Дар як сатр
» » ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА: «ПЕШГИРИИ ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ КОРИ ДАСТАҶАМЪОНА АСТ»

ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА: «ПЕШГИРИИ ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ КОРИ ДАСТАҶАМЪОНА АСТ»

5-04-2019, 11:12

Рӯзи 28 марти соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Иҷлосияи ҳабдаҳуми маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати панҷум, баргузор гардид. Дар Иҷлосия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

1. Оид ба тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъалаҳои кадрӣ (аз 14 январи соли 2019, № 1175 ва 1176).

2. Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 5 апрели соли 2017, № 74 "Оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017, №89 "Дар бораи барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.

3. Ҳисоботи сардори Раёсати хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон оид ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи меҳнат, қоидаҳои бехатарии меҳнат ва пардохти музди меҳнат” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.

4. Масъалаҳои ҷорӣ.

Иҷлосияи ҳабдаҳуми маҷлиси вакилони халқи вилоят даъвати панҷумро муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов оғоз бахшида, иброз намуд, ки дар иҷлосия роҳбарони раёсат, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, раисони шаҳру навоҳӣ, раисони ҷамоатҳо, директорони коллеҷҳои тиббӣ, марказҳои тандурустӣ ширкат доранд.

Вакилон фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъалаҳои кадриро тасдиқ намуданд. Ҳамин тавр раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, ҳамзамон раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида, нисбати бовариаш иброз дошт, ки дар ҳақиқат, Хатлон аз калонтарин ва сернуфустарин вилояти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Потенсиали захираҳои бойи кадрӣ ва истеҳсолӣ дорад ва бо фарзандони фарзонаи ин куҳандиёри аҷдодӣ метавон ифтихор кард.

Мо-заҳматкашони сарбаланди хатлонӣ, аз як гиребон сар бароварда, баҳри амалӣ гаштани дастурҳои Роҳбари давлат ва ҳадафҳои созандааш, кипешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят мебошад, кӯшиш менамоем.

Сипас, муовини раиси вилоят М. Хидирзода аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзнома баромад кард.

Тавре ки дар Иҷлосия таъкид гашт, масъалаи рушду тараққии соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус тандурустӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дошта, дар давраи соҳибистиқлолӣ дар ин соҳа таҳаввулоти ҷиддӣ ба амал омада, Барнома, Консепсия ва стратегияҳо қабул гардидаанд, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ мусоидат намудаанд. Маълум аст, ки дар ҷаҳони имрӯза натанҳо ҳодисоту зуҳурот, балки паҳншавии бемориҳо низ хусусияти глобалӣ касб намуда истодааст, ки бемории вируси норасоии масунияти одам тасдиқи ин гуфтаҳо мебошад.

Аз ҷумла, вазъи кунунии паҳншавии ин беморӣ ташвишовар боқӣ монда, дар ҷаҳон то имрӯз 53 миллион нафар гирифтори сирояти вируси норасоии масунияти одам расман ба қайд гирифта шудааст, ки 5,7 миллионашро кӯдакони то 15-сола ташкил медиҳанд.

Барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017 қабул гардидааст, санади муҳим дар самти пешгирии ин беморӣ маҳсуб меёбад.

Дар заминаи қарори болозикр қарори раиси вилояти Хатлон аз 5 апрели соли 2017, №74 «Оидба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017, №89 қабул гардида, рафти иҷрои он имрӯз ба баррасии Маҷлиси вакилони халқи вилоят пешниҳод шудааст. Тавре маълум аст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар санаи 12 майи соли 2018 вобаста ба ин масъала дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва амалигардонии мақсаду ҳадафҳои Барнома дар самти пешгирии бемории вируси норасоии масунияти одам, инчунин, ҳамоҳангсозии фаъ-олияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаю ташкилотҳои ҷамъиятию тандурустӣ, касбӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ баҳри таъмини саломатии ҷомеа, дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бар зидди бемории норасоии масуният, сил ва вараҷа таъсис дода шудааст, ки дар он вобаста ба ташхис, пешгирӣ ва табобати ин бемориҳо масъалаҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор мегирад.

Барномаи мазкур шаш самти афзалиятнокро дар бар гирифта, дар доираи онҳо андешидани чораҳои дахлдор ҷиҳати пешгирии паҳншавии ВНМО пешбинӣ карда мешавад.

Чуноне ки Махфират Хидирзода, муовини раиси вилоят, таъкид дошт, самти афзалиятноки якум пешгирии вируси норасоии масунияти одам буда, андешидани чораҳои зиёд намудани фарогирии гурӯҳҳои дорои хатари баланди сироятёбӣ бо хизматрасонии босифатро дар бар мегирад.

Барномаи қабулгардида дар навбати аввал ба фаъолияти соҳаи молия, инчунин, дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор бо мақсади таъмини маблағҳои зарурӣ барои фарогирии самтҳои афзалиятноки пешгирии сирояти вируси норасоии масунияти одам дар доираи барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатӣ, беҳтар намудани амалисозии барномаҳои инноватсионӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок, аз ҷумла ворид намудани онҳо дар сохтори хусусӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ равона гардидааст.

Ба ҳолати имрӯза вобаста ба фарогирии занони ҳомиладор ва кӯдакони сироятёфта, аз ҳисоби буҷети маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ҷиҳати харидории тестҳои оҷилӣ ва шири сунъӣ 291 ҳазору 823 сомонӣ, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Норак 12000 сомонӣ, Қубодиён-21000, Ёвон-16000, Шаҳритуз-6000, Ҷалолиддини Балхӣ-11640 ва ноҳияи Данғара 15000 сомонӣ ҷудо намудаанд, ки назаррас мебошад.

Бо мақсади пешгирӣ ва ташхиси беморон дар вилоят 26 Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам,7 таҳлилгоҳи ташхисии усули иммуноферментӣ, таҳлилгоҳҳои ташхисии усули фаврӣ, 12 нуқтаи боварӣ дар байни нашъамандони тазриқӣ, 3 ҳуҷраи дӯстона дар байни шахсони хизматҳои шаҳвонирасонанда ва 4 гурӯҳи сайёр бо нақлиёти санитарӣ фаъолият менамоянд.

Бо мақсади сари вақт дарёфт намудани сироятшудагони вируси норасоии масунияти одам, дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии "СПИД инфосвязь”-и Федератсияи Россия, дар назди Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дармонгоҳи сайёр фаъолият дошта, танҳо соли 2018-ум 7 ҳазору 254 нафар аҳолии дурдасти шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаи онҳо, инчунин ҳомиладорон ба таҳлили вируси норасоии масунияти одам фаро гирифта шуданд.

Барномаи тестикунонӣ оид ба вируси норасоии масунияти одам ва ҳамбастагӣ бо системаи пешниҳоди кумак самти дуюми афзалиятнок мебошад.

Аз давраи қабули Барнома, ки паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам дар байни гурӯҳҳои дорои хатари баланди сироятёбӣ ва гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ 58 фоизро ташкил медод, ба ҳолати имрӯза 32 фоизро ташкил медиҳад, ки 26 фоиз паст карда шуд.

Самти афзалиятноки сеюм ин табобат ва расонидани кумак вобаста ба сирояти вируси норасоии масунияти одам мебошад.

Тибқи қонунҳои амалкунанда давлат ба шахсони бо ВНМО зиндагикунанда табобати зиддиретровирусии ройгонро кафолат додааст. Аз ин рӯ, ҳар як нафар сироятёфтаи ВНМО имконият дорад, ки аз табобати ройгон бархӯрдор бошад.

Айни замон таъмини доруҳои зиддиретровирусӣ ба пуррагӣ аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ, асосан аз ҷониби Хазинаи Фонди Глобалӣ оид ба мубориза бар зидди бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа амалӣ шуда истодааст, ки дастрасии доруворӣ то имрӯз ба мушоҳида нарасидааст.

Давоми соли 2018 занони ҳомила ба тестикунонии таҳлили вируси норасоии масунияти одам 92 фоиз фаро гирифта шуданд, ҳол он ки то амалишавии Барнома 65-68 фоизро ташкил медод.

Ин сабаб гардид, ки дар байни занони ҳомиладор мавҷудияти сирояти вируси норасоии масунияти одам муайян карда шуда, чораҳои пешгирии сирояти вируси норасоии масунияти одам аз модар ба кӯдак беҳтар гардад.

Бехатарии донорони хунсупор самти чоруми афзалиятноки барнома мебошад, ки дар вилоят вобаста ба ин масъала 100 фоиз намунаҳои хуни донорон ва ҷузъҳои он тибқи дастуру тавсияи созмонҳои умумиҷаҳонӣ нисбати сирояти вируси норасоии масунияти одам санҷида мешаванд.

Таъмини иҷрои стандартҳои байналмилалӣ нисбати истифодаи клиникии хун таҳти назорати доимӣ қарор дошта, ҳамасола тарғиби донории ихтиёрӣ ва ройгон тавассути чорабиниҳои оммавӣ амалӣ карда мешавад.

Тавре мавсуф зимни суханронӣ дар Иҷлосия таъкид дошт, самти панҷуми афзалиятноки Барнома ин пурзӯр намудани низоми тандурустӣ мебошад, ки мақсади асосии он пешниҳоди маҷмӯи хизматрасониҳои босифат ва доимӣ нисбати сирояти вируси норасоии масунияти одам мебошад.

Дар ин давра тамоми кормандони тиббии шуъбаҳои қабул ва кумаки фаврӣ нисбати расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ҳангоми ҳолати фавқулодда бо масъалаҳои вируси норасоии масунияти одам омӯзонида шудаанд.

Инчунин, кормандони марказҳои пешгирии вируси норасоии масунияти одам, аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии вируси норасоии масунияти одам омӯзонида шуда, соҳиби сертификат мегарданд.

Вобаста ба бозомӯзии меъёрҳои ҳуқуқӣ ва маърифати санитарӣ дар масъалаҳои пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолшаванда, тибқи нақшаи чорабинии сеҷониба дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби мутахассисони марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам, ташаккули тарзи ҳаёти солим, солимии репродуктивӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дарсҳои омӯзишӣ гузаронида мешавад.

Ҳамчунин, бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба пешгирӣ ва роҳҳои сироят, нақши онҳо дар пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва паст намудани тамға дар байни гурӯҳҳои хатари баланд дар шаҳру ноҳияҳо 56 дарсҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.

Афзалияти шашуми Барнома бошад, ироа гардид зимни ҷаласа, мустаҳкам намудани муҳити созгор бо мақсади дастрасии гурӯҳҳоидорои хатари баланди сироятёбӣ дар самти пешгирии сирояти вируси норасоии масунияти одамро дар бар гирифта, зиёд намудани иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар амалисозии Барнома ва паст намудани монеаҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳоро пешбинӣ мекунад.

Ба ин мақсад дар ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозии пешгирии бемориҳои ВНМО, сил ва вараҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон намояндагии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ворид карда шудааст.

Бо мақсади беҳтар намудани дастрасӣ ба сарчашмаҳоииттилоотӣ оид ба пешгирии вируси норасоии масунияти одам, дар марказҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявӣ нуқтаи иттилоотӣ ташкил карда шуда, мунтазам бо усули "Хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом медиҳанд.

Боиси тазаккур аст, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар якҷоягӣ бо марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам, аз ҷониби раёсатҳои маориф, ҷавонон ва варзиш, занон ва имом-хатибон корҳои тарғиботӣ оид ба пешгирии вируси норасоии масунияти одам бурда мешавад.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бар зидди бемории пайдошудаи вируси норасоии масунияти одам, сил ва вараҷаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, соли 2018 дар деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши шаҳрвандон, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим, аз тарафи мутахассисон мулоқоту вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда ин раванд оянда низ ба роҳ монда мешавад.

Сипас раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати иҷроиши Барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020 дар шаҳру ноҳияи вилоят ибрози андеша намуда, таъкид дошт, ки ҳадафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъсиси хадамоти тиббӣ, қабл аз ҳама, пешгирӣ аз ин бемории хатарнок мебошад. Бинобар ин дар мубориза алайҳи бемории вируси норасоии масунияти одам дар баробари сохторҳои тандурустӣ бояд тамоми қишрҳои ҷомеа саҳмгузор бошанд. Зеро хавфи ин беморӣ аз вабо камтар нест.

Аз рӯйи масъалаи сеюми Иҷлосия вакилон ҳисоботи сардори Раёсати хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлонро оид ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи меҳнат, қоидаҳои бехатарии меҳнат ва пардохти музди меҳнат” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят шуниданд.

Аз рӯйи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул гардид.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Хатари сироятёбии муҳоҷирони меҳнатӣ ба внмо афзудааст

Хатари сироятёбии муҳоҷирони меҳнатӣ ба внмо афзудааст

Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Ҷашни 30-солагии истиқлолиятро бо корҳои ободонию ...

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Ҷашни 30-солагии истиқлолиятро бо корҳои ободонию ...

Ҳокимияти давлатӣ
Норасоии йод инсонро метавонад ба камақлию қадпастӣ расонад

Норасоии йод инсонро метавонад ба камақлию қадпастӣ расонад

Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА

Бемории ҳорӣ ва оқибатҳои он

Тандурустӣ ва экология
Дар ҳошияи Паём. СПИД сарчашмаи хатар ба ҳаёт аст

Дар ҳошияи Паём. СПИД сарчашмаи хатар ба ҳаёт аст

Тандурустӣ ва экология