Дар як сатр
» » Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Андоз сари вақт супурда шавад!»

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Андоз сари вақт супурда шавад!»

16-10-2017, 09:32

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Андоз сари вақт супурда шавад!»


- Натиҷаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон дар нӯҳмоҳаи соли 2017 мусбат арзёбӣ шуда бошад ҳам, оммо мушкилиҳо дар баъзе шаҳру навоҳии вилоят ҳанӯз ҷой дошта, барои ислоҳи камбудию норасоиҳо масъулон бояд талоши бештар ба харҷ диҳанд, -таъкид намуд раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушдии хоҷагии халқи вилоят дар нӯҳмоҳаи соли ҷорӣ.

Ҷамъбасти нӯҳ моҳа дар толо-ри мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, муовини якум, муовинони раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, раисони шаҳру навоҳӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулони шуъбаю бахшҳои маориф, кишоварзӣ, андоз, омор, муҳити зист, молия, дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, фаъолони вилоят ва намояндагони ВАО доир шуд.

Сараввал, муовини якуми раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода оид ба нишондиҳандаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии вилоят дар нӯҳ моҳи соли равон маърӯза карда, зикр намуд, ки дар нӯҳ моҳи соли 2017 маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилояти Хатлон ба 11,5 миллиард сомонӣ расида, афзоиш нисбати ҳамин давраи соли 2016-ум 6,8 фоизро ташкил дод. Ҳамчунин дар ин давра 697 миллион сомонӣ ба буҷети вилоят ворид гашт, ин дар қиёс нисбати нақша 18,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад ва иҷрои нақшаи андоз 102,6 фоиз таъмин гардидааст. Ҳамчунин, дар нӯҳ моҳи соли 2017-ум соҳаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 1029 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда, 88 фоизи маблағҳои буҷетӣ ба соҳаи иҷтимоиёт равона карда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ бонкҳои вилоят ба соҳаҳои иқтисодиёт 624,4 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 24,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Андоз сари вақт супурда шавад!»

Муовини якуми раиси вилоят дар идомаи гузориши худ зикр намуд, ки дар 9 моҳи соли 2017-ум 26499 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд, ки ин 51,2 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Дар ин давра 277 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ гузаронида 2749 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Ба қавли манбаъ, музди миёнаи меҳнат, дар маҷмӯъ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 27,9 фоиз афзоиш ёфта, ба 859 сомонӣ расид. Ин нишондиҳанда дар соҳаҳои саноати истихроҷ 1922,3 сомонӣ, энергетика, саноат 1146,7 сомонӣ, сохтмон 1119,8 ва коммуналӣ 1038,1 сомониро ташкил медиҳад.

-Гардиши савдо ба 3,4 миллиард сомонӣ расида, нисбати ҳамин давраи соли 2016-ум 12,4 фоиз афзоиш ёфт. Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба 1,3 миллиард сомонӣ расида, нисбати ҳамин давраи соли 2016-ум 9,9 фоиз афзоиш ёфт. Гардиши савдои хориҷӣ ба 139,6 миллион доллари америкоӣ баробар гардида, содирот 70,3 миллион доллари америкоӣ ва воридоти молу маҳсулот 69,2 миллион доллари америкоиро ташкил дод,- таъкид намуд Қ. Ҳакимзода.

Дар соли 2017 дар вилоят 29 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда, маблағи истифодашуда 364,6 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ дар вилояти Хатлон дар нӯҳмоҳаи соли 2017, ба қавли муовини якуми раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, 8 миллиарду 894,0 миллион сомониро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 593,1 миллион сомонӣ зиёд иҷро гардида, афзоиш 7 фоизро ташкил медиҳад. “Дар ин давра, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят 760 ҳазор тонна ғалладонагиҳо, 842,9 ҳазор тонна сабзавот, 415,4 ҳазор тонна полезӣ, 138,9 ҳазор тонна мевагиҳо, 74,4 ҳазор тонна ангур, 186,4 ҳазор тонна пахта, 68,6 ҳазор тонна гӯшт, 269,3 ҳазор тонна шир, 49,2 миллион дона тухм, 3817 тонна пашм, 417 тонна пилла, 746 тонна асал ва 551,0 тонна моҳӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан аз 2 то 65 фоиз зиёд мебошад. Дар 9 моҳи соли 2017 аз ҳудуди вилоят 71,9 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки 122 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.”- гуфт ӯ.

Дар гузориши муовини якуми раиси вилояти Хатлон ишора гардид, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои саноатӣ ба 4 миллиарду 402 миллион сомонӣ расида, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1123,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад (суръати афзоиш бо нархҳои ҳақиқӣ 34 фоиз ва бо нархҳои муқоисавӣ 21,3 фоизро ташкил медиҳад).

-Соҳаи саноат сол ба сол рушд ёфта, нисбати ҳамин давраи соли 2016 афзоиши истеҳсоли орд 89 фоиз, равғани растанӣ 10 фоиз, семент 90 фоиз, истеҳсоли мум 13 фоиз ва маҳсулотҳои заргарӣ 14 фоизро ташкил дода, оҳану бетони васлшаванда 2 баробар, истеҳсоли консерва 4 баробар, маҳсулот аз пластикаи филизӣ 10 баробар ва гаҷи сохтмонӣ 71 баробар афзоиш ёфт, - қайд кард Қ. Ҳакимзода. -Дар ин давра дар вилоят 43 корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси 1011 ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шуд.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Андоз сари вақт супурда шавад!»

Таъкид карда шуд, ки дар ин давра дар вилоят 222 адад бинову иншоотҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба маблағи 1 миллиарду 200,6 миллион сомонӣ ва зиёда аз 1697 хонаи истиқоматӣ дар масоҳати 173,2 ҳазор метри мураббаъ сохта мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар идома муовини раиси вилоят гуфт, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиши ҳаҷми боркашонӣ 2 фоиз, мусофиркашонӣ 12,5 фоиз, таъмир ва истифодабарии роҳҳо бошад, 3,1 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 2252,4 километр роҳҳо ба маблағи 36,2 миллион сомонӣ таъмиру сангфарш карда шуд. Аз ҷумла аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ ба маблағи 10,3 миллион сомонӣ корҳои таъмиру сангфарш кардани роҳҳо гузаронида шудааст. Дар 213,5 километр роҳҳо, 44 пул бо дарозии 994 метр ва 14 қубур бо дарозии 56 метр корҳои таъмирӣ иҷро гардида, 315,8 километр роҳҳо сангфарш карда шуд.

-Нисбати ҳамин давраи соли 2016 шумораи муассисаҳои таълимӣ 2 адад, марказҳои инкишофи кӯдакон 11 адад, муассисаҳои томактабӣ 7 адад, омӯзгорон 2754 нафар, аз ҷумла занон 1446 нафар ва хонандагон 26194 нафар, аз ҷумла духтарон 13746 нафар зиёд гардидааст. Дар ҳаракати олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят соли 2017 ба гирифтани 105 ҷойи ифтихорӣ сазовор гардидаанд, ки аз онҳо 18 медали тилло, 30 медали нуқра ва 57 медали биринҷӣ мебошад, -таъкид дошт Қ. Ҳакимзода.

Ҳамчунин, дар ҷамъбаст иттилоъ дода шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2016 шумораи муассисаҳои тиббӣ 12 адад, теъдоди духтурон 414 нафар, кормандони миёнаи тиббӣ 2626 нафар афзудааст.

Муовини раиси вилоят афзуд, ки варзишгарони вилоят дар 72 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, 406 медали тилло, 367 медали нуқра ва 474 медали биринҷиро ба даст оварда, дар маҷмӯъ соҳиби 1247 медал гардидаанд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 339 медал зиёд мебошад.

Дар идома раиси вилояти Хатлон Д. Гулмаҳмадзода аз раисони шаҳру навоҳии Норак, Панҷ, Муъминобод, Ҷайҳун, масъулони риштаҳои иқтисоду саноат, кишоварзӣ, андоз, роҳбарони ташкилоту идораҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолият ва нишондиҳандаҳо, оид ба афзоиши истеҳсолот, ҷамъоварии саривақтии андоз аз корхонаҳои саноатӣ, таъмини дурнамои пахта, корхонаҳои саноатӣ пурсиш карда, ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳоти мухталифи хоҷагии халқи вилоят ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

- Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз дар вилоят иқдому ташаббусҳои неки созандагӣ амалӣ гардида, рушди соҳаи воқеии иқтисодӣ таъмин ва дар самти иҷтимоӣ натиҷаҳои назаррас ба даст омадааст, - таъкид кард раиси вилоят. -Дар нӯҳ моҳи соли 2017 бо заҳмати мардуми вилоят пешрафти босуботи иқтисодӣ, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ, вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ таъмин шуда, ҳамаи омилҳо барои беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, паст гардидани сатҳи камбизоатӣ равона гардидаанд.

Зикр гардид, ки дар вилоят иҷрои нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ барзиёд таъмин шуда бошад ҳам, лекин шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҷамъбасти нӯҳмоҳа иҷрои нақшаи андозро таъмиин карда натавонистанд. Раиси вилоят таъкид кард, ки бо мақсади рушд ёфтани соҳаи иқтисодии вилоят муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов, роҳбарони сохторҳои марбута, мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияро зарур аст, ки барои амалӣ гардидани иҷрои нақша чораҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд. Кӯшиш ба харҷ дода шавад, ки таъмини онҳо дар моҳҳои боқимондаи сол бо натиҷаи мусбӣ ҷамъбаст карда шавад.

Раиси вилоят ҳамчунин гуфт, ки кишоварзони вилоят бо истифода аз захираҳои мавҷуда, аз ҷумла, сари вақт таъмин намудани корҳои агротехникӣ ва ҷамъоварии ҳосили зироатҳо, хусусан ҷамъоварии ҳосили пахтаро самаранок истифода бурда, рушди соҳа дар давраи сипаригардида бо натиҷаҳои мусбӣ ҷамъбаст гардидааст.

Ҳамчунин раиси вилоят аз иҷрои дурнамои пахта дар шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Данғара ва Фархор изҳори хушнудӣ намуд.

- Соли равон барои кишоварзони вилоят соли бобарор буд. Зеро дар майдонҳои кишт ҳосил хело фаровон ба назар мерасад. Танҳо аз масъулини соҳа, раисони шаҳру ноҳияҳо тақозои онро дорам, ки ҳосили боқимондаи пахтаро, истифода аз боду ҳавои мусоиди соли ҷорӣ, ҷамъоварӣ намоянд,- идома дод Д. Гулмаҳмадзода. - Мутаассифона, дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷамъоварии ҳосили пахта муташаккилона ба роҳ монда нашудааст. Барои пурра ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта раисони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кишоварзонро зарур аст, ки фаъолияти пурсамари хешро дучанд карда, ҷиҳати пурра сафарбар намудани қувваи қобили меҳнат кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Раиси вилоят доир ба самаранок истифода бурдани замин, нигоҳубини боғу ҷангалзорҳо, рушди соҳаи чорводорӣ, парандапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, моҳи- парварӣ, бунёди гармхонаю сардхона таъкид ба миён оварда, ироа дошт, ки рушди соҳаи саноат дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфта, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 21% зиёд гардидааст. Корхонаҳои нави саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ, Сарбанд, Бохтар, Ёвон, Кӯлоб, Вахш, Данғара, Қубодиён, Хуросон, Ҷайҳун, Восеъ, Қӯрғонтеппа, Ховалинг ва Дӯстӣ ба истифода дода шудааст.

Дар фароварди ҷаласаи ҷамъбастӣ раиси вилояти Хатлон ба роҳбарони шаҳру навоҳӣ, масъулони идораҳои давлатӣ ва фаъолон дар бораи назорати қатъии иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат супоришҳои мушаххас дод.

Фаромӯз БОБОЕВ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Д. Гулмаҳмадзода: “Саҳми ВАО дар рушди ҷомеа бузург аст”

Д. Гулмаҳмадзода: “Саҳми ВАО дар рушди ҷомеа бузург аст”

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА
Д. Гулмаҳмадзода: «Моро мебояд ҷиҳати рушди иқтисод ва ободонии маҳал дучан ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Моро мебояд ҷиҳати рушди иқтисод ва ободонии маҳал дучан ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Д. Гулмаҳмадзода:Аз зарфиятҳои вилоят барои рушди иқтисод истифодаи пурсама ...

Д. Гулмаҳмадзода:Аз зарфиятҳои вилоят барои рушди иқтисод истифодаи пурсама ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

Иқтисоду тиҷорат