Дар як сатр
» » ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ

ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ

13-04-2019, 09:23

Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор дар баробари фаъолияти хеш аксияи ҳизбиро таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем” доир намуданд.

Тавре ки равшан гардид, зимни аксияи ҳизбӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳия як қатор корҳои ободониву бунёдкорӣ ба анҷом расидааст. Яъне 40 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта сангфарш ва 6 адад пулро азнавсозӣ намуданд. Дар деҳаҳои Куҳандиёр, Файзобод, Меҳнатобод корҳои ободонӣ вусъати тоза пайдо намудааст. Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти "Ватан” 7 маҳалла чароғон гардида, ҷӯйборҳоро тоза намуданд. Дар деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти "20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба маблағи 9 ҳазор сомонӣ ба 183 симчӯб лампаҳои равшанидеҳ насб гардид. Дар ноҳия 149 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият доранд, ки 8933 аъзои ҳизбро дарбар мегиранд.

Ҳангоме бо фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор шинос шудем, аъзои Кумитаи марказии ҲХДТ Раъно Раҳимзода, сардори  Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, низ дар меҳмонии ҳизбиён қарор дошт ва ҳамроҳи маъулину кормандони ҲХДТ дар ноҳия бо аҳолӣ, бахусус бонувон, мулоқотҳои судманд доир намуданд.

Дарвоқеъ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия таҳти сарварии  Алиҷон Назаров баҳри ободонии деҳот ва дар амал татбиқ гардидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон доир ба рушди деҳот як қатор тадбирҳоро роҳандозӣ намуданд. Дар дурдасттарин деҳот низ баҳри ҷалби сайёҳон ва рушди инфрасохтори деҳот корҳои бунёдкориву созандагӣ вусъати тоза касб намудааст. Дар ҳақиқат, ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки дурдасттарин мавзеъҳо обод гардаду ҷойҳои корӣ низ муҳайё шавад.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҲХДТ-ҳизби пешбарандаи ҷомеа

ҲХДТ-ҳизби пешбарандаи ҷомеа

Ҳаёти иҷтимоӣ

Темурмалик:Бунёдкорӣ вусъат меёбад

Ҳаёти иҷтимоӣ

«ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ!»

Хабарҳо
Мулоқот бо мардум

Мулоқот бо мардум

Ҳаёти иҷтимоӣ
«Тараннуми ҷавонӣ ва саодат» аз Хатлон оғоз ёфт

«Тараннуми ҷавонӣ ва саодат» аз Хатлон оғоз ёфт

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ