Дар як сатр
» » ХИЗМАТ БА ВАТАН - МОДАР ШАРАФ АСТ

ХИЗМАТ БА ВАТАН - МОДАР ШАРАФ АСТ

5-04-2019, 11:23

Гузориш аз тантанаи гусели наваскарони хатлонӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ

Субҳи 4-уми апрел Маркази вилоят шаҳри Бохтар қабои идона ба бар намуда буд. Шиору навиштаҷотҳо, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даст ҷавонони шаҳру навоҳии вилоят аз комиссариати ҳарбии вилоят, рӯ ҷониби варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав оварда буданд.

Беш аз ҳазор нафар ҷавонон, аксарият бо амри дил бо хоҳиши худ барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳсипор гардиданд. Ин ҷавонони ватандӯсту қавиродаро сокинони шаҳри Бохтар ва донишҷӯёни мактабҳои оливу миёнаи махсус бо гулу гулдастаҳо истиқбол намуданд. Ҷавонон сараввал дар назди муҷассамаи Асосгузори давлати сомониён Исмоили Сомонӣ ҳамчун рамзи эҳтиром ва арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни гузаштаи хеш гулчамбарҳои тару тоза гузоштанд.

Пасон, даъватшавандаҳо бо чеҳраҳои хушҳол, ифтихор аз ватану миллат ба варзишгоҳи ДДБ ба номи Носири Хусрав ворид гардиданд. Дар ин чорабинӣ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, муовинон ва роҳбари Дастгоҳи раиси вилоят, раиси шаҳри Бохтар, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони меҳнат, башардустон, волидайн ва донишҷӯён ширкат доштанд.

Раиси вилоят зимни суханронӣ оид ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, вобаста ба мақоми ҳомиёни ватан дар мавриди таъмини амнияту осудагии мардуми ҷумҳурӣ, беҳдошти вазъи хизмати сарбозон сухан ронда, эҳсоси фараҳмандӣ намуд, ки ҷавонони имрӯза ба ҳисси баланди ватандорӣ, баҳри ободиву осоиштагии ватан-модар сарбаландона хизмати ҳарбиро ба ҷо меоранд.

Хизмати ватан-модар, ҳимояи марзу буми кишвар рисолати азалии ҳар як ҷавонмард ба шумор меравад. Таърих гувоҳ аст, ки ҷавонмардони бо нангу номуси миллат тӯли ҳазорсолаҳо бо шуҷоату далерӣ, азму талош ватани хешро аз истилогарони аҷнабӣ муҳофизат намуданд. Чуноне ки таъкид гардид, заминаи асосии таъмини бехатарӣ ва амнияти давлат, ҳимояи марзу бум ва сулҳу субботи кишвар дар ҳар давру замон артиш буд ва ин рисолати артиш минбаъд низ боқӣ мемонад. Хизмат дар сафи артиш, ҳимояи марзу буми ватан-модар низ ҳамеша мояи шараф ва ифтихори ҳар як фарди баору номус ва ватандор буд ва ин рисолат то абад мемонад.

Тавре ки раиси вилоят таъкид дошт аз таърих ва достонҳои адибони гузашта равшан аст, ба сафи артиш танҳо беҳтарин ҷавонони содиқ, ғаюру шуҷоатманд гирифта мешуданд ва ин анъана имрӯз низ идома дорад. Имрӯз сарбозони шуҷои ватан давомдиҳандагони роҳи пурифтихори Спитамену Темурмалик ва дигар родмардон дар ҳимояи марзу буми ватан содиқанд. Зеро аз таърих маълум аст, ки тоҷикон мардуми соҳибистеъдод, ҷасур, рӯҳан ва ҷисман тавоно буда, дар набардҳо мағлубнопазиранд.

Раиси вилоят, ҳамчунин зимни суханронӣ аз хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати такмилу тақвият ёфтани Артиши миллӣ ва марҳила ба марҳила устувору қавитар гардонидани он ва бо кадрҳои соҳибихтисос ва техникаи муқтадир таъмин гардидани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардид.

Артиши миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ боз ҳам рушду нумӯъ кард. Дар давраи мавҷудияташ Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол собит кард, ки ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат дар таъмини сулҳу субот нақши муассир дорад.

Имрӯз ҳар як ҷавони бо нангу номусро зарур аст, ки дар иҷрои қарзи шаҳрвандии худ хизмат ба ватан – модар, ҳифзи марзу буми сарзамини хеш масъулияти бештар нишон диҳад.

Дар ҷамъомад сарбозон, нав даъватшавандагон ва волидайни онҳо баромад намуда, хизмати ватан-модарро қарзи ҳар як фарди бонангу номус арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар ин ҷода саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Аз симои ҳар як даъватшаванда баръало эҳсос мешуд, ки онҳо барои содиқона ба ҷо овардани хизмати ватан-модар омодаанд.

Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон ба ҳамаи даъватшавандаҳо дар вазияти тан-танавӣ туҳфаҳои хотиравӣ супурд.

Сипас барномаи театрикунонидашудаи ҳунармандони вилояти Хатлон бахшида ба «Рӯзи даъватшаванда» ва гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши ҷамъомадагон карда шуд. Бо дуои пирони рӯзгордида ваволидайн наваскарон ба қисмҳои низомӣ сафарбар шуданд.

А. Сафарова,

Д. Шарифов




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Ватан - Модар ба бозуи мардонаи шумо умед дорад»

«Ватан - Модар ба бозуи мардонаи шумо умед дорад»

Ҳокимияти давлатӣ

18 НАФАР БО ДИПЛОМИ ДДҚ БА АСКАРӢ РАФТАНД

Хабарҳо
Ҷавонон бо амри дил ба артиш мепайванданд

Ҷавонон бо амри дил ба артиш мепайванданд

Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Гусели аввалин гурӯҳи наваскарон дар Хатлон

Гусели аввалин гурӯҳи наваскарон дар Хатлон

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҷавонони шуҷоъ ба хизмати Ватан мераванд

Ҷавонони шуҷоъ ба хизмати Ватан мераванд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ