯдаки ноболиғ ба дӯши ман монд. Зиндагиам сиёҳ шуд, - бо дарду алам нақл мекунад Салима. -Ҳар лаҳзае, ки ба кӯдаконам менигарам, дилам реш-реш мешавад.

Дар гӯшае менишинаму бо дили сӯхтаам оҳи сарде мекашам, вале чӣ илоҷ, оби рехтаро ҷамъ кардан номумкин аст. Сабабгори ҳама ранҷу азоби ман волидонам ҳастанд. Онҳо агар мегузоштанд, ки ман соҳиби маълумот шавам, ҳоло дастнигари бародару янга намешудаму нони даҳони кӯдаконамро худам меёфтам, - илова карда мегӯяд ӯ.

Тақдири Салима нишон медиҳад, ки ҳоло ҳам баъзе волидон барои хондани духтар зид ҳастанд. Аммо, бисёранд он ҷавондухтароне, ки ҳам таҳсил карданд ва ҳам оилаи хубе барпо намуданд. Аз ҷумла, Муҳаббат Маҳмадалиева аввал хонда соҳиби диплом шуд ва ҳоло саромӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав аст.

Муҳаббат Маҳмадалива тибқи квотаи президентӣ аз ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ ба донишгоҳ дохил шудааст. Дар урфият мегӯянд: “Агар як мардро соҳиби маълумот кунед, як нафар соҳибилм аст, вале агар як занро соҳимаълумот кунед, гӯё як маҳалларо соҳиби маълумот кардаед”.

Зеро зан модар аст ва тарбияи бештари кӯдак бар дӯши модар аст. Кӯдак ҳар он чизеро, ки аз муҳиташ мебинаду мешунавад, ҳамонро қабул мекунад. Танҳо босавод будани модар метавонад ҷомеаро босавод гардонад.

-Хушбахтона, ман ҳам таҳсил намудам ва тавонистам, ки дар зиндагӣ дар баробари мардони оила ба буҷети оила кумак расонам,- гуфт зимни суҳбат ба рӯзномаи “Хатлон” Муҳаббат Маҳмадалиева. Баъзе нафароне ҳастанд, ки таҳсил кардаанду ба қавле дипломро таги сар карда, аз рӯйи ихтисос кор намекунанд. Фирӯза Ҳасанова (номи шартӣ) аз зумраи чунин занҳост.

Фирӯза сокини шаҳри Душанбе буда, соҳиби ду фарзанд мебошад. Ӯ коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлобро хатм намудааст. Аз лиҳозе, ки оилаи шавҳараш дар шаҳри Душанбе буданд, аввалин собиқаи кории худ-ро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 39-и деҳаи Ҷанубии ҳамонҷо оғоз кардааст.

“Дар аввали рӯзҳои кориам касе зид набуд. Чунки дар баробари мардони хона ман ҳам ба буҷети оила кумак мерасонидам. Бо ҳамин тӯли ду сол дар муассиса кор кардам. Вале оғози соли сеюм, хушдоманам ба кор карданам зид баромад.

Ҳар гоҳ, ки аз кор меомадам, ба ҳар баҳонае бо ман муноқиша мекард. Ҳатто рӯзе ба шавҳарам шикоят карда, гуфт: “Ман арӯсро барои кору бори хонаи худам овардаам, на барои кори давлат. Мани кампири бечора рӯз то шаб корҳои хонаро мекунам, ҳамсари ту ба кор меравам, гӯён берун аз хона сайру гашт карда мегардад”.

Ин буд, ки шавҳарам ҳам барои ба кор рафтанам иҷозат надод. Инак, се сол мешавад, ки фаъолият надорам худро дар хона ранҷур ҳис мекунам”, -гуфт Фирӯза.

Таҳсил дар муассисаҳои олии касбӣ шахсро дигаргун мегардонад, новобаста аз он, ки ӯ зан аст ё мард. Тавре, ки номзади илмҳои педагогӣ мудири кафедраи психологияи ДДБ ба номи Н Хусрав Сафаралӣ Раҳимов мегӯяд: ”Замоне расидааст, ки бояд ҳамагон касбе ва ё шуғле дошта бошанд, то дар зиндагӣ роҳи худро ёбанд. Инчунин мақсадҳое, ки дар зиндагӣ доранд, ба ҳадаф расонанд “.

Коршиносон ба он назаранд, ки аксарияти ҷудошавии оилаҳои ҷавон аз надоштани илму дониш ва касбу кор аст. Вақте зану шавҳар таҳсилдида ва соҳиби маълумоти олианд, ба ҳамдигар забон меёбанду зиндагии хуберо барпо месозанд...

Нигора Раҳимзода, таҷрибаомӯзи “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода