Дар як сатр
» » ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ КОШИНҲОИ РЕЗИНӢ ДАР «ЗАВОДИ ТАҶРИБАВӢ - МЕХАНИКӢ»-И ШАҲРИ НОРАК

ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ КОШИНҲОИ РЕЗИНӢ ДАР «ЗАВОДИ ТАҶРИБАВӢ - МЕХАНИКӢ»-И ШАҲРИ НОРАК

25-03-2019, 15:38

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли кошинҳои резинӣ дар «Заводи таҷрибавӣ - механикӣ»-и шаҳри Норак

20 март бо иштироки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи нави истеҳсоли кошинҳои резинии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Заводи таҷрибавӣ -  механикӣ”-и шаҳри Норак мавриди истифода қарор гирифт.

Коргоҳи мазкур бо маблағи зиёда аз 3 миллион сомонӣ бунёд ёфта, иқтидори истеҳсолии он дар як рӯз 35 метри мураббаъ ва дар як сол 9 ҳазор метри мураббаъ кошинҳои резиниро ташкил медиҳад.

Дар коргоҳи нав бори нахуст аз шинаҳои автомобил, ки  фарсуда шудаанд, се намуди маҳсулот истеҳсол гардида,  ин  номгӯи масолеҳи сохтмонӣ дар бунёди майдончаҳои варзишӣ, саҳни боғчаҳои кӯдакона ва роҳравҳо васеъ истифода карда мешавад.

Хатти технологии коргоҳи нави истеҳсоли кошинҳои резинӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас гардида, тавассути он тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва ҷавобгӯи замони муосир ба роҳ монда шудааст. Баъди ба истифода супоридани коргоҳи нав зиёда аз 20 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, шумораи коргарону мутахассисон дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Заводи таҷрибавӣ - механикӣ” ба зиёда аз 150 нафар расид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корхонаи мазкур ба фаъолияти коргоҳи нави буриш ва ороиши варақаҳои оҳанини андозаи 2 ва 150-миллиметра, ки  бо дастгоҳи муосири рақамии компютерӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, шинос шуданд.

Ин коргоҳ бо харҷи 3,7 миллион сомонӣ бунёд гардида, дар ин ҷо, асосан, болорҳо, қолабҳои гуногун ва ороишҳои оҳанӣ истеҳсол  карда мешаванд. Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур дар як сол коркарди 3 ҳазор тонна оҳанро ташкил медиҳад.

Пешвои миллат зимни шиносоӣ ба фаъолияти коргоҳҳои нав, ки дар  онҳо истеҳсоли масолеҳи сохтмонии дорои сифати баланд ва рақобатпазир сурат мегирад,  баҳои баланд доданд.

Ба масъулон дастур доданд, ки дар баробари таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаро беш аз пеш афзун намоянд.

Маврид ба таъкиди хос аст, ки дар коргоҳҳои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Заводи таҷрибавӣ - механикӣ” якчанд номгӯй масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла қолаб ва аркҳо барои бунёди нақбҳо, электроди кафшергарӣ, шишаи моеъ, сеткаҳои деворбандӣ ва армасеткаҳо, симхор, бомпӯшҳои оҳанӣ, профилҳои тунукагӣ, бетони молӣ бо технологияи  компютерӣ ва  симтаноб барои кранҳои  борбардор истеҳсол мегарданд, ки ҳамаи он воридотивазкунанда буда, қаблан аз хориҷи кишвар дастрас карда мешуданд.

Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона асосан барои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, аз  ҷумла "Роғун”, истифода карда мешавад, ки ҳамзамон зиёда аз 600 нафар коргарону мутахассисони корхонаи мазкур дар ин иншооти аср дар самти корҳои зеризаминӣ ва харротӣ бо истифода аз техника ва технологияи муосир, ки назирашон дар Осиёи Марказӣ мавҷуд нест, фаъолияти босамар  доранд.

Бояд гуфт, ки ифтитоҳи чунин коргоҳҳои нави саноатии истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ барои  татбиқи босамари ҳадафи чоруми миллӣ -  саноатикунонии  босуръати мамлакат замина хоҳад гузошт.

 

Ифтитоҳи Корхонаи «Гидромехсаноат»-и ҶСК «Тоҷикгидромонтаж» дар шаҳри Норак

Дар минтақаи саноатии шаҳри Норак Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали Корхонаи "Гидромехсаноат”-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷикгидромонтаж”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки самти фаъолияти корхона истеҳсоли таҷҳизоти гидромеханикӣ ва металлоконструксияи неругоҳҳои барқи обӣ буда, дар Тоҷикистон ягона корхона ба ҳисоб меравад.

Иқтидори истеҳсолии ин корхонаи нави саноатии мамлакат дар як моҳ то ҳазор тонна таҷҳизоти гидромеханикӣ ва металлоконструксияи неругоҳҳои барқи обӣ мебошад.

Дар Корхонаи "Гидромехсаноат” истеҳсоли ҳама намуд дарвозаҳо, аз ҷумла дарвозаҳои таъмирӣ, асосӣ, садамавӣ ва қубурҳои обрасони турбина барои неругоҳҳои барқи обӣ ба роҳ монда шуда, 250 нафар бо ҷойи кор доимӣ таъмин шудаанд.

Барои истеҳсоли маҳсулот дастгоҳу таҷҳизоти муосир, аз ҷумла дастгоҳи амудӣ-фрезерӣ, харротӣ-мурватбурӣ, дастгоҳи уфуқӣ-қиргиранда, дастгоҳи чорвалкагии гидравликии даврагӣ, тасмабурӣ, дастгоҳи вараққаткунӣ, варақросткунанда ва ғайра бо маблағи беш аз 15 миллион сомонӣ аз хориҷи кишвар ворид ва васлу насб гардидаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Гуфта шуд, ки чунин таҷҳизот барои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ зарур аст ва то ба имрӯз аз Федератсияи Россия ва Украина оварда мешуд ва вазни ҳар як кадоми он аз 50 то 190 тоннаро ташкил медиҳад.

Воридоти таҷҳизоти мазкур дар баробари харҷи зиёди маблағ ҳамзамон вақти бештар талаб мекард.

Имрӯз дар доираи дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳибкорон ва ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат бунёди чунин корхонаҳои азими саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъат дода шудааст ва ин раванд дар самти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамчунин, ин иқдоми роҳбарияти олии мамлакат ба коҳиши воридоти дасгоҳу таҷҳизот сабаб хоҳад гардид.

Дар ин рӯз баробари фаъол гардидани Корхонаи "Гидромехсаноат”-и Ҷамъияти саҳоми кушодаи "Тоҷикгидромонтаж” ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутахассисони Институти лоиҳакашии сохтмони неругоҳҳо, ки дар назди корхона таъсис дода шудааст, муаррифӣ гардиданд. Тавре таъкид гардид, дар ин институт беҳтарин мутахассисони соҳа ҷалб гардидаанд, ки дар рушди соҳаи энергетикаи мамлакат саҳми назарраси худро хоҳанд гузошт.

Бо бунёди марҳилаҳои дуюму сеюми корхонаи "Гидромехсаноат” дар баробари афзун гардидани иқтидори истеҳсолӣ шумораи ҷойҳои корӣ низ дар он бештар карда мешаванд.

Аз рӯи маълумоти масъулин феълан барои маъмурият бинои нав сохта шуда, бунёди бинои дуошёна барои коргоҳи дӯзандагӣ ва хобгоҳ барои кормандони корхонаи "Гидромехсаноат” идома дорад.

Бояд гуфт, ки дар назди корхона коргоҳи дӯзандагӣ фаъолият дорад, ки занону бонувон бо истифода аз шароиту имконоти фарохи муҳайёгардида ба дӯхти либоси корӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ барои кормандони Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷикгидромонтаж” машғуланд.

Дар ҷойи биноҳои маъмурӣ ва коргоҳи дӯзандагии қаблӣ сохтмони марҳилаҳои ояндаи корхона оғоз хоҳад гардид.

Корхонаи "Гидромехсаноат” дар баробари истеҳсоли дарвозаҳои таъмирӣ, асосӣ, садамавӣ ва қубурҳои обрасони турбина ин таҷҳизотро бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ дар неругоҳҳои барқи обӣ васлу насб менамояд.

Дар даврони соҳибистиқ-лолӣ баробари бунёди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ, ҳамзамон таҷдиду навсозии неругоҳҳои мавҷуда идома дошта, ин корхонаи навбунёди саноатӣ имкон медиҳад, ки бо харҷи ками маблағу сарфаи вақт таҷҳизоти зарурӣ бо сифати баланд дар дохили мамлакат истеҳсол ва дастрас гардад.

 

Маросими ба истифода супоридани

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Норак 20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода доданд.

Иншооти мазкур дар майдони 1570 метри мураббаъ бунёд ёфта, дар зарфи камтар аз як сол сохтмони он ба анҷом расонида шуд. Баландии сутунпояи Нишони давлатӣ аз сатҳи сақф 20 метрро ташкил дода, аз масолеҳи хушсифат ва тобовар бунёд ёфтааст. Худи Нишон наздик ба 2 метр буда, дар маҷмӯъ баландии иншоот бо сутунпояаш  22 метрро ташкил медиҳад.

Майдони Нишони давлатӣ аз се қисмат иборат буда, ҳамагии он бо санги мармар, ки аз табиати бойи Тоҷикистон дастрасу коркард гардидааст, зебу зиннат ва оро дода шудааст. Ҳамзамон, иншоот бо гулу буттаҳои ороишиву мавсимӣ сабзу хуррам гардонида шуда, ба як мавзеи дилрабову зебои шаҳри Норак мубаддал гардидааст. Дар доираи корҳои сохтмонӣ, ҳамчунин роҳҳои мошингарди атрофи иншоот мумфарш ва ба талаботи замон мувофиқ гардонида шуд.

Майдони Нишони давлатӣ пурра чароғон карда шуда, шабонгоҳ иншоотро 76 адад  чароғакҳои поядор ва сутунпояву Нишонро 10 чароғаки пуриқтидор равшанӣ хоҳанд дод. Аз ду ҷониби майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаҳои алоҳида барои шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ бунёд ёфта, пурра бо тавораҳои панҷарадори алюминӣ зебу оро дода шудааст.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои нигоҳубини дурусти иншоот ва сабзу хуррам кардани атрофи он ба масъулин дастуру супориш доданд.  

Дар ин иншоот наздик ба 40 адад нишастгоҳ насб гардида, то 200 дарахти сояафкану ҳамешасабз шинонида шудааст. Ҳудуди ҳар ду майдон пурра майсазор гардида, ҳамчунин дар дохили иншоот як қаҳвахона бунёд гардид.

Майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва атрофи он, бахусус шомгоҳон зебову нотакрор буда, бо системаи муосири равшанидиҳӣ таъмин карда шудааст.

Дар шафати Нишони давлатӣ ду майдони сайру саёҳат низ барои сокинон сохта шуд. Мавзеи навбунёд мутобиқ ба талаботи замон буда, бешубҳа, ба макони сайру саёҳат ва истироҳати сокинону меҳмонони шаҳри Норак табдил хоҳад ёфт.

 

Гузоштани санги асос барои бунёди Майдони варзишӣ дар назди варзишгоҳи

марказии шаҳри Норак

 

20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди варзишгоҳи марказии шаҳри Норак барои бунёди майдони варзишӣ санги асос гузошта, бо сохтмончиёни иншооти мазкур суҳбат намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, майдони варзишӣ дар заминаи варзишгоҳи марказии шаҳр бунёд ёфта, барои 10 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.

Тибқи лоиҳа, майдони ҳозираи футбол бетағйир  нигоҳ дошта шуда, дар атрофи он нишастгоҳҳои замонавӣ бунёд мегарданд.  Иншооти нав дар масоҳати 4,3 гектар сохта шуда, дар баробари нишастгоҳ ҳамчунин дар ин ҷо дигар шароит барои машқу тамрин фароҳам оварда мешавад. 

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар варзишгоҳи нав барои 4 даста ҳуҷраҳои варзишгарон бунёд ёфта, ин иншоот ҳамчунин бо утоқҳои либосивазкунӣ, ҳаммом, нуқтаи тиббӣ, дафтари кории маъмурият ва ҳуҷраҳои техникӣ мувофиқи талаботи замони муосир таъмин хоҳад шуд. Барои обутоби бадан дар ин иншоот толорҳои алоҳидаи машқу тамрин дар назар дошта шудаанд, ки ҳар кадоми он бо ҳуҷраҳои либосивазкунӣ ва мағоза таъмин мегарданд.

Тибқи лоиҳаи таҳиягардида, дар варзишгоҳ боз дигар биноҳои ёрирасон низ сохта мешаванд. Аз ҷумла, сохтмони зеристгоҳи барқӣ, майдон барои партов, ҳавзи оташхомӯшкунӣ, таваққуфгоҳ барои нақлиёт ва майдонҳо барои бозии баскетболу волейбол.  

Зимни шиносоӣ бо тарҳи варзишгоҳи мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулину  сохтмончиён барои иҷрои саривақтии корҳо, назорати қатъии сифат ва истифодаи масолеҳи баландсифат дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

 

 

Мулоқот бо 250 нафар

ятими кулл дар шаҳри Норак

 

Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак, чун анъанаи аҷдодӣ, ба 250 нафар ятими кулл, ки муҳассилини муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мебошанд, туҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Нахуст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таманниёти нек нав-расону ҷавонони бо амри тақдир бесаробонмондаро бо фарорасии ҷашни зебои баҳор - Наврӯзи оламафрӯз ва Соли нави миллӣ табрику муборакбод гуфта, онҳоро ба хониши аъло, одоби ҳамида, рафтори намунавӣ ва ҳамчун фарди соҳибилму бомаърифат ба воя расидан, ҳидоят намуданд.

Туҳфаҳои идонаи Сарвари давлат аз маҷмӯи сару либоси тобистона ва зимистона, аз ҷумла шиму костюм, курта, ҷуробу пойафзол, болопӯш, барои духтарон 12-метрӣ матои хушсифати атлас ва шириниҳои гуногун иборат буданд.

Дар ин рӯз ҳамчунин ба ятимон зиёфати идона ороста шуда, аз ҷониби Пешвои миллат ба ҳар яки онҳо маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Имрӯз дар вилояти Хатлон 648 нафар ятими кулл ба қайд гирифта шудааст ва туҳфаҳои идонаи Роҳбари давлат ба ҳамин тартиб ба боқимонда 400 нафар низ дастрас карда мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дасти ёрӣ дароз кардан ба нафарони ниёзманд аз беҳтарин хислатҳои инсонӣ маҳсуб ёфта, ин амалро дар ҷумҳурӣ чун анъанаи накуи ниёгон дар арафаи ҳамаи иду ҷашнҳо шахсони саховатпеша ва хайрхоҳ анҷом медиҳанд.

Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати иҷтимоии худ фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил барои наврасону ҷавонон, бахусус нафарони бепарастор ва фарзандони оилаҳои ниёзмандро дар навбати аввал қарор додааст.  Ҳамин аст, ки ҳамасола барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таълим ва будубоши ятимон дар мактаб-интернатҳои мамлакат ва бо ҷойи кор таъмин шудану шарафёб гардидани ин қишри ҷомеа ба зиндагии арзанда корҳои назаррасу самарабахш анҷом дода мешавад.

Ятимони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки илмҳои муосирро аз бар менамоянд ва ҳамчун донишманд ба воя расида, бо эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ дар рушду пешрафти минбаъдаи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Дар ин рӯз хушнудиву болидарӯҳии ятимони куллро ҳадду канор набуд, зеро ҳар кадоми онҳо соҳиби туҳфаҳои арзишманди идона гардиданд ва бо Сарвари саховатпешаву дурандеши худ суҳбати самимӣ анҷом доданд.

 

Барафрохтани Парчами

давлатӣ дар шаҳри Норак

 

20 март ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак дар вазъияти тантанавӣ Парчами давлатиро барафрохтанд.

Парчами давлатӣ бо садо додани Суруди миллӣ дар фазои орому осудаи ватан, дар маркази шаҳри Норак партав-афшон карда шуд.

Баландии пояи Парчами давлатӣ 50 метрро ташкил медиҳад. Дарозии матои ин рамз ва муқаддасоти миллӣ 14 метр ва паҳноиаш ба 7 метр баробар мебошад.

Иншоот дар масоҳати 40 садяк бун-ёд гардида, атрофи он бо гулу буттаҳои ҳархела, дарахтони ҳамешасабз ва чароғҳои равшанидиҳанда бо тарҳи муо-сир оро дода шудааст.

Поя ва майдони Парчами давлатӣ бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ бунёд шудааст.

Барафрохтани Парчами давлатӣ дар ин мавзеъ аз як ҷониб ба ҳусни шаҳри Норак зебогии бештар зам намояд аз тарафи дигар майдони он барои истироҳату фароғати сокинон басо созгор аст.

Парчами давлатӣ дар ин макони сераҳолии шаҳр ба хотири арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ бунёд гардидааст.

 

Ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони марказии шаҳри Норак

 

20 март дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон дар майдони марказии шаҳр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ аз рӯйи муҷассамаи асосгузори аввалин давлати тоҷикон - шоҳ Исмоили Сомонӣ пардаро бардошта, онро ифтитоҳ карданд.

Баландии пояи муҷассама 7,5 ва худи муҷассама 7 метрро ташкил медиҳад.

Муаллифони муҷассамаи барқади шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳайкалтарошон, аъзоёни Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Мансур Маҷидов ва Рустам Ҳоҷибоев мебошанд.

Маҷмаа бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бо маблағҳои соҳибкорони ватанӣ, сокинони саховатпешаи шаҳри Норак ба ифтихори истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ - 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид.

Майдони назди муҷассама бо фаввораҳо, гулгашту хиёбон бо гулҳои тару тоза ва растаҳо бо чароғҳои рангаву курсиҳо оро дода шудааст. Соҳибкорон ҳамчунин роҳҳои назди муҷассамаро мумфарш кардаанд, ки дар маҷмӯъ, ин мавзеъ барои сайру тамошои сокинону меҳмонони шаҳри Норак басо мувофиқ гардидааст.

Дар рафти корҳои сохтмонии маҷмаа беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Мавриди зикр аст, ки бунёди муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ, нишони давлатӣ ва барафрохтани Парчами миллӣ дар саросари мамлакат аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи олии қадршиносию арҷгузорӣ ба гузаштаи неку ибратбахши давлату миллати тоҷик ва рамзҳову муқаддасоти бузурги миллӣ мебошад.

 

Иштирок дар барномаи фарҳангии

«Корвони Наврӯзӣ»-и шаҳри Норак

 

Пас аз ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва барафрохтани Парчами миллӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди меҳмонони ҷашнвораи Наврӯзи байналмилалӣ ва роҳбарону фаъолони шаҳри Норак, ки дар базмгоҳи наврӯзӣ ба ифтихори таҷлили иди баҳору зебоӣ ҷамъ омада буданд, суханронӣ карданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозирин ва дар шахси онҳо тамоми сокинони вилоятро бо фарорасии баҳори фархундапай ва Наврӯзи ҷаҳонӣ табрику таҳният намуданд.

Президенти мамлакат, аз ҷумла, бо қаноатмандӣ таъкид карданд, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат раванди созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, мардуми худогоҳу худшиноси мо, аз ҷумла сокинони шаҳри Норак ба хотири ободии Ватан ва пешрафту тараққиёти он беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашидаанд.

Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи ҳозиринро бо ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ ва вусъати корҳои ободонӣ табрику таҳният гуфта, ба сокинони шаҳри Норак барои ҷонибдории сиёсати бунёдкоронаи  Ҳукумати кишвар ва идомаи корҳои созандагӣ изҳори сипосу қадрдонӣ намуданд.

Маросими тантанавии ҷашни Наврӯзи байналмилалиро барномаи бошукӯҳи театрикунонидашудаи "Корвони наврӯзӣ” идома дод.

Тибқи иттилои дастандаркорони чорабинии муҳташами фарҳангӣ, дар ин тадбири хотирмони ҷашнӣ беш аз 10 ҳазор нафар ҷалб гардидаанд. Дар барномаи зикршудаи фарҳангӣ-оммавӣ анъанаву русуми аҷдодии бошандагони гӯшаву канори Тоҷикистони азиз ва суннатҳои марбут ба қавму миллатҳои ҷашнгирандаи ҳавзаи Наврӯз таҷассуми худро пайдо кард, ки басо дилписанд ва хотирмон буд.

Таҳиягарони барномаи идонаи наврӯзӣ маҳалли баргузории тадбири фарҳангиро бо рамзҳои хоси ҷашн, расму анъана ва суннатҳои наврӯзӣ оро доданд.

Барномаи фарҳангии "Корвони Наврӯзӣ” бо садои карнаю сурнай оғоз гардид.

Аз рафти чорабинӣ маълум гардид, ки таҳиягарон бо дарназардошти тамоми анъанаҳои ин ҷашн ва риояи дигар хусусиятҳои хос барномаро таҳия кардаанд, зеро мушоҳида мешуд, ки ҳар як баромади устодони санъат ва ҳаваскорон таҷассумгари шукӯҳу шаҳомати Наврӯзи аҷдодӣ буд.

Суннатҳои неки наврӯзӣ, ки дар ҳама минтақаҳои кишвар ба онҳо арҷ гузошта мешаванд, дар ин чорабинӣ таҷассуми худро ёфта буд. Ин чорабинӣ бори дигар собит кард, ки мардуми Тоҷикистон расму оинҳои бостониро гиромӣ медоранд ва онро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд.

Наврӯзи Хатлону Бадахшон, Рашту Зарафшон ва Ҳисор бо хусусиятҳои хосаш ба иштирокдорони ин чорабинии бузурги фарҳангӣ намоиш дода шуд.

Рақсу бозӣ, иҷрои сурудҳои халқӣ, намоиши омода кардани таомҳои миллии хоси Наврӯз ва ғайра аз бахшҳои асосии ин намоиш буданд, ки ба ҳозирин хеле писанд омаданд.

Корвони Наврӯзӣ, ки дар кишвари мо бо талошу тадбирҳои созандаи Пешвои миллат пас аз солиёни зиёд дубора эҳё гардид, дар вуҷуди худ беҳтарин суннатҳои Наврӯзи бузурги ниёгони моро таҷассум намудаву ҳамон оинҳои қадимаро ба сурати нав, хоса бо мутобиқ гардонидан ба падидаҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, дубора зинда гардонидааст.

Дар охир Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳиягарону ҳунармандон барои ташкили ин чорабинии сатҳи баланд арзи сипос намуданд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Тантанаи ҷумҳуриявии Наврӯз дар Норак мегузарад

Тантанаи ҷумҳуриявии Наврӯз дар Норак мегузарад

Фарҳанг ва адабиёт

Тантанаи ҷумҳуриявии Наврӯз дар Норак мегузарад

Фарҳанг ва адабиёт, АСАЛМО САФАРОВА
Сафари кории Сарвари давлат ба ноҳияи Ёвон

Сафари кории Сарвари давлат ба ноҳияи Ёвон

Ҳокимияти давлатӣ
Оғози бунёди корхонаи нави саноатӣ ва шиносоӣ бо сохтмону азнавсозии роҳҳои ...

Оғози бунёди корхонаи нави саноатӣ ва шиносоӣ бо сохтмону азнавсозии роҳҳои ...

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат
Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ Хуаҷиан Ғаюр Индастриал да ...

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ Хуаҷиан Ғаюр Индастриал да ...

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат