Дар як сатр
» » БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ ДАР ХАТЛОН

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ ДАР ХАТЛОН

11-04-2019, 12:04

Дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав вохӯрии намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорони вилоят доир гардид.

Дар  вохӯрӣ Муъминзода Абдумаҷид, муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов ва намояндагони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, бонкҳо, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, сармоягузорону соҳибкорон иштирок доштанд.

-Мақсади ҷамъомад иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақша-чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мебошад, - иброз дошт муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов. Инчунин, аз Паёми Сарвари давлат ёдовар гардид, ки саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон намуданд, ки ин ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ оварда расонида, ҳиссаи соҳаи саноатро дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ афзун менамояд.

-Айнӣ замон, дар вилоят 25 ҳазору 873 нафар соҳибкор ва 67 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ба қайд гирифта шуда, дар рушди иқтисодиёти вилоят саҳм гузошта истоданд, - гуфта шуд дар ҷамъомад.

Ҷорӣ гардидани мораторий ба санҷишҳои фаъолияти соҳибкорон дар соли 2018 ва дароз намудани муҳлати он барои солҳои 2019-2021 боз як иқдоми неки Сарвари давлат барои соҳибкорони ватанӣ буда, дар асоси ин иқдоми Роҳбари давлат аз вилояти Хатлон 511 адад субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ба мораторий фаро гирифта шудаанд.

Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар вилоят 542 ададро ташкил намуда, соли 2018-ум 74 корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо 1001 ҷойи корӣ таъсис ёфт, ки фаъолияти онҳо, асосан, ба истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, сохтмон, кишоварзӣ ва коркарди меваю сабзавот равона гардидааст.

Муъминзода Абдумаҷид, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суханрониаш қайд дошт, ки солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шудааст, ки мавқеи ҷойгиршавии вилояти Хатлон барои рушди бахши хусусии туризм хеле мувофиқ буда, соҳибкорон метавонанд бо саҳмгузорӣ дар бунёду барқарорсозии мавзеъҳои сайёҳиву истироҳатӣ, сармояи соҳибкории худро афзун намуда,  дар ободии ватан, бо ҷой кор таъмин намудани сокинон ва сайру сайёҳии шаҳрвандони ватаниву хориҷӣ саҳмгузор бошанд.

 

Ҳасан АБДУРАҲИМЗОДА,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

МУЛОҚОТИ РАИСИ ПСС БО СОҲИБКОРОН

Хабарҳо

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТУРИ АМАЛИ МОСТ

Иқтисоду тиҷорат, Номаҳои Шумо
Коргоҳҳои истеҳсолиро бояд афзоиш дод

Коргоҳҳои истеҳсолиро бояд афзоиш дод

Иқтисоду тиҷорат, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Соҳибкорӣ рушд меёбад

Соҳибкорӣ рушд меёбад

Хабарҳо, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо соҳибкорони Хатлон

Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо соҳибкорони Хатлон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА