Дар як сатр
» » ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

26-03-2019, 17:54

23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Бохтар роҳбарияти вилояти Хатлон истиқбол гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Хатлон аз калонтарин вилоятҳо дар мамлакат буда, дар замони соҳибистиқлолии Ватан бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои зиёд дар тамоми бахшҳо ноил гардидааст.

Имрӯзҳо фазои идонаи наврӯзӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят танинандоз буда, сокинон бо шукргузорӣ аз сулҳу оромии Ватан ин ҷашни ҷаҳониро бо дастовардҳои меҳнатӣ дар тамоми бахшҳо истиқбол мегиранд.

 


Хатлонзамин зодгоҳи садҳо нафар шахсиятҳои маҳбубу маъруфи миллат мебошад

Суханронии Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи маҷмааи варзишии Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав, 23 марти соли 2019

Ҳамватанони гиромӣ!

Устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз!

Ин лаҳзаҳо, ки дар сартосари Ватани маҳбубамон тантанаҳои наврӯзӣ идома доранд, кулли мардуми сарбаланди вилояти Хатлон, аз ҷумла сокинони шаҳри Бохтар ва ҳамаи шумо – устодону омӯзгорони гиромӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусравро ба ин муносибат табрик мегӯям.

Имрӯз мо ҷашни бостонии ниёгонамон – Наврӯзи Аҷамро дар фазои озоду осуда, дар давлати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил таҷлил менамоем, ки ин неъмати бузург аст ва мо бояд ба қадри он расем ва шукронаи чунин рӯзҳои осоиштаро ба ҷо оварем.

Дар асоси манбаъҳои таърихӣ ниёгони шарафмандамон Наврӯзро ҳанӯз дар давраҳои мавҷудияти давлатҳои нахустини худ дар гӯшаҳои гуногуни сарзамини зисти худ, аз ҷумла дар қаламрави давлати Бохтар бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мекардаанд ва ин айёмро барои ободиву сарсабзии диёри хеш истифода мебурдаанд.

Бохтар дар замонҳои қадим давлати пуриқтидоре буда, Хатлонзамин як пораи муҳимми ин давлати паҳновари гузаштагони мо ба шумор мерафт ва ин сарзамини бостонӣ зодгоҳи Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ, Хоҷа Нурбахши Хатлонӣ, Муҳаммадҳусайни Хатлонӣ ва садҳо нафар шахсиятҳои маҳбубу маъруфи миллат мебошад, ки имрӯз мо бо ном ва мероси пурқимати онҳо ифтихор мекунем.

Наврӯз, ки бо умри басо тӯлонии қариб шашҳазорсолаи худ дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони он нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури муҳимтарини тамаддуни аҷдодамон дар масири таърих одамонро ҳамеша ба созандагиву офарандагӣ, эҷодкорӣ ва иқдомоти нав раҳнамоӣ кардааст.

Фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат аз вусъат бахшидани амалҳои созандаву ободкорона, сабзонидану парвариши ниҳолҳо, бунёди боғҳо, тозаву озода нигоҳ доштани хонаву кошона, маҳалли зист ва муҳити атроф иборат мебошад.

Бовар дорам, ки мардуми ҳиммат-баланди вилоят, соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатманд ин суннатҳои наврӯзиро, бахусус, дар самти ободонии шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот ва маҳалли зист, таъмиру бунёди роҳҳо, шабакаҳои обрасонӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ, инчунин, барои ҳамватанонамон таъсис додани ҷойҳои нави корӣ вусъат бахшида, ҷашни муқаддаси миллиамон сисолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.

Махсусан, деҳқонони асили ин сарзамин дар баробари чорабиниҳои ҷашнӣ аз ҳар рӯзи мусоиди баҳорӣ самаранок истифода бурда, аллакай киштукори баҳорӣ ва коштани донаи умедро, ки файзу баракати хони наврӯзии мардумамон мебошад, оғоз кардаанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамчун яке аз марказҳои асосии тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ ва рушди фарҳангу адаби кишвар дар тӯли фаъолияти беш аз чилсолаи худ дар қатори дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дар тарбияи омӯзгорон ва мутахассисони бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат нақши сазовор гузоштааст.

Донишгоҳи мазкур яке аз калонтарин таълимгоҳҳои олии касбӣ дар вилояти Хатлон мебошад.

Донишгоҳ дорои пойгоҳи мустаҳкаму муосири моддиву таълимӣ, иқтидори пурқуввати илмиву омӯзгорӣ ва таҳқиқотиву инноватсионӣ буда, дар он парки технологӣ, марказу озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавии таълим фаъолият доранд.

Ҳоло дар донишгоҳ 562 нафар устодону омӯзгорон фаъолият мекунанд, ки 167 нафарашон занон мебошанд.

Шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ қариб 17 ҳазор нафар буда, 600 нафари онҳо тибқи квотаи президентӣ таҳсил мекунанд.

Танҳо дар панҷ соли охир донишгоҳро 19 ҳазор нафар хатм кардаанд.

Имрӯз ҳазорон нафар дастпарварони ин даргоҳи илму маърифат дар муассисаҳои гуногуни таълимӣ ва соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат ва хориҷ аз он муваффақона фаъолият доранд.

Садҳо нафар ходимони давлативу ҷамъиятӣ ва шоирону нависандагони номдор дастпарварони ҳамин донишгоҳ мебошанд.        

Донишгоҳ соли 2018 дар олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар бо 7 ҷойи ифтихорӣ ва дар озмуни имсолаи "Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар арафаи Наврӯз баргузор гардид, бо гирифтани ҳашт ҷойи ифтихорӣ сазовори ҷойи дуюм гардидааст.

Бо вуҷуди ин, масъулони донишгоҳ вазифадоранд, ки имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода карда, ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба корҳои илмӣ, бо устодони унвондор таъмин намудани донишгоҳ ва беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти озмоишгоҳҳо, марказҳои инноватсиониву илмӣ ва таҳкими робита бо истеҳсолот тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳамчунин, Вазорати маориф ва илм, роҳбарияти донишгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Бохтарро зарур аст, ки барои боз ҳам таҳким бахшидани пояҳои моддиву техникии донишгоҳ мунтазам чораҷӯӣ кунанд.

Бо мақсади такмили инфрасохтори мавҷуда ва баланд бардоштани сифати таълим дар се соли охир барои факултетҳои таъриху ҳуқуқ, педагогикаву варзиш, сиёсат ва идораи давлатӣ се бинои нави таълимӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.

Моҳи июли соли 2017 санги асоси бинои нави донишгоҳ, ки бо маблағи бештар аз 90 миллион сомонӣ барои зиёда аз 6000 ҷойи нишаст бунёд мегардад, гузошта шуда, имрӯзҳо сохтмони он идома дорад.

Бинои нави таълимие, ки мо имрӯз ифтитоҳ кардем, иборат аз 24 синфхонаи таълимӣ, 8 кабинети маъмурӣ ва 8 кабинети ёрирасон барои факултаҳои сиёсат ва идораи давлатӣ буда, барои 700 ҷойи нишаст бунёд ва бо таҷҳизоти муосири замонавӣ ҷиҳозонида шудааст.

Дар баробари ин, маҷмааи варзишии дорои тамоми шароити ҳозиразамон бо 4000 ҷойи нишаст, ки ҳоло мо дар он қарор дорем, идомаи ҳамин корҳои созанда мебошад.

Таҷрибаи таърихӣ собит сохтааст, ки инсони соҳибхирад ва донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо ва неруи тавонои зеҳнӣ ба шумор меравад.

Ба хотири пешрафтаву неруманд гардонидани давлат ва таъмин намудани оромиву осоиши ҷомеаи кишвар насли наврас бояд босаводу донишманд ва соҳибмаърифат бошад, дастовардҳои навини илму техника ва технологияҳои инноватсиониро аз худ намояд, бо ду ва зиёда забонҳои хориҷӣ муоширати озод дошта, баробар бо замони пешрафт қадам гузошта тавонад.

Дар баробари таълим ва рушди илму инноватсия тарбия низ ҳамчун ҷузъи таҳсилот муҳим ва ниҳоят арзишманд мебошад.

Аз ин лиҳоз, таваҷҷуҳ ба тарбияи  насли  наврас, дар зеҳни наврасону ҷавонон ҷой кардани хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба камол расонидани насли ояндаи мамлакат яке аз вазифаҳои муҳимми муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва падару модарон ба шумор меравад.

Дар хотир бояд дошт, ки мо танҳо дар сурати рушди баробари таълиму тарбия дар низоми таҳсилоти кишвар ба комёбӣ ноил гардида, барои ба воя расонидани шахсиятҳои солиму соҳибмаърифат ва насли фаъоли ҷомеаи ояндаи худ замина фароҳам меорем.

Бо истифода аз фурсат як нуктаи муҳимро таъкид менамоям, ки файзу баракати зиндагӣ ва шукӯҳу шаҳомати ҳама гуна ҷашну чорабинӣ аз сатҳи пешрафти иқтисодиёт вобаста мебошад.

Бинобар ин, дар баробари таҷлили ҷашн бояд ба масъалаи сари вақт анҷом додани киштукори баҳорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, афзун намудани имкониятҳои содиротии кишвар, саноатикунонии мамлакат ва бо ҳамин роҳ ҳарчи бештар тақвият бахшидани иқтидори иқтисодии Тоҷикистон эътибори аввалиндараҷа диҳем.

Умуман, зарур аст, ки иҷрои нақшаи чорабиниҳои вобаста ба бунёди иншооти иҷтимоӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва ободонии деҳот қабулшуда вусъат бахшида шавад, то ин ки дар се соли оянда мо тавонем кишвари худро боз ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии мардумамонро хеле беҳтар намоем.

Итминон дорам, ки дар амалӣ намудани ин вазифаи пурифтихор ва рисолати пуршараф сокинони сарбаланди вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар намунаи заҳмати аҳлонаву содиқона хоҳанд буд.

Ман ба азму ирода, ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ғайрату матонат ва садоқати хурду бузурги Хатлонзамин нисбат ба Ватани соҳибистиқлоли худ эътимоди комил дорам. Ва дилпурона изҳор медорам, ки онҳо минбаъд низ ба хотири ободии Ватан, пешрафти давлат, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон саъю талоши бештар хоҳанд кард.

Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори Соли нави аҷдодӣ - Наврӯзи фархундапай самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломативу барори кор орзу менамоям.

 

Ҳамеша сиҳатманду сарбаланд ва чун баҳори нозанин сарсабзу хуррам бошед!

 

Ба истифода додани корхонаи

равғанбарории «Ганҷ» дар ноҳияи Кӯшониён

Рӯзи 23-юми март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо сафари корӣ ба ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон ташриф оварда, дар Ҷамоати деҳоти «Бӯстонқалъа» ба фаъолияти бузургтарин корхонаи равғанбарорӣ - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Корхонаи истеҳсолии Ганҷ», ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар майдони як гектар сохта шудааст, оғози расмӣ бахшиданд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур бо харҷи беш аз 8,5 миллион сомонӣ бунёд гардида,  иқтидори солонаи он коркарди 35 ҳазор тонна офтобпарасту зағир ва рапсу масҳар, истеҳсоли 10 ҳазор тонна равғани растанӣ ва 21 ҳазор тонна кунҷора  мебошад.

Дар ин ҷо 40 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Барои истеҳсоли равғани растанӣ аз Федератсияи Россия ва Чехия пешрафтатарин технология оварда, васлу насб карда шудааст, ки айни замон назираш дар кишварҳои минтақа вуҷуд надорад. Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо корхонаҳои бузурги фаъолияткунандаи соҳа танҳо аз пунбадона равған истеҳсол мекунанд. То ин замон истеҳсоли равған аз офтобпараст, зағир, рапс ва масҳар дар ҳаҷми кам дар коргоҳҳои хурд ба роҳ монда шуда, талаботи бозор асосан аз ҳисоби маҳсулоти воридотӣ таъмин карда мешавад.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Корхонаи истеҳсолии Ганҷ» раванди истеҳсолот асосан аз чанд марҳила, ба монанди ҷабиши сард, софкунӣ, безараргардонӣ, ширинкунӣ ва банду басти зарфҳои гуногунҳаҷми равған, ки аз ду то панҷ литрро дар бар мегирад, иборат буда, маҳсулоти тавлидшуда аз лиҳози сифат ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад.

Ҷиҳати беҳтар намудани сифат ва мониторинги ҳаррӯзаи он дар дохили корхона озмоишгоҳи замонавӣ низ фаъолият дорад, ки мутахассисони варзидаи соҳа бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир ба мутобиқат ва бехатарии маҳсулот ҳамарӯза баҳои воқеӣ медиҳанд. 

Ёдовар мешавем, ки растании зағир, рапс, масҳар ва офтобпараст дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои мамлакат парвариш ва истеҳсол карда мешавад, аммо аз ин ҳисоб наметавон талаботи корхонаро қонеъ кард. Бо мақсади таъмини фаъолият қисми бештари ашёи хом аз Ҷумҳурии Қазоқистон оварда шуда, мавриди коркард қарор мегирад. Дар ин корхона дар як вақт имконияти захираи 2,5 ҳазор тонна ашёи хом мавҷуд мебошад.

Аснои шиносоӣ бо раванди истеҳсолот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони корхона барои афзун намудани ҳаҷми маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо равғани растанӣ, ки бештар аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад, маслиҳатҳои муфид доданд. Ба таъкиди Сарвари давлат бо таъсиси чунин корхонаҳо имконияти қонеъ намудани талаботи аҳолӣ бо равғани растанӣ мавҷуд аст ва соҳибкорон метавонанд бо истифода аз имтиёзҳои пешбининамудаи Ҳукумати мамлакат хатҳои нави технологиро ворид намуда, истеҳсолоти ватаниро тақвият бахшанд. Ба роҳбарияти вилояти Хатлон барои васеъ ба роҳ мондани кишти растаниҳои равғандиҳанда низ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Дар робита ба ин, роҳбарияти корхона ҳам бобати харидории растаниҳои равғандиҳанда аз хоҷагидорон ҳавасманд мебошанд ва омодаанд, ки  ҷиҳати зиёд кардани кишти зироатҳои зикршуда ба кишоварзон кӯмаки молиявӣ расонанд. Дар оянда бо таъмин намудани бозори дохилӣ равғани растанӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои минтақа содирот карда мешавад.

Мутахассисони соҳа мегӯянд, ки ба кор оғоз намудани корхонаи мазкур норасоии хӯроки парандаро низ дар кишвар то андозае барҳам мезанад. Зеро кунҷораи истеҳсолшуда, ки дар таркибаш беш аз 6 фоиз равған дорад ба корхонаҳои соҳаи парандапарварӣ бо нархи нистбатан арзон пешниҳод карда мешавад.

Дар ин ҷо барои бунёди як корхонаи истеҳсоли собун низ нақшаҳо тарҳрезӣ шудаанд.

Ҳамзамон роҳбарияти ҶДММ «Корхонаи истеҳсолии Ганҷ» уҳдадор шуданд, ки дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат чунин корхонаи равғанбарориро бунёд намуда, дар амалӣ гаштани ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат саҳм гузоранд.

Баъди ба истифода додани ҶДММ «Корхонаи истеҳсолии Ганҷ» Президенти мамлакат бо намунаи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон, ки дар ин ҷо ба намоиш гузошта шуда буд, шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 512 коргоҳу корхона ба истеҳсоли молу маҳсулот машғул буда, дар таъмини бозори дохилӣ саҳмгузоранд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят асосан корхонаҳои азими коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, гӯштӣ, қаннодӣ, консерваи меваю сабзавот, равғани растанӣ, ранг, мебел, риштаи абрешимӣ, атлас, гӯшти мурғ ва ғайра фаъолият доранд, ки имрӯзҳо молу маҳсулоташон ба Федератсияи Россия, Хитой, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркия, Афғонистон ва даҳҳо кишвари дигар содирот карда мешавад.

Таъкид карда шуд, ки соли 2018 корхонаҳои саноати вилояти Хатлон ба маблағи қариб 7,5 миллиард сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол карданд. Ҳамчунин, соли гузашта 74 корхонаи нав ба фаъолият оғоз намуд, ки зиёда аз ҳазор нафар сокинон бо ҷойи кор таъмин шуданд. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон беш аз 230 коргоҳу корхонаи нав мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

 

Гузоштани санги асоси Терминали

автомобилии мусофиркашӣ дар шаҳри Бохтар

 

23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо гузоштани санги асос ба бунёди терминали автомобилии мусофиркашӣ дар масоҳати 3 гектар оғози расмӣ бахшида, бо Лоиҳаи рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон шинос гардиданд.

Аснои муаррифии лоиҳаи мазкур иттилоъ дода шуд, ки маблағи умумии пружа бештар аз 10 миллион доллари амрикоиро дар бар мегирад ва он дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд татбиқ хоҳад гардид.

Ҳадаф аз татбиқи ин лоиҳа ҷорӣ намудани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии дохилишаҳрӣ ва наздишаҳрӣ бо истифода аз автобусҳои наву замонавӣ барои аҳолӣ ва меҳмонони шаҳри Бохтар, Левакант ва ноҳияҳои Кӯшониёну Вахш, баланд бардоштани сифати хизматрасонии мусофиркашӣ, коҳиш додани ҳолати танбашавии нақлиёт дар роҳҳои мошингард ва беҳтар намудани вазъи экологӣ арзёбӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳа ва суҳбат бо масъулин ҷиҳати татбиқи ҳадафмандонаи пружа ва истифодаи пурсамари маблағҳои ҷалбгардида  таъкид доштанд.

Терминали автомобилии мусофир-кашӣ дар қисмати ҷанубу ғарбии шаҳри Бохтар дар шоҳроҳи Бохтар – Кӯлоб сохта мешавад, ки дар танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва осону сода гардидани рафту омади сокинону меҳмонон ба шаҳру ноҳияҳои атроф мусоидати фаъол хоҳад кард.

Тавре зикр рафт, бо иҷрои лоиҳаи мазкур ва бунёду мавриди истифода қарор гирифтани терминали замонавии автомобилии мусофиркашӣ дар маркази вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар имкон даст хоҳад дод, ки 150 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин ва ҷиҳати ҳалли мушкилоти сокинону меҳмонони шаҳр хатсайрҳои нави ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ба роҳ монда шавад.

Дар шаҳри Бохтар феълан 5 муассиса дар соҳаи нақлиёт амал намуда, шумораи умумии воситаҳои нақлиёт 5 ҳазору 522 ададро дар бар мегирад ва ҳамарӯза аз роҳҳои ҳудуди он садҳо нафар ронандагони автомошинаҳои гуногунтамға истифода мекунанд.

Ворид намудани наздики 50 автобуси наву замонавӣ, ҷорӣ кардани низоми ҳамгироишудаи хариду фурӯши электронии билетҳою кортҳои мусофирбарӣ, ки дар самти беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонон заминаи беҳтарин дониста мешаванд, аз қисматҳои асосии Лоиҳаи рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон мебошанд.

Зимни муаррифии Лоиҳаи рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд, ки феълан дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар таъмиру навсозии роҳҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ идома дошта, барои танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт шароити беҳтар фароҳам оварда мешавад.

 

Ба истифода супоридани факултаи сиёсат ва

идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар

 

Дар доираи сафари корӣ ба гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ташриф оварда, дар маросими мавриди истифодабарӣ қарор додани факултети сиёсат ва идораи давлатии донишгоҳ иштирок намуданд. Пешвои миллатро донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити дар бинои нави таълимӣ муҳайёгардида шинос шуда, бо донишҷӯён суҳбати гарму самимӣ анҷом доданд. Хабар дода шуд, ки ин бинои муҷаҳҳази таълимӣ тавассути маблағҳои Донишгоҳи давлатии Бохтар бунёд ва бо шароити муосири таълимиву таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шуд. Барои сохтмону ҷиҳозонидани бинои чорошёнаи факултети сиёсат ва идораи давлатии донишгоҳи мазкур бештар аз 6 миллион сомонӣ харҷ шуда, он дар муҳлати кӯтоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бояд гуфт, ки Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” яке аз калонтарин таълимгоҳои олии касбӣ дар вилояти Хатлон буда, дар байни дигар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ мақоми хосаро соҳиб аст. Айни ҳол дар донишгоҳ 6 ҳазору 340 нафар тариқи буҷавӣ,  10 ҳазору 420 нафар шартномавӣ ва 586 донишҷӯ тибқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд. Дар ин донишгоҳ ҳамчунин 111 донишҷӯи хориҷӣ, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Туркманистон таҳсил менамоянд.

Донишгоҳи давлатии Бохтар танҳо тӯли панҷ соли охири фаъолияташ бештар аз 19 ҳазор нафар мутахассиси соҳаҳои мухталифро омода намудааст, ки дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва берун аз он дар арсаҳои гуногун кору фаъолият доранд.

Феълан донишгоҳ дорои пойгоҳи мустаҳками моддию таълимии муосир, иқтидори пурқуввати илмию омӯзгорӣ ва таҳқиқотию инноватсионӣ, парки технологӣ, маркази озмоишгоҳи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавии таълим мебошад. Ин муассисаи олии таълимии касбӣ бо зиёда аз 40 муассисаи таҳсилоти олии мамолики хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, дар 5 соли охир беш аз 30 нафар донишҷӯи донишгоҳ ғолиб ва ҷоизадори озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гардиданд.

Донишгоҳ дорои 8 бинои таълимӣ, 29 озмоишгоҳ, 2 кабинети лингофонӣ, 2 толори варзишӣ, ҳамчунин 2 майдонча ва 1 маҷмааи варзишӣ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар саҳни донишгоҳ ба зиёда аз 40 нафар донишҷӯёни ятим туҳфаҳои наврӯзии Сарвари давлатро тақдим карданд.

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи варзишии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро бо 4 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода доданд. Дар Маҷмааи варзишӣ пайроҳаҳои давидан бо масофаҳои гуногун, паридан ба баландӣ, майдонҳои футболу волейбол, майдончаи хурди қадамзанӣ бо шумули майдони варзишии ҳозиразамон бо масоҳати  як гектар мавҷуд мебошад. Дар маҷмӯъ, дар ин иншоот барои кулли намудҳои варзиш тамоми шароити зарурӣ муҳайёст.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав суханронӣ карда, онҳоро ба фаро расидани Наврӯзи некпай таҳният гуфтанд ва иншооти дар ин рӯз мавриди баҳрабардорӣ қароргирифтаро туҳфаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳассилини ин муассисаи олии таълимӣ арзёбӣ карданд.

Намоиши барномаи фарҳангии аҳли ҳунар ба муносибати ҷашни аҷдодии Наврӯз, ки басо ҷолибу диданӣ буд, анҷомбахши боздиди кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав гардид.

 

Боздид аз Кооперативи тиҷоратии «Беҳбудӣ»-и ноҳияи Кӯшониён

 

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити кишту парвариши зироати кишоварзӣ, аз ҷумла картошкаи барвақтӣ дар Кооперативи тиҷоратии «Беҳбудӣ»-и ноҳияи Кӯшониён шинос шуданд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки кооперативи мазкур соли 2009 ҳамчун субъекти хоҷагидор таъсис дода шуда, майдони умумии заминҳои кишти он беш аз 21 гектарро ташкил медиҳад. Хоҷагидорон қариб ҳама намуди зироати кишоварзиро кишту парвариш мекунанд ва саҳми онҳо дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза назаррас аст.

Гуфта шуд, ки дар ин гармхона картошкаи навъи "Шукрона", ки ҳосилнокии баланд дорад,  моҳи декаб-ри соли гузашта кишт гардидааст ва аввали моҳи апрел ҳосили он ҷамъоварӣ карда мешавад. Бояд гуфт, ки соли сеюм аст, дар ноҳияи Кӯшониён кишту парвариши картошкаи барвақтӣ дар гармхона ба роҳ монда шудааст ва ин усул ба иқлими ноҳия мутобиқ мебошад.

Айни замон ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ аз гармхонаҳои ноҳия идома дорад ва то ба имрӯз аз ин ноҳия ба миқдори 160 тонна картошка ба бозор бароварда шудааст. Дар гармхонаи дигари Кооперативи тиҷоратии "Беҳбудӣ" асосан лимӯ парвариш меёбад. Шумораи дарахтони лимӯ дар ин гармхона 90 бехро ташкил медиҳад. Соли гузашта хоҷагидорон 2,6 тонна лимӯ ҷамъоварӣ намудаанд ва дар назар аст, ки имсол ҳосили он то ба 3 тонна расад. Барои самаранок истифода бурдани замин дар ин гармхонаҳо дар қатори дарахтони лимӯ помидор ва дар ҷӯяки картошка бодиринг шинонида шудааст.

Дар Кооперативи тиҷоратии "Беҳбудӣ" 35 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин буда, дар вақти ҷамъоварии ҳосил зиёда аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ ба корҳои мавсимӣ ҷалб мегарданд. Кооперативи тиҷоратии "Беҳбудӣ" ҳамчунин дорои корхонаи коркарди меваю сабзавот мебошад. Иқтидори истеҳсолии ин корхона ба 200 тонна баробар аст.

Дар ин ҷо ҳамчунин намоишгоҳи дастовардҳои меҳнатии кишоварзон ташкил карда шуд, ки Пешвои миллат аз он дидан намуданд. Дар намоишгоҳ  маҳсулоти тару тоза, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, помидору бодиринг, қулфинай, сирпиёз, мевагиҳо ва ғайра, ки дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Кӯшониён истеҳсол карда шудааст ба маъраз гузошта шуд.

Ноҳияи Кӯшониён дар ҷумҳурӣ аз калонтарин ноҳияҳои аграрӣ маҳсуб ёфта, шуғли асосии сокинон кишт ва парвариши зироатҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ мебошад. Иқлими ноҳия барои кишту парвариши ҳама намуди зироати кишоварзӣ мусоид аст. Хоҷагидорон ҳамасола бо истифодаи самараноку оқилонаи замин ба нишондодҳои назаррас ноил мегарданд. Дар ноҳияи Кӯшониён майдони умумии заминҳои корами обии киштшаванда барои ҳосили соли 2019 15 ҳазору 632 гектарро ташкил медиҳад ва то имрӯз аз тарафи хоҷагидорон дар масоҳати 5 ҳазору 700  гектар кишт гузаронида шудааст.

Зимни суҳбат бо хоҷагидорон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи хуб ба роҳ мондани фаъолият, хоса кишти картошкаи барвақтӣ дар гармхона ба кори хоҷагидорон баҳои баланд доданд.

 

Оғози кишти пахта дар Ҷамъияти дорои

масъулияти маҳдуди «Бӯстон-2010»-и ноҳияи Вахш

Дар доираи сафари кории худ дар вилояти Хатлон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Бӯстон-2010"-и ноҳияи Вахш ба кишти пахта оғоз бахшиданд.

Ҷамъияти мазкур имсол  аз масоҳати умумии заминҳои дарихтиёрдоштааш дар 26 гектари он пахта мекорад, зеро ба иттилои масъулин, боду ҳаво ва заминҳои серҳосили ин минтақа барои парвариши ин навъи зироат мувофиқу муносиб буда, ҳосили дилхоҳ ба бор меорад.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки аз ҳар гектар замин имконияти аз 35 то 40 сентнер гирифтани ҳосил мавҷуд буда, имсол дар заминҳои ҷамъият парвариши навъи пахтаи "Хатлон-2014" ба роҳ монда шуд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Бӯстон

Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Гузоштани санги асос барои бунёди муассисаи давлатии таълимии «коллеҷи оташ ...

Гузоштани санги асос барои бунёди муассисаи давлатии таълимии «коллеҷи оташ ...

Маориф ва илм
Шиносоии Сарвари мамлакат бо фаъолияти корхонаҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ д ...

Шиносоии Сарвари мамлакат бо фаъолияти корхонаҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ д ...

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, Матолиби чандрасонаӣ
Шиносоии Пешвои миллат бо фаъолияти кооперативи тиҷоратии «Сомон»-и ноҳияи  ...

Шиносоии Пешвои миллат бо фаъолияти кооперативи тиҷоратии «Сомон»-и ноҳияи ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Арсаи кишоварзӣ
Ифтитоҳи мактаби №26 дар деҳаи Баҳори ҷамоати Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав

Ифтитоҳи мактаби №26 дар деҳаи Баҳори ҷамоати Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм
Оғози бунёди корхонаи нави саноатӣ ва шиносоӣ бо сохтмону азнавсозии роҳҳои ...

Оғози бунёди корхонаи нави саноатӣ ва шиносоӣ бо сохтмону азнавсозии роҳҳои ...

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат