Дар як сатр
» » ВАТАН АЗ ФАЙЗИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ОБОДУ ЗЕБО ШУДААСТ

ВАТАН АЗ ФАЙЗИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ОБОДУ ЗЕБО ШУДААСТ

11-04-2019, 09:50

Гузориш аз сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Ҳамадонӣ ва шаҳри Кӯлоб

10 апрели соли равон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва шаҳри Кӯлоб сафари корӣ дошт. Ҳадаф аз ин боздид, пеш аз ҳама, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкориву созандагӣ ва  ифтитоҳи як зумра бинову иншооте, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рафти иҷроиши Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Нахуст, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Ҳамадонӣ боздид ба амал овард. Сарвазири мамлакатро зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва роҳбарони вазорату кумитаҳои ҷумҳуриявӣ ҳамроҳӣ доштанд. Сараввал Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти корҳои сохтмонии роҳҳои деҳаҳои Гулобод ва Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти "Меҳнатобод”-и ноҳия дидан ба амал овард.

Дар деҳаҳои номбурда бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони хайрхоҳ 6800 метр роҳҳои мошингузар сангфаршу роҳравҳоро сафолак чидаанд. Дар назар аст, ки роҳҳои мазкур ояндаи наздик мумфарш карда мешаванд.

Дар ҳақиқат, дар ин мавзеъҳо корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза касб намуда, дарахтони ороишию симчӯбҳои равшанидеҳ ба ҳусни ин деҳаҳо ҳусни тоза зам намудааст. Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 Ҳалим Файзиев иброз дошт, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ дар Ҷамоати деҳоти "Меҳнатобод” як қатор корҳои ободониву бунёдкорӣ идома дорад. Дар назар аст, ки барои 240 нафар хонандагон синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода диҳанд. Дар деҳаи номбурда марказҳои хизматрасонӣ, мағоза, сартарошхона ба фаъолият оғоз намудааст. Бо ширкати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлон дар деҳаи Меҳнатобод маркази хизматрасонӣ дар вазъияти тантанавӣ ба фаъолият оғоз кард. Мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ, нуқтаи шустушӯйи мошинҳо ва фурӯши сӯзишворӣ имкон медиҳад, ки сокинони маҳал бе ягон мушкилот масолеҳи сохтмониро аз ин марказ дарёфт намоянд.

Зимни мулоқот бо аҳолии маҳал Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода оид ба сиёсати ободгаронаи Роҳбари давлат, рушди инфрасохтори деҳот, таъмини зиндагии шоиста ба ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуданд. Сокинони деҳа, пирони рӯзгордида ба Сарвазири мамлакат барои боз ҳам беҳтар гардидани рӯзгору ободии деҳоти дурдаст миннатдории хешро расониданд. Дар вазъияти тантанавӣ варзишгоҳи тозабунёд низ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки аз ин рӯйдоди фараҳбахш хурсандии аҳли деҳа, бахусус ҷавонону наврасонро ҳадду канор набуд.

Ҳангоми сафари корӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлон аз корхонаи истеҳсоли халтаҳои полиэтиленӣ, воқеъ дар деҳаи Пушкини Ҷамоати деҳоти "Қаҳрамон”, боздид ба амал оварданд. Дар корхонаи мазкур маҳсулоти зарурӣ барои корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагии халқ истеҳсол мегардад. Дар ин корхона беш аз  50 нафар сокинони маҳаллӣ, аз ҷумла бонувон, бо ҷойи кор фаро гирифта шуда, бо маоши хуб таъминанд. Дар деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти номбурда бошад, нуқтаи савдо ва майдончаи варзишӣ ба фаъолият оғоз кард. Сокинони деҳа, пиру барно аз ин бунёдкориҳо шоду мамнун гашта, ба Сарвари мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.

Сарвазири мамлакат зимни вохӯрӣ бо аҳолӣ аз Паёми навбатии Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ ёдовар гардида, иброз дошт, ки эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, қабл аз ҳама, ободонии ҳар як гӯшаву канори ватани азиз, таъмини зиндагии арзанда ба аҳолӣ мебошад. Сокинони маҳал, бахусус модарон, изҳори миннатдории хешро ба Сарвари мамлакат баён дошта, бо дуои неки модарона, бо шеъру тарона васфи  Пешвои миллат менамуданд.

Ҳамин тавр, дар деҳаи Сайроби Ҷамоати деҳоти "Панҷоб” низ бо ширкати меҳмонони олиқадри вилояту ҷумҳурӣ нуқтаи хизматрасонӣ ва савдо, маркази саломативу майдончаи варзишӣ дари хешро ба мизоҷон боз намуд. Бунёди маркази саломатӣ, таваллудгоҳи муҷаҳҳаз бо ашёҳои зарурӣ, таъсиси ҳуҷраи хатнаи дорои шароити муосир минбаъд имкон медиҳад, ки табибони ҳозиқу чашмикордон дар хизмати сокинони деҳа қарор гирифта, баҳри солимии аҳолӣ бештар талош варзанд.

Аҳолии маҳаллаи навбунёди деҳаи Сафар Гадоии Ҷамоати деҳоти "Панҷрӯд”-и ноҳияи Ҳамадонӣ соҳиби неруи барқ гардиданд. Дар ин деҳа бо насби трансформатори тавоноиаш 630КВ ва кашидани хатти барқи 10 КВ ва шинонидани 80 адад пояҳои оҳану бетонӣ хонаҳои сокинони маҳаллаи тозабунёд чароғону қалбашон пурнишот гашт. Дар ҳар қадам корҳои ободониву бунёдкорӣ ба чашм мерасид.

Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ҳайати ҳамроҳонааш дар шаҳри бостонии Кӯлоби вилояти Хатлон идома ёфт. Маҷмааи варзиши футбол дар деҳаи Ватаншо Шамсови Ҷамоати деҳоти "Зарбдор”-и шаҳри Кӯлоб аз ҷониби соҳибкор Мир Ғозиев дар вазъияти тантанавӣ дари хешро ба дӯстдорони варзиш кушод. Аз ин рӯйдоди муҳим хурсандии нав-расону ҷавононро канор набуд. Ифтитоҳи мағозаи гулҳо ва сехи дӯзандагии дуошёна бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Гулрафтор Шарифова имкон фароҳам овард, ки 10 нафар сокинони маҳал соҳиби ҷойи кор гарданд. Иншооти мазкур бо маблағи 586 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст.

Дар доираи боздид аз корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Кӯлоб Сарвазири мамлакат бо рафти азнавсозии боғи "15-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” шинос шуд. Тавре ки равшан гардид, боғи "15-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб аз ҷониби фармоишгар ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва пудратчӣ ҶДММ "Фаридун” азнавсозӣ ва ба боғи замонавӣ табдил дода мешавад. Ҳаҷми умумии маблағҳо наздики 6 миллион сомониро дар бар мегирад.

Иншооти мазкур тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавозуни ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гузаронида шуда, дар назар аст, ки боғи мазкур ба яке аз ҷойҳои беҳтарини фароғатию истироҳатии сокинони шаҳри Кӯлоб ва меҳмонон табдил ёбад.

Айни замон корҳои сохтмонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ дар ин мавзеъ бо суръат идома дорад. Даҳҳо навъи гулу ниҳолҳои ороишӣ аз хориҷи кишвар оварда дар  боғ шинонида шудааст. Тибқи лоиҳа боғи "15-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” беҳтарин макони истироҳатии ҷавонон мегардад. Сарвазири мамлакат аз рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ ва азнавсозии ин иншооти ҷашнӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Дар шаҳри Кӯлоб ҳамчунин дар вазъияти тантанавӣ беморхонаи чашми ҶДММ "Оилаи табибон” ба фаъолияти хеш  оғоз бахшид. Бинои хуштарҳи табобатӣ бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Ҳабибулло Абдусамадов бунёд гардида, дорои 3 ҳуҷра ва 6 кат мебошад. Дар ин муассисаи табобатӣ 11 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Дастгоҳи замонавии муҷаҳҳазгардида имкон медиҳад, ки шахсони гирифтори бемориҳои чашм дар ин муассиса ташхису ҷарроҳӣ ва табобат карда шаванд.

Ҳамчунин гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Сарвазири мамлакат ва раиси вилоят аз сохтмони бинои иловагии сеошёнаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Кӯлоб дидан ба амал оварданд. Бинои иловагӣ баъди мавриди истифода қарор ёфтанаш дар  як баст то 260 нафар хонандаро ба таҳсил фаро мегирад. Ҳамон рӯз коргоҳи истеҳсол ва савдои шириниҳо аз ҷониби  соҳибкор  Зикриддин Раҳимов сохта шуда буд, мавриди баҳрабардорӣ  қарор ёфт. Дар ин марказ 5 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Тавре ки масъулин баён доштанд, рӯзҳои наздик боз 5 нафари дигар бо ҷойи кори доимӣ фаро гирифта мешавад.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамроҳонаш аз рафти азнавсозии  Боғи Роҳи оҳан, корҳои сохтмонӣ дар бинои Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ, сохтмони бинои 9-ошёнаи хонаи иқоматӣ ва бинои маъмурии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар митақаи Кӯлоб дидан ба амал оварда, баҳри анҷоми саривақтӣ ва босифати корҳои сохмониву ободонӣ маслиҳатҳои мушаххас доданд.

Дар ин замина бо рафти корҳои сохтмонӣ ва азнавсозиҳо дар ҶСК "Пахтаи Кӯлоб” ва корхонаи равғанбарории ҶДММ "Мармариён” шинос гардиданд. Зимни сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти корҳои бунёдкориву созандагӣ ва азнавбарқароркунии беш аз 20 иншооти хоҷагии халқи шаҳри Кӯлоб боздид ба амал овард.

Пасон, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки  Сарвазири мамлакат, аъзои Ҳукумат, гурӯҳи корӣ ва раиси вилояти Хатлон, роҳбарони вазорату кумита, ташкилоту муассиса ва фаъолони шаҳр ҷаласаи корӣ баргузор гашт. Ҷамъомадро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода оғоз бахшида, иброз дошт, киСарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва шаҳри Кӯлоби вилоят сафарҳои корӣ намуда, ба ифтихори ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин биною иншооти ҷашниро ба истифода дода, аз вазъи корҳои сохтмонии як қатор иншоотҳои ҷашнӣ ва фаъолияти кории корхонаҳои саноатӣ шинос гардиданд. Ин сафари кории Сарвазири кишвар ва ҷаласаи аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафти корҳои сохтмониву ободонӣ такони ҷиддие хоҳад бахшид.

Ҳамин тавр, роҳбари вилоят иброз дошт, ки бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои саривақтии Амри Президенти кишвар аз 22 майи соли 2018 таҳти №1059 оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон корҳои муайяне ба анҷом расидааст. Дар ин баробар рафти иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат зери назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қарор  дорад. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 6000  сохтмони ҷашнӣ ва таъмири бинову иншоотҳо, аз ҷумла  1270,6 километр таъмири роҳҳо, 97 адад сохтмону таҷдиди пул ва 353 км, кишидани хатҳои барқӣ, 273 км оби нӯшокӣ, 891 км чароғонкунии кӯчаҳо, 184 адад шинондани трансформатор ва 1174 адад бинову иншооти дигар ба нақша гирифта шудааст.

-Аз соли 2018 то ин дам дар зиёда аз 1000 иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст, ки 27,5 фоизро ташкил медиҳад,- ироа дошт раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни суханронӣ.

Тайи се моҳи соли равон бошад, корҳои сохтмонӣ дар 551 бинову иншоотҳо ба итмом расида, аксари онҳо мавриди истифода қарор ёфтаанд. Тавре ки роҳбари вилоят таъкид дошт, баҳри ҳавасмандии соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи шаҳру ноҳияҳо озмуни вилоятии "Ободгари ватан” эълон шуда буд. Дар ҷаласаи ҷамъбастии вилоят 43 нафар соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар бунёди иншоотҳои ҷашнӣ саҳми босазо гузоштаанд, бо мукофотҳои пуливу сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Сипас, Сарвазири мамлакат нисбати корҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб сухан ронда, аз он изҳори ташвиш намуд, ки ҳанӯз ҳам корҳои бунёдкориву созандагӣ, сохтмони иншоотҳо ба талабот ҷавобгӯ нест. Пас аз шунидани гузориши роҳбарони гурӯҳи корӣ ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб  ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз масъулини кумитаю вазоратҳо, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Кӯлоб ҷиҳати иҷрои саривақтии нақша-чорабиниҳо бахшида ба санаи муҳими таърихӣ пурсиш ба амал оварда, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дод.

А. САФАРОВА,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Сарвазири ҷумҳурӣ дар шаҳри Кӯлоб

Сарвазири ҷумҳурӣ дар шаҳри Кӯлоб

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Ҳадафи ҳукумат вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ аст

Ҳадафи ҳукумат вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ аст

Ҳокимияти давлатӣ
Сафари кории сарвазири мамлакат ба Леваканту ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Сафари кории сарвазири мамлакат ба Леваканту ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Ҳокимияти давлатӣ
Сафари кории Сарвазири мамлакат ба шаҳри Қӯрғонтеппа

Сафари кории Сарвазири мамлакат ба шаҳри Қӯрғонтеппа

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм
Сафари Қоҳир Расулзода ба Кӯлоб

Сафари Қоҳир Расулзода ба Кӯлоб

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА