Дар як сатр
» » НАСБИ КАМЕРАҲОИ НАЗОРАТӢ АМНИЯТИ ИНШООТРО ТАЪМИН МЕНАМОЯНД

НАСБИ КАМЕРАҲОИ НАЗОРАТӢ АМНИЯТИ ИНШООТРО ТАЪМИН МЕНАМОЯНД

11-04-2019, 11:27

Ҷиҳатии иҷроиши талаботи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №АП-1366 оид ба муҷаҳҳаз гардонидани иншоотҳо бо камераҳои мушоҳидавӣ ва бо мақсади пурзӯр намудани муҳофизати бинои иншоотҳои муҳим, махсусан муҳим ва новобаста аз шакли моликият таъмини амнияти иншоотҳои муҳофизатшаванда дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар асоси фармоиши сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуд.

 

Гурӯҳҳои корӣ дар ҳудуди шаҳри Бохтар санҷиш доир намуда, оид ба масъалаи дар боло зикргардида ба масъулини ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.

Тавре ки Аслиддин Зарифов, сардори нуқтаи мутамарказонии мушоҳидавии ШХДМ ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар иброз дошт, ҳадаф аз таъсиси гурӯҳҳои корӣ, пеш аз ҳама, санҷиш, азназаргузаронӣ ва додани тавсияҳои соҳавӣ дар иншоотҳои муҳим ба шумор меравад.

Насби камераҳои мушоҳидавӣ имкон медиҳанд, ки бисёр ҷиноятҳои пӯшидаро сари вақт ошкор намоянд. Яъне тавассути онҳо ҷинояткорон сари вақт муайян ва дастгир карда мешаванд. Аз ин рӯ, бояд камераҳои мушоҳидавӣ дар иншоотҳо муҷаҳҳаз карда шаванд, то амнияти онҳо таъмин гардад. Зимни санҷиш Фаррух Раҳматуллозода, нозири калони ШВТХДМ дар вилояти Хатлон ва Фаррух Алматов, муҳандиси ШНДЗСРХДО дар вилояти Хатлон, ба масъулини ташкилоту муассисаҳо баҳри ислоҳи камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта маслиҳатҳои муфид доданд.

 

А. Сафарова,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ислоҳи саривақтии камбудиҳо ба фаъолияти босамари соҳаҳо имкон медиҳад

Ислоҳи саривақтии камбудиҳо ба фаъолияти босамари соҳаҳо имкон медиҳад

Ҳокимияти давлатӣ

Ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи бештар мебояд

Тандурустӣ ва экология

Кори 18 сартарошхона манъ гардид

Хабарҳо
Ҳадафи ҳукумат вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ аст

Ҳадафи ҳукумат вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ аст

Ҳокимияти давлатӣ
Қарздории музди меҳнат ба чашм мерасад

Қарздории музди меҳнат ба чашм мерасад

Ҳаёти иҷтимоӣ