Дар як сатр
» » УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА» КОР МЕДИҲАД

УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА» КОР МЕДИҲАД

10-04-2019, 10:42

Гурӯҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо истифода аз усули «Хона ба хона» тайи як ҳафта бо занону духтарони касбу кори гуногун дар шаҳри Бохтар суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.

Ин силсилавохӯриҳо рӯзи 3 апрел дар асоси ҷадвали тасдиқгардида бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят оғоз гардида, то 11 апрел бо мақсади фаҳмонидани моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» идома ёфтанд.

Гурӯҳи корӣ иборат аз М. Холмуродова, мудири бахши кор бо оилаи Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят - роҳбари гурӯҳ, Ҳ. Паҳлавонова, ходими шуъбаи адабиёт ва ҳунари рӯзномаи вилоятии «Хатлон», С. Самиева, корманди Идораи телевизион ва радиои вилоят, З. Турахонова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, дар бозори «Фаровон-Қӯрғонтеппа» бо беш аз 50 зани соҳибкор ва дар бозори «Ҳоҷӣ Шариф»-и шаҳри Бохтар бо зиёда аз 60 нафар занону духтарони фурӯшанда ва кормандони сехҳои дӯзандагии «Азиза», «Рӯҳангез», «Чилдухтарон», «Маърифат», «Суман», «Меҳрангез» оид ба масъалаҳои дар боло зикргардида вохӯрию суҳбатҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд.

Омӯзиши вазъи иҷтимоии оилаҳо, пешгирӣ намудани ҷудошавии оилаҳои ҷавон, амалҳои номатлуб, аз қабили худкушию худсӯзӣ дар байни бонувону духтарон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ, риояи талаботи шаҳрнишинӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра аз ҷумлаи ҳадафҳои дигари гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят буд.

Таҳлилу мушоҳидаҳои аъзои гурӯҳҳои корӣ нишон дод, ки дар баъзе маҳаллаҳои шаҳр сокинон одоби шаҳрнишиниро риоя накарда, баъзе модарони ҷавон масъулияти худро хуб иҷро намекунанд. Инчунин, ҳолатҳое ба назар расиданд, ки кӯдакони 3-6 сола соатҳо дар саҳни биноҳои баландошёна ва назди партовҷойҳо беназорат монда, бо шӯру мағал бозӣ мекунанд. Ҷиҳати беҳтар иҷро намудани масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон ва риояи маданияти шаҳрнишинӣ бо сокинони ин маҳалҳо суҳбати инфиродӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Вохӯрии занон дар Кӯлоб

Ҳаёти иҷтимоӣ

Маҳфили «оилаи ибратомӯз»

Хабарҳо
Шамсиддин Шоҳин: Фаҳмонидани моҳияти  қонун ба мардум

Шамсиддин Шоҳин: Фаҳмонидани моҳияти қонун ба мардум

Хабарҳо, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Хатми курси омӯзишии «Духтарони сарвар»

Хатми курси омӯзишии «Духтарони сарвар»

Хабарҳо, Сиёсат, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ба иҷро даромадани «Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон»

Ба иҷро даромадани «Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА