Дар як сатр
» » «ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

«ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

12-04-2019, 10:45

9 апрели соли равон Фестивали анъанавии ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Кашшофи падидаҳои наврас» ҷамъбаст гардид.

Даври ҷамъбастии фестивал бахшида ба 65-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб баргузор гардида, дар он намоиши идона бо иштироки аҳли илму адаб, намояндагони вазоратҳои фарҳангу маориф ва илм, инчунин воситаҳои ахбори омма доир шуд.

Дар доираи ин фестивал, ки аз 2 то 9 апрели соли равон идома ёфт, дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон намоиши китобҳои тозанашр, вохӯриҳо бо адибон, маҳфилҳои гуногуни адабӣ ва ҳунарӣ, барномаҳои ҷолиби консертӣ, озмуни расмҳо аз рӯйи асарҳои кӯдакона- «Китобчаи дӯстдоштаи ман», озмуни хабарнигорон барои беҳтарин инъикоси таҷрибаи коллективҳои меҳнатӣ оид ба тарғиби китоб ва рушди хониш дар ВАО, сабқатҳои «Фурӯхташавандатарин китоб», «Фаъолтарин хонандаи ҷавон», «Машҳуртарин нависандаи кӯдакон» ва озмуни ровиён ташкил ва баргузор гардид.

Ҳадафи асосии фестивал ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин восита дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.

 

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҶАШНВОРАИ «ПАРАСТУ-2019» БА 80-СОЛАГИИ МАҲМУДҶОН ВОҲИДОВ БАХШИДА МЕШАВАД

ҶАШНВОРАИ «ПАРАСТУ-2019» БА 80-СОЛАГИИ МАҲМУДҶОН ВОҲИДОВ БАХШИДА МЕШАВАД

Фарҳанг ва адабиёт
Ҳафтаи китоб дар ноҳия

Ҳафтаи китоб дар ноҳия

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НИЗОРАМОҲИ ҲАМИД
«Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасон»

«Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасон»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Фестивали китоб то 9 апрел идома мекунад

Фестивали китоб то 9 апрел идома мекунад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Парасту-2015» ва 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР

«Парасту-2015» ва 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА