Дар як сатр
» » БЕҲТАР НАМУДАНИ УСТУВОРИИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ

БЕҲТАР НАМУДАНИ УСТУВОРИИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ

12-04-2019, 08:01

6 апрели соли равон раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ мулоқот орост. Зимни вохӯрӣ рафти таҳияи лоиҳаи «Беҳтар намудани устувории иҷтимоию иқтисодӣ», ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегардад, мавриди баррасӣ қарор ёфт.

Вохӯриро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба масъулину кормандони Бонки Ҷаҳонӣ ҷиҳати ба инобат гирифтани пешниҳодҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳангоми таҳияи лоиҳа арзи сипос намуданд. Ҳамзамон, раиси вилоят аз фаъолияти 4-моҳаи лоиҳа дар шаҳри Кӯлоб ва  ноҳияҳои наздисарҳадии Фархор, Панҷ ва Қубодиён изҳори андеша намуд. 

Мутахассиси калон оид ба рушди иҷтимоии Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Роберт Вробел барои рушди ҳамкориҳо, дастрас намудани маълумотҳои лозимӣ, ки барои таҳияи лоиҳа хеле зарур буданд, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят миннатдории худро баён намуда, ҳамзамон қайд кард, ки  намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ҷиҳати амалисозии лоиҳаи нав барномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳоро омода намуда, барои татбиқи лоиҳа ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Хатлонро ҳамчун ноҳияҳои ҳадафии лоиҳа интихоб намудааст.

Дар рафти суҳбат маълум шуд, ки санаи 5 апрели соли равон вохӯрии намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ  бо Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, бобати ҳалли якчанд мушкилоти соҳавӣ, аз ҷумла муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, бахусус барои занон, ҷавонон ва шахсони аз муҳоҷират баргаштаи ҳудуди ноҳияҳои пилотии вилояти Хатлон табодули назар намудаанд. 

Мушкилоти ҳалталаб бештар дар маҳалҳо ҷой дошта, ин масъалаи бо ҷойи кор, яъне шуғл фаро гирифтани занону ҷавонон ва оилаҳои ҷавони бекор мебошад. Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳадафи асосии лоиҳа низ дастрасии аҳолӣ ба шуғли доимӣ мебошад. Тавре ки  мушовири калони Бонки Ҷаҳонӣ Насим Ҷавад иброз дошт, тренингҳо ва омӯзишҳо бояд натиҷаи дилхоҳ ба бор оранд. Баъди муҳокимаи масъалаҳо ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки дар ҳамкорӣ бо раёсатҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, маориф, занон, ҷавонон ва тандурустии вилоят барои рафъи ҳалли мушкилоти соҳавӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон пешниҳодҳои мушаххас оид ба амалишавии лоиҳаи «Беҳтар намудани устувории иҷтимоию иқтисодӣ» дар муҳлатҳои кутоҳтарин  ирсол карда мешавад.

Тарафҳо натиҷаи вохӯриро муҳим арзёбӣ карда, изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳои минбаъда беҳтар гардида, амалишавии лоиҳа ба рушди деҳот ва ба шуғл фаро гирифтани ҷавонону занон, муҳоҷирони меҳнатии баргашта ва баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.  

 

З. Худойдодова,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳадаф-саноатикунонии соҳаи кишоварзӣ

Ҳадаф-саноатикунонии соҳаи кишоварзӣ

Арсаи кишоварзӣ
Ҳамкориҳои судманд

Ҳамкориҳои судманд

Ҳокимияти давлатӣ

ТАСВИБИ СОЗИШНОМА ОИД БА РОҲСОЗӢ

Хабарҳо
«МАҚСАД - БЕҲТАР НАМУДАНИ ТАЪМИНОТИ АҲОЛӢ БО ОБИ ОШОМИДАНӢ»

«МАҚСАД - БЕҲТАР НАМУДАНИ ТАЪМИНОТИ АҲОЛӢ БО ОБИ ОШОМИДАНӢ»

Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
22 млн.$-и Бонки Ҷаҳонӣ барои рушди кишоварзӣ ва тандурустӣ дар Тоҷикистон

22 млн.$-и Бонки Ҷаҳонӣ барои рушди кишоварзӣ ва тандурустӣ дар Тоҷикистон

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА