Дар як сатр
» » «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»

«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»

12-04-2019, 08:05

Дар асоси қарори раиси вилояти Хатлон аз 21 феврали соли 2019 озмуни ҷумҳуриявии "Сайри гули лола” дар вилояти Хатлон барои солҳои 2019-2021 эълон гардида буд. Ҳадаф аз озмуни мазкур, қабл аз ҳама, татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, АП-1140, баҳри вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, деҳа ва маҳалла, тарбияи ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободониву сарсабзгардонӣ, баланд бардоштани  завқи эстетикии зебоишиносӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва тозагии муҳити зист мебошад.

Тибқи қарори раиси вилоят Низомнома ва ҳайати гурӯҳи кории озмуни ҷумҳуриявии "Сайри гули лола”  тасдиқ гардида буд. Мушоҳидаҳои гурӯҳи корӣ нишон дод, ки дар шаҳрҳои Бохтар, Норак, ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати амалӣ гардидани қарори раиси вилоят як қатор корҳо ба

сомон расонида шудааст. Назди биноҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, прокуратура ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилоят, ДДБ ба номи Носири Хусрав, шаҳрҳои Нораку Кӯлоб ва ноҳияи Кӯшониён ба талаботи озмуни "Сайри гули лола”  ҷавобгӯ буда, диққати ҳар як бинандаро гулҳои рангоранги лола ва ғайра ба худ ҷалб месозад. Дар ҳақиқат, ҷое  ки меҳнат ҳаст, он ҷо зебоӣ асту аз нафосату накҳати гулҳои баҳорӣ табъи кас болида мегардад.

Мутаассифона, на дар ҳамаи ноҳияҳои вилоят нисбати баргузории озмуни ҷумҳуриявии "Сайри гули лола” тадбирандешӣ намудаанд. Масъулини ноҳияҳоро зарур аст, ки баҳри дар сатҳи баланд баргузор гаштани ин чорабинӣ, минбаъд тадбирҳои зарурӣ андешанд. Кӯшиш намоянд, ки гӯшаву канори шаҳру навоҳӣ, ҷамоатҳои деҳот, кӯчаю маҳаллаҳо гулзор бошаду ҳар як бинанда, бахусус сайёҳоне, ки ба вилояти Хатлон ташриф меоранд, аз ин зебоиҳо таассуроти нек бардоранд.

А. Сафарова,

«Хатлон»

Аксбардор Д. ШАРИФОВ




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Қ. ҲАКИМЗОДА: «ДАР ПЕШРАФТИ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ОБУ ҲАВО БАҲОНА ШУДА НАМЕТАВОН ...

Арсаи кишоварзӣ
Ободонӣ мароми мост

Ободонӣ мароми мост

Ҳаёти иҷтимоӣ

Азми бунёди беш аз 1100 га боғу токзори нав

Хабарҳо

Азми баргузории 30 фестивал ва озмун

Фарҳанг ва адабиёт
Беҳтаринҳо қадрдонӣ шуданд

Беҳтаринҳо қадрдонӣ шуданд

Ҳокимияти давлатӣ