Дар як сатр
» » «ПАРАСТУ-2019» ДАР МЕКӮБАД

«ПАРАСТУ-2019» ДАР МЕКӮБАД

11-04-2019, 10:43

Ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ва Театри лӯхтаки «Афсона»-и шаҳри Бохтар вилояти Хатлонро дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Парасту-2019» намояндагӣ мекунанд.

Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2019» ба муносибати 80-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов аз 15 то 22 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзномаи «Хатлон» хабар доданд, ифтитоҳи ботантанаи фестивал субҳи 15 апрел дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ба иттилои манбаъ, дар фестивали мазкур 18 театри касбии мамлакат намоишҳои худро, ки тӯли ду соли охир саҳнавӣ гардидаанд, ба маърази тамошочиён ва ҳакамони озмун пешниҳод мекунанд.

Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов намоишномаи «Каримдевона»-ро аз рӯйи асари Т. Аҳмадхонов дар таҳияи К. Шукуров рӯзи 17 апрел, соати 10:00, дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Театри ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб намоишномаи «Баҳори ваҳдат»-и Ҷ. Қуддусро дар таҳияи Р. Одинаев рӯзи 18 апрел, соати 17:00, дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, Театри лӯхтаки «Афсона»-и шаҳри Бохтар намоиши «Бӯрёкӯбони харгӯшак»-ро аз рӯйи асари Х. Давлатов дар таҳияи А. Абдураҳмонов рӯзи 19 апрел, соати 14:00, дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе ва Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара намоиши «Баҳори Фаронса»-и Т. Мамадризоевро дар таҳияи Ш. Ҷӯраев рӯзи 21 апрел, соати 14:00 дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба баррасии тамошогарон ройгон пешниҳод мекунанд.

Инчунин, дар доираи ҷашнвораи «Парасту-2019» баргузории ду суҳбати «мизи мудаввар»: яке дар мавзӯи «Маҳмудҷон Воҳидов – арбоби барҷастаи санъати касбии тоҷик» ва дигаре «Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон» дар назар аст.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҶАШНВОРАИ «ПАРАСТУ-2019» БА 80-СОЛАГИИ МАҲМУДҶОН ВОҲИДОВ БАХШИДА МЕШАВАД

ҶАШНВОРАИ «ПАРАСТУ-2019» БА 80-СОЛАГИИ МАҲМУДҶОН ВОҲИДОВ БАХШИДА МЕШАВАД

Фарҳанг ва адабиёт

Таъсиси аввалин театри лӯхтак дар вилоят

Фарҳанг ва адабиёт

«ПОДОШИ АМАЛ» ДАР ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Хабарҳо
Театри Кӯлоб соҳибҷоиза шуд

Театри Кӯлоб соҳибҷоиза шуд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо
«Парасту-2015» ва 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР

«Парасту-2015» ва 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА