Дар як сатр
» » ВОСЕЪ. РОҲҲОИ АВТОМОБИЛӢ ТАЪМИР МЕГАРДАНД

ВОСЕЪ. РОҲҲОИ АВТОМОБИЛӢ ТАЪМИР МЕГАРДАНД

13-04-2019, 11:33

Кормандони муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Восеъ дар фасли зимистон ба мушкилӣ мувоҷеҳ нагардида буданд ва ҳаракати мунтазами нақлиётро дар ҳамаи роҳҳои дар ихтиёрдошта таъмин карданд. Инак, бо гарм шудани ҳаво бо истифода аз техникаю таҷҳизоти соҳавӣ ба таъмири ҷории роҳҳо оғоз карданд.

Мавриди зикр аст, ки соли 2018 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кӯлоб техникаҳои нави роҳсозӣ дастрас карда шуд, ки дар беҳтар намудани фаъолияти онҳо мусоидат намуд. Бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда роҳсозон мақсад доранд, ки дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар баробари роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидошта, инчунин  роҳҳои маҳаллиро низ сангфаршу мумфарш намоянд ва дар ин кор соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони деҳотро ҷалб намоянд.

 

Ширинҷон Сафарзода




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Фархор. Омодагӣ ба фасли сармо

Хабарҳо

Оғози навсозии роҳҳои ҳудуди шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон

Хабарҳо

Азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ дар Муъминобод

Хабарҳо
Таъмири роҳҳои дохилишаҳрӣ дар Кӯлоб

Таъмири роҳҳои дохилишаҳрӣ дар Кӯлоб

Ҳаёти иҷтимоӣ
Роҳ пайвангари қавмҳо

Роҳ пайвангари қавмҳо

Хабарҳо, Номаҳои Шумо