Дар як сатр
» » БАРГАРДОНИДАНИ 84 КӮДАК БА ВАТАН - ДАЛЕЛИ ТАВОНОИИ ДАВЛАТ ВА СИЁСАТИ БАШАРДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

БАРГАРДОНИДАНИ 84 КӮДАК БА ВАТАН - ДАЛЕЛИ ТАВОНОИИ ДАВЛАТ ВА СИЁСАТИ БАШАРДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

2-05-2019, 11:50

Вақте инсон дар бораи башардӯстию раҳмдилӣ, муҳаббату садоқат, бахшидану гузашт кардан андеша мекунад, барҳақ, симои нуронию қалби саршор аз меҳру шафқати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши рӯяш ҷилвагар мешавад. Мегӯянд, ки инсондӯстиро дар замири инсон бештар модар мепарварад. Аҳсан ба он модаре, ки чунин марди Худоро офаридааст. Марде, ки умри хешро фидои халқ кардааст. Ба мардуми диёраш сулҳу сафо оварда,  амну  суботро таъмин кардааст.

Ҳамагон медонанд, ки аз аввалин рӯзҳои Роҳбари давлат интихоб гардиданаш дар андешаи сарҷамъ гардонидани мардуми парешону фироркарда буд. Садҳо модаронро ба дидори фарзандон, ҳазорон хешу ақраборо ба ҳам наз-дик гардонид, муҳимтар аз ҳама, вожаи гуреза буданро аз пешонии онҳо пок кард. Ин аввалин иқдоми наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки то имрӯз мардум, бахусус модарон, барояш дуои хайр мекунанд.

Ҳар маротибае, ки ба манотиқи Тоҷикистон сафар мекунад, аз чашми модарон ашки шодӣ равон мегардад. Онҳо хуб медонанд, ки барои ояндаи фарзандонашон Сарвари давлат чӣ талошҳое кардааст.

Дигар хислати намунаи Пешвои миллат гузашт кардану бахшиданаш аст, ки садҳо афроди гумроҳро, ки аз роҳи нодурусти интихобкардаашон баргаштаанд, мавриди афв қарор додааст. Борҳо дар Паёму вохӯриҳояшон Пешвои миллат ба онҳое, ки ба гурӯҳҳои ифротию номатлуб ҳамроҳ шудаанд, таъкид мекунанд, то ба ватан баргарданд, ояндаи хешро тираю сиёҳ насозанд. Имрӯз аз шумораи зиёди онҳое, ки дар давлатҳои  Сурияву Ироқ меҷанганду баъзешон ҳалок гардидаанд, фарзандони ноболиғашон сарсону саргардонанд. Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвари азизи мо тасмими дигаре гирифт, ки ин кори саҳлу осон набуд. Бахусус, дар давлати хориҷа дарёфт кардани кӯдакону наврасони тоҷик, ки қисми зиёди онҳо бо гуноҳи волидайнашон, бахусус падаронашон, дар давлатҳои ҷангзада сарсону саргардон ҳастанд, гувоҳи барҳаққи сиёсати башардӯстона ва дурбинонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Чанде пеш дар асоси дастуру супориши Роҳбари мамлакат аз ҷониби мақомоти дахлдори Тоҷикистон зиёда аз 84 кӯдаки сарсонгашта аз  давлатҳои ҷангзада ба ватан баргардонида шуданд. Ин иқдом аз бақувватии давлат ва хирадмандии Роҳбари он далолат мекунад.

Мегӯянд, ки «кӯдакон ояндаи дурахшони моянд», аммо баъзе нафарон бо дасти худ ба хотири ҳар гуна ваъдаҳои беасос ояндаи фарзандонашонро табоҳ месозанд. Аввалин боре, ки кӯдак чашм ба олами ҳастӣ мекушояд, бо нигоҳи пур аз меҳр ба сӯйи падару модари хеш дида медӯзад. Кӯдак аз лаҳзаҳои аввалини ҳаёт эҳсос мекунад, ки волидайни ӯ дар чӣ шароите ӯро ба воя расонида истодаанд. Кӯдак, пеш аз ҳама, муҳаббату садоқат ва фазои ороми оилавиро мехоҳад. Аммо кӯдаконе, ки дар шароити ноором ба воя мерасанд, пеш аз ҳама, ба фикрронии онҳо таъсири манфӣ мерасонад ва аз стрессу тарс ба чандин беморӣ гирифтор мешаванд. Вақте оила аз ҳам ҷудо мешавад, хоҳ-нохоҳ, ба таълиму тарбияи кӯдак ва бебаҳра мондан аз меҳру навозиши волидайн ба равони кӯдак таъсири манфӣ мегузорад. Аммо вақте кӯдак ҳам оилааш сарсон мешаваду ҳам дар давлати бегонае ба ҷуз қатлу садои тиру туфанг чизи дигареро намебинад, ба ҷойи садои алла садои тирро мешунавад, ба ҷойи дар чашмони падар садоқату меҳру шафқат ҳисси нафрату худхоҳиро мебинад, дигар аз ояндаи ӯ чӣ умед хоҳем кард?

Ҳарчанд қалби пурмеҳру шафқати модар тоқати дидани чунин лаҳзаҳоро надорад, аммо аз гуфтаи шавҳари мағзшустаи хеш сар печида ҳам наметавонаду дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрону зор мемонад. Агар мо ҳамин 84 нафар кӯдакро бигирем, онҳо вақте дар чунин шароити ноорому давлати ҷангзада ва байни ифротиён ба воя мерасанду мағзҳои онҳо шуста мешавад, эҳтимол дар оянда боз ҳаштод душмани дигар бар зидди давлат равона мегарданд, ки ин оқибати хуб нахоҳад дошт. Мақсади Ҳукумати кишвари азизи мо ҳам ба таъмини амнияту суботи кишвар ва пеш аз ҳама, ояндаи неки ин кӯдакон равона шудааст.

Боварӣ дорем, ки ин гузаштаи пур аз ғам ва пурмоҷаро гарчанде дар ёди онҳо мемонад, аммо сабақомӯз хоҳад буд. Ин наврасони сарсонгашта ҳатман ба қадри ғамхориҳои Ватани азизи хеш, бахусус падари ятимпарвару меҳрубон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасанд. Бо баргаштан ба Ватан ва бо чашмони хеш дидани даҳшати ҷангу фирефта шудани волидайни хеш, онҳо ҳатман ҳамчун мардони ватандӯсту ҷавонони шуҷое ба воя хоҳанд расид. Пеш аз ҳама, барои худ ояндаи неку рӯшане хоҳанд сохт, то мисли падарони гумроҳи хеш сарсону саргардони мулки бегона нашаванд.

Ҳангомаи ИСМАТ, «Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Зиндагӣ дар ғурбат сахту талх аст

Сиёсат

Зубайдулло Давлатов: «Баргардонидани кӯдакон аз минтақаҳои ҷангзада иқдоми ...

Хабарҳо

Зубайдулло Давлатов: «Баргардонидани кӯдакон аз минтақаҳои ҷангзада иқдоми ...

Хабарҳо
Кӯдакон сарвати бебаҳои оила, ҷомеа ва давлатанд

Кӯдакон сарвати бебаҳои оила, ҷомеа ва давлатанд

Мусоҳибаи мо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Модарон посдори ваҳдатанд

Модарон посдори ваҳдатанд

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА