Дар як сатр
» » НИГАРОНИИ КОТИБИ ГЕНЕРАЛИИ САҲА ТОМАС ГРИМИНГЕР АЗ ҲУЗУРИ ТЕРРОРИСТОНИ НАҲЗАТӢ ДАР АВРУПО

НИГАРОНИИ КОТИБИ ГЕНЕРАЛИИ САҲА ТОМАС ГРИМИНГЕР АЗ ҲУЗУРИ ТЕРРОРИСТОНИ НАҲЗАТӢ ДАР АВРУПО

2-05-2019, 12:54

Дар Котиботи Созмони аҳдномаи дастаҷамъӣ (СААД) дар шаҳри Москва, санаи 25 апрели соли 2019  ҷаласаи корӣ байни ин ташкилоти байналмилалӣ ва Соз-мони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) доир гардид.

 Дар ҷаласа намояндагони давлатҳои аъзо, ҳайати Котиботи СААД  ва намояндагони САҲА бо роҳбарии Котиби генералии ин созмон Томас Гримингер ширкат варзида, масъалаи тақвият бахшидани ҳамкориҳоро байни ин ду созмони байналмилалӣ баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо муборизаи даста-ҷамъона ба муқобили ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва террористиву экстремистиро ба хотири таъмини амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон самти афзалиятноки кори худ унвон карда, омодагии хешро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои муфиду судманд дар ин бахш иброз доштанд.

Яке аз масъалаҳои асосӣ ва эродҳои аз ҷониби СААД ба Котиби генералии  САҲА Томас Гримингер расонидашуда, ин минбар додан ба созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ, аз ҷумла, ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ буд. Аз тарафи Котиботи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таъкид кардид, ки "САҲА яке аз ташкилотҳои обрӯманди минтақавӣ ва ҷаҳонӣ буда, ба хотири таъмини амнияту субот дар гӯшаҳои гуногуни олам саъю кӯшиши зиёд мекунад. Вале, мутаассифона, баъзе ташкилотҳои террористиву экстеремистӣ аз иқдомҳои башардӯстонаи  ин созмони бонуфуз сӯиистифода намуда, бо баҳонаи гӯё поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои динӣ ва дунявии худ, аз  минбарҳои ин созмони байналмилалӣ ҷор мезананд ва кӯшиши пинҳон кардани ҷиноятҳои қаблан содиркардаи  худро мекунанд.

Котиби генералии САҲА Томас Гримингер барои пешниҳоди маълумот нисбати ТТЭ ҲНИ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки ин мавзӯъ онҳоро низ хеле нигарон кардааст. Қайд кард, ки САҲА як ташкилоте мебошад, ки дар он сохторҳо ва институтҳои гуногун фаъолият дошта, тасмими иштироки баромадкунандагон дар ҷаласаҳои солонаи САҲА аз ҷониби онҳо гирифта мешавад. Боиси афсӯс аст, ки баъзан  доираҳои бадхоҳ  ин имкониятҳои пешниҳодкардаи САҲА-ро ба манфиатҳои ғаразноки худ истифода мекунанд. Онҳо ин камбудии худро дарк мекунанд ва аз ин рӯ, баъди бозгашт ба қароргоҳи САҲА ҳатман як комиссияи босалоҳияте ташкил дода, масъалаи иштироки ашхоси тасодуфиву нолоиқ ба монанди аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ро дар ҷаласаҳои ин созмони байналмилалӣ баррасӣ хоҳанд кард.

Акс аз сомонаи расмии ОДКБ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Игвои террористони наҳзатӣ ғайричашмдошт набуд

Хабарҳо

Гирдиҳамоии наҳзатиҳои ҷинояткор муқаррарист?

Хабарҳо

Ҳамоиши ватангадоён

Номаҳои Шумо

Тоҷикистон. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кардааст. ...

Хабарҳо
СААД собиқ ҲНИТ-ро ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф кард

СААД собиқ ҲНИТ-ро ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф кард

Хабарҳо, Сиёсат