Дар як сатр
» » Зиндагӣ дар ғурбат сахту талх аст

Зиндагӣ дар ғурбат сахту талх аст

3-05-2019, 07:30

 «Мо ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки ягон кӯдаки тоҷик берун аз ватан азият бинаду дар асорат бошад».

Пешвои миллат ЭмомалӣРАҲМОН

 

Вазъи имрӯзаи аксар давлатҳои ҷаҳон ба гирдоби ҷангҳои террористиву ифротгароӣ дучор гардидани онҳо ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст. Бо кӯшиши хоҷагони хориҷӣ ба ин ҷанг қариб аз тамоми ҷаҳон, хоса аз Машриқзамин, гумроҳзадагони зиёде кашида шудаанд. Аз ҷумла, аз Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо низ. Бинобар эҳтиёҷоти зиндагӣ бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус ҷавонон, дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Дар байни онҳо гумроҳзадагону зудбоварон кам нестанд, ки бо дахолат ва далолати хоҷагони манфиатхоҳу манфиатбини хориҷӣ ва бо ваъдаи пулу пайсаи бисёр бо фиребу найранг ба ҷангҳои Ироқу Сурия мекашанд.

Мутаассифона, дар худи Тоҷикистон низ ҷавонон ва ҳатто калонсолони гумроҳзадае ҳастанд, ки ба умеди дарёфти маблағ ҳатто зану фарзандонашонро гирифта, дар хориҷи кишвар ба ДИИШ мепайванданд. Ҷанг қонунҳои худро дорад, яъне ҷанг аст, бе маргу куштор намешавад. Як қисмати онҳо дар он ҷо ё кушта мешаванд ё ба асорат меафтанд, хуллас онҳоро пайваста марг таҳдид мекунад, зуд ё дер ба дасти аҷал мераванд. Боиси таассуф аст, ки фарзандони онҳо дар мулки бегона бекасу бесоҳиб мемонанд. Ҳамаи ин амалҳои ношоиста ва ҷабри  фарзандони бегуноҳ фарзанди фарзонаву дардошнои халқи тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро беғаму бетараф гузошта наметавонад. Аз ин рӯ, рӯзи 30 апрели соли равон бо супориши Роҳбари давлат  84 нафар кӯдаки ятиму бесоҳибмондаро, ки дар маҳбас, зиндон, боздоштхонаву марказҳои нигоҳдории давлати Ироқ буданд, ба Тоҷикистон баргардонданд. Барои онҳо оҷилан шароитҳои зиндагӣ ва таълимиро муҳайё намуда, дар хобгоҳу мактаб-интернатҳо ҷой карданд. Бо иқдоми неку ғамхории падаронаи Пешвои миллат бозовардани кӯдакони ятиму бесаробонмонда аз Сурия идома дорад. Мо-модарон аз чунин ташаббуси наҷибонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зиёда ба ваҷд омадаем ва ашки шодиву хурсандӣ мерезем.  Хабари аз давлати Ироқ ба ватан бозовардани 84 нафар атфолро аз маҳбасхонаҳо ва дигар боздоштҳо тариқи телевизиони Тоҷикистон дида, ашки шодӣ рехтем. Ман модарам ва тамоми атфолро чун фарзанди дилбанди хеш дӯст медорам. Вазъи зиндагии онҳоро дар маҳбасхонаву зиндон ва боздоштхонаҳо пеши назар оварда, қалбам реш-реш мегардад. Дастони нозуки тифлони маъсуму бегуноҳ, ашки чашмони онҳо ягон модари дунёро бетараф монда наметавонад. Мо-модарон аз хислатҳои ҳамида, инсондӯстиву ҷавонмардии фарзанди фарзонаи модари тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихормандем, ки нисбати тақдири шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бетараф нест. Бозгардонидани 84 кӯдак ба ватан аз давлати Ироқ, ки волидонашон гумроҳ гардида, ба ДИИШ пайвастаанд, қисме ҳалоку қисми дигар дар маҳбасхонаҳо қарор доранд, бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки Роҳбари давлати мо нисбати тақдири шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бетараф нест. Бо вуҷуди хатокориву гумроҳ шудан шаҳрвандоне, ки бо хоҳиши худ аз амалиётҳои ҷангии давлатҳои хориҷа ба ватан бозгаштанд, ба ҷойи кору таҳсил фаро гирифта шуданд. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам баъзе шахсони гумроҳу кӯтоҳандеш сари андешаи солим наомадаанд, аз ин ҷодаи пурхатару бебозгашти хеш барнагаштаанд. Ҷони худу оила ва фарзандонашонро зери хатар монда, хизмати хоҷагони хориҷии хешро ба ҷо оварда, ба қатлу куштор машғуланд, ки аз ин ба худу фарзандон ва миллату ватан нафъе намерасад, ба ҷуз доғи нангини террорист. Онҳо дар ягон давлат пушту паноҳе надоранд. Мурдаву зиндаи онҳоро танҳо ватан мебардорад на давлати дигар. Президенти мамлакат ҷидду ҷаҳд ва талош дорад, ки ягон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фарзандони онҳо, ки дар хориҷи кишвар тавлид ёфтаанд, дур аз ватан азият накашанд. Имрӯз низ иқдоми неки Роҳбари давлат аз сиёсати башардӯстонааш дарак медиҳад. Мо-модарон омодаем, ҷавобан ба ин ғамхориҳои Роҳбари давлат нисбати халқу миллат,  агарчи медонем давлат ин тифлаконро  нигоҳубин мекунад ва таълим медиҳад, кӯдаконро ба фарзандии худ қабул намоем ва дигар модаронро низ ба ин амали пурсавоб ташвиқу тарғиб мекунем. Ба андешаи мо вазифаи аввалиндараҷаи зан-модар - тарбияи фарзанд аст, он хоҳ фарзанди худ ё бегона бошад.

Аз тарафи дигар мо аз шахсони фиребхӯрда ва оилаҳои гумроҳзада даъват менамоем, ки дубора ба ин роҳи хато нараванд. Худу оила ва зану фарзандонашонро дидаву дониста дар танҳоӣ нагузоранд.  Тоҷикистон ватани азизи мост. Мо шоҳидем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи он ашхоси роҳгумкардаеро,  ки аз бефаҳмӣ ба сафи ДИИШ пайваста буданду аз гуноҳи худ пушаймон шуда, ба ватан омадаанд, бахшида, онҳоро хуш қабул кард. Ба онҳо ҷойи кор ва шароити зиндагиро муҳайё намуд. Тоҷикистон ватан-модар ва бахшанда аст. Ҳукумати Тоҷикистон ҳамаи гуноҳи онҳоро бахшид ва тақозо намуд, ки минбаъд чунин гуноҳи азим ва хиёнат ба ватанро содир накунанд. Мо-модарон таманно аз он дорем, ки фарзанди инсонӣ дигар ба ваъдаҳои дасисакороне, ки амнияту ободӣ, шодиву нишоти ҳамагонро чашми дидан надоранд, фирефта нашаванд. Ватани азизи худро дӯст доранд. Зеро мо як ватан-модар дорем, ки он Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

 

А. САФАРОВА,

«Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БАРГАРДОНИДАНИ 84 КӮДАК БА ВАТАН - ДАЛЕЛИ ТАВОНОИИ ДАВЛАТ ВА СИЁСАТИ БАШАРД ...

Сиёсат
ҚАДРИ МОДАР БИДОН, ЭЙ ПИСАР!

ҚАДРИ МОДАР БИДОН, ЭЙ ПИСАР!

Фарҳанг ва адабиёт

Терроризмро маҳкум менамоем

Хабарҳо, Сиёсат
Хиёнаткори ба Ватан-мурдаи бекафан

Хиёнаткори ба Ватан-мурдаи бекафан

Сиёсат
Аз фитнаҳо дур бошем

Аз фитнаҳо дур бошем

Номаҳои Шумо