Дар як сатр
» » БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ - МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ

БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ - МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ

13-04-2019, 11:34

Ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2015, таҳти №572 «Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди  манзил дар соли 2020», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои раиси вилояти Хатлон оид ба ин масъала дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон корҳо идома доранд.

Тибқи маълумоти дастрасгардида дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои аввалиндараҷаи маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ (ба тартиб даровардани рақамгузории хонаҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ дар маҳаллаҳои шаҳрӣ)  идома дорад.

Аниқ намудани сарҳадҳои шаҳру ноҳияҳо яке аз корҳои аввалиндараҷаи барӯйхатгирии аҳолӣ мебошад, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят сарҳадҳояшон бо қарори раисони шаҳру ноҳияҳо тасдиқ карда шудаанд.

Оид ба тайёр намудани нақшаи схематикии маҳаллаҳои шаҳрӣ, деҳаҳои калон ва харитаи ноҳияҳо бояд қайд намуд, ки корҳои мазкур танҳо дар шаҳри Норак ва  Кӯшониён ба анҷом расонида шуда, корҳо дар ноҳияҳои Восеъ, Фархор, А.Ҷомӣ, Ёвон, Муъминобод, Данғара, Қубодиён, Ҷ. Балхӣ ва шаҳри Бохтар дар арафаи анҷомёбист. Дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба омода намудани харитаҳо кор идома дорад.

То 1 сентябри  соли 2019 бо роҳи саросар гаштан, дурустӣ ва пуррагии баҳисобгирии ҷории аҳолӣ дар хонаҳои истиқоматӣ тафтиш гузаронида шуда, бо маълумоти оморӣ муқоиса карда мешаванд. Аз рӯйи маълумоти бадастомада муайян карда шуд, ки дар ин самт кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо раисони маҳаллаҳо, комендантҳои хонаҳо бо роҳи саросар гаштан, дурустӣ ва пуррагии аҳолии ҷорӣ, ба ҳисоб гирифта  шуда,  корҳо то муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида мешаванд.                                             

Дар ҷаласаи  Комиссияи мусоидат доир барӯйхатгирии аҳолии вилоят раисони Комиссияи мусоидат доир барӯйхатгирии аҳолии шаҳру ноҳияҳо,  роҳбарони дастгоҳи раисони шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд. 

Дар ҷаласа  ҳисоботи раисони  Комиссияи мусоидати барӯйхатгирии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба омодагӣ барои гузаронидани барӯйхатгирии  аҳолӣ ва фонди манзил  шунида шуд.  

Дар ҷаласа муовини раиси вилояти Хатлон  Раҷабалӣ Раҷабов иштирок ва суханронӣ намуда, оид ба босифат гузаронидани барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба раисони Комиссияи мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон З. Д. Давлатзода супоришҳои  мушаххас дод.

Аз рӯйи нақшаи корҳои ташвиқотӣ оид ба гузаронидани барӯйхатгирии  аҳолӣ, кормандони  Сарраёсат дар маҳалҳо, корҳои  тарғиботӣ ташкил намуда, моҳияти ин маъракаи муҳими сиёсиро ба аҳолӣ  фаҳмонида истодаанд.

Кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   барои шиносоӣ аз рафти корҳои тайёрии гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил  аз шаҳру ноҳияҳо дидан намуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ёрии амалии худро расониданд.

Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон    Ҳасанзода  Гулнора Кенҷа низ аз рафти корҳои тайёрӣ ба гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил  дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дидан намуд.

Аз  натиҷаи рафти корҳои тайёрӣ ба гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил  дар Сарраёсат  бо кормандони Сарраёсат ва кормандони мақомоти маҳаллии омори шаҳру ноҳияҳо ҷаласаи васеъ бо иштироки директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳасанзода Гулнора Кенҷа гузаронида шуд. Ҳасанзода Гулнора Кенҷа дар баромади худ оид ба ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дод.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Чорабинии муҳими сиёсиро дар сатҳи баланд гузаронем

Чорабинии муҳими сиёсиро дар сатҳи баланд гузаронем

Ҳаёти иҷтимоӣ

Барӯйхатгирӣ дар Норак то 24 октябр давом мекунад

Хабарҳо

БАРӮЙХАТГИРИИ САНҶИШИИ АҲОЛӢ ДАР НОРАК

Хабарҳо
Омодагӣ ба маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ

Омодагӣ ба маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ

Ҳокимияти давлатӣ
Ҷаласаи якуми комиссияи  вилоятии мусоидат ба барӯйхатгирии аҳолӣ

Ҷаласаи якуми комиссияи вилоятии мусоидат ба барӯйхатгирии аҳолӣ

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ