Дар як сатр
» » РАИСИ ВИЛОЯТ: «АЁДАТИ МЕҲТАРОН САВОБИ ЗИЁД ДОРАД»

РАИСИ ВИЛОЯТ: «АЁДАТИ МЕҲТАРОН САВОБИ ЗИЁД ДОРАД»

18-04-2019, 14:35

Меҳтарони ҷангу заҳмат барои ободонию шукуфоии ватани азизамон басо ранҷ бурдаанд. Бо азми қавӣ, дастони пурэъҷоз ва ақлу заковати хеш биёбонҳоро ба гулистон табдил додаву ҷавононро илму дониш омӯзонидаанд.

Аз ин рӯ, имрӯз онҳо соҳибэҳтирому азизи ҳамагон гаштаанд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода чун анъана ҳангоми боздид ва шиносоӣ бо соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияи Панҷ қабл аз ҳама, аз вазъи рӯзгори ин пирони корозмудаю муътабар дидан ба амал овард. Ҳ. Мӯсоев, сокини Ҷамоати шаҳраки "Панҷ” ҳамроҳи завҷааш, ки соҳиби 4 фарзанд ванабераю аберагони зиёд мебошад, дар ободонии ноҳия саҳми боризе гузоштаанд. Риштаи меҳру муҳаббат онҳоро бо ҳам оварда, дар сардию гармии ҳаёт, ғаму шодӣ қаноат намуданд, имрӯз аз оншукргузоранд, ки меваҳои ҳаёташон дар соҳаҳои хоҷагии халқ кору номи некашонро идома мебахшанд.

Мард омӯзгор буду завҷааш дар идораи ҳифзи иҷтимоӣ фаъолият дошт. Зимни суҳбат ва мулоқот бо раиси вилоят шукргузорӣ аз рӯзгори осуда, ободии ватани азиз намуда, ба Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менамуданд. Зеро ин меъмори сулҳу ваҳдат барои тоҷику тоҷикистонӣ сулҳ оварда, мамлакатро ободу халқро осуда намуд. Тоҷикистонро ба яке аз давлатҳои пешрафта табдил дод.

Ҳамин тавр, раиси вилоят аз хонаи Ойҷон Сиярова, зане, ки беш аз 40 соли ҳаёти хешро баҳри рушди соҳаи матлубот бахшидааст, дидан ба амал овард. Ҳавлии ободу сергулу дарахти Ойҷон Сиярова аз салиқаи хушу меҳнатпарастии ин модари ғамхор дарак медод. Ҳар як ваҷаб замини ҳавлӣ пурсамар истифода бурда шуда, картошказор аллакай ҳосил ба бор овардааст.

Б. Нидоевро дар ноҳияи Панҷ ҳамагон мешиносанду иззату эҳтиром менамоянд. Ин меҳтари заҳмат солиёни зиёде ба ҳайси роҳбар фаъолият дошт. Имрӯз давлати пирӣ меронаду шукронаи соҳибистиқлолии ватани ҷоноҷон менамояд. Номбурда низ зимни суҳбат бо раиси вилоят иброз дошт, ки аз сиёсати оқилонаи Роҳбари давлат, азму талошҳояш баҳри таъмини зиндагии шоиста ба ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ шоду мамнун аст. Дар воқеъ, рӯзгори собиқадорони арсаи ҷангу меҳнат барои насли ҷавон сабақест нотакрору пурарзиш.

Қабл аз оғози қабули шаҳрвандон иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқ-лолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои сеошёнаи хушсохти хизматрасонии маишӣ бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардид. Дар ин бино маркази даҳонпизишкӣ, дорухона ва нуқтаи фурӯши айнакҳо ба фаъолият оғоз кард. Тавре ки масъулин иброз доштанд, беш аз 10 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд. Ояндаи наздик боз ба беш аз 10 нафари дигар соҳиби ҷойи корӣ муҳайё мегардад.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Панҷ қабули сайёри хешро баргузор намуд. Беш аз 15 нафар сокинони ноҳия оид ба масъалаҳои вобаста ба оби нӯшокӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди сартарошхона, бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, майдончаи варзишӣ, таъмини трансформатор, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, хатти барқ, оби техникӣ ва ғайра муроҷиат намуданд. Раиси вилоят ба масъулини соҳаҳои дахлдор ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои пешниҳодгардида супоришҳои фаврӣ дод.

Пас аз шунидани арзу матлаби сокинони ноҳияи Панҷ роҳбари вилоят аз масъулини ноҳия ҷиҳати вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ пурсиш ба амал оварда, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта, бунёди корхонаҳои нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ супоришҳои мушаххас дод.

А. Сафарова,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«ДАР ОН ҶОЕ, КИ ЗАН АСТ, ДАР ОН ҶО ЗЕБОӢ, ПЕШРАВӢ ВА ОБОДОНӢ АСТ»

Ҳокимияти давлатӣ
РАИСИ ВИЛОЯТ: «ЗАҲМАТУ ХИЗМАТҲОИ ЗАН - МОДАРРО ҚАДР НАМОЕМ»

РАИСИ ВИЛОЯТ: «ЗАҲМАТУ ХИЗМАТҲОИ ЗАН - МОДАРРО ҚАДР НАМОЕМ»

Ҳокимияти давлатӣ
«Истифодаи оқилона аз имкониятҳои мавҷуда ба манфиати кор аст»

«Истифодаи оқилона аз имкониятҳои мавҷуда ба манфиати кор аст»

Ҳокимияти давлатӣ
Сипоси қадри инсон кори нек аст

Сипоси қадри инсон кори нек аст

Ҳокимияти давлатӣ
Ҳадаф - беҳбудӣ бахшидан ба рӯзгори мардум

Ҳадаф - беҳбудӣ бахшидан ба рӯзгори мардум

Ҳокимияти давлатӣ