Дар як сатр
» » ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ...

ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ...

12-04-2019, 08:03

Тибқи қарори раиси вилоят озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ...” эълон гардидааст. Айни замон, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, бахшида ба озмуни мазкур чорабиниҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Тавре ки мудири шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Карим Шарифов баён дошт, дар 19 филиалу китобхонаи марказии ноҳия дар ин самт корҳои муайяне ба сомон расида истодааст. Дар ноҳия 98,459 китоби илмию бадеӣ мавҷуданд. Ҳамчунин 3 нуқтаи китобдиҳӣ дар қисмҳои ҳарбии ноҳия низ фаъолият менамояд. Вақте ки аз китобхонаи марказӣ дидан намудем, толори хониш серодам ва ҷавонону наврасон машғули китобхонӣ. Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳия Соҳиба Иззатова, Сабрия Холматова, Муборакхон Холмирзоева, Хайруллои Абдулҳамид зимни суҳбат иброз доштанд, ки онҳо аз  200 то 380 адад асарҳои бадеӣ мутолиа намудаанд. Ҳар кадом бо як маҳорати хоса аз асарҳои мутолианамудаашон ҳикоят намуданд.

Дар ноҳияи Фархор низ нисбати баргузории озмуни вилоятии "Фурӯғи субҳи доноӣ...”  омодагиҳо ба назар расид. Мухтор Ҳабибов, мудири шуъбаи бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор, иброз дошт, ки  дар  китобхонаи марказӣ ва китобхонаи бачагонаю 19 филиал дар ин самт як қатор корҳо ба анҷом расидааст. Тавре мушоҳида намудем, дар китобхонаи марказии ноҳияи Фархор низ толибилмону ҷавонон машғули китобхонӣ буданд. Дар ин муассиса китобҳои электронӣ низ ҷо дода шуда, 43 компютер дар ихтиёри  китобдӯстон қарор дорад. Дарвоқеъ, озмуни мазкур имкон медиҳад, ки завқи китобхонӣ дар замири ҷавонон бештар, чеҳраҳои нави суханвару сухандон дарёфт, муҳим аз ҳама, эҳсоси худогоҳию худшиносӣ таҳкиму захираи луғавии қишрҳои мухталифи ҷомеа ғанӣ гардаду доираи забодонӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ва ҷаҳони маънавӣ тақвият ёбад.

А. Сафарова,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ДАР НОҲИЯИ ВАХШ ДУ КИТОБХОНАИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕГАРДАД

Фарҳанг ва адабиёт
Кӯлоб.Ҷамъбасти озмуни “Китобхони беҳтарин”

Кӯлоб.Ҷамъбасти озмуни “Китобхони беҳтарин”

Фарҳанг ва адабиёт
МАҲФИЛИ РӮДАКИХОНӢ

МАҲФИЛИ РӮДАКИХОНӢ

Фарҳанг ва адабиёт
Китоб кони ганҷ аст

Китоб кони ганҷ аст

Фарҳанг ва адабиёт
Панҷ. Китобхонаи марказӣ дар чӣ ҳол аст?

Панҷ. Китобхонаи марказӣ дар чӣ ҳол аст?

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, КОМРОНИ БАХТИЁР