Дар як сатр
» » Ба Наврӯзи шаҳри нурофар марҳамат

Ба Наврӯзи шаҳри нурофар марҳамат

21-03-2019, 09:08

Фатҳулло ҲУРМАТЗОДА, раиси шаҳри Норак
Бо истифода аз фурсати муносиб мардуми шарифи Тоҷикистони азизро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик гуфта, барои онҳо тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям. Хоҳони онам, ки бахту саодату шодкомиҳо ҳамсафари зиндагии онҳо бошад.
Боиси ифтихор ва шодию хурсандӣ аст, ки Наврӯзи байналмилалии имсола дар диёри куҳанбунёди мо таҷлил мегардад. Ин бесабаб нест. Гумон мекунам, ки меҳнату заҳматҳои мардуми ин диёри нурофар аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ гардида, баргузории ҷашнвораро дар шаҳри Норак ҳамчун рамзи миннатдорӣ пешниҳод намудаанд. Мардуми шарифи шаҳр аз ин изҳори сипос намуда, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани он омодагии комил гирифтанд. Ба ин мақсад корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза пайдо намуд. Аксарияти биноҳои истиқоматӣ аз нав таъмиру тармим гардиданд. Роҳҳои дохили шаҳр ва роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта мумфарш карда шуданд.
Беҳдошти муҳити зист ва боз ҳам назаррабо гардонидани табиати атроф яке аз вазифаҳои фахрӣ ва шарти муҳими ҳар як шаҳрванд аст. Аз ин рӯ, кори сабзу хуррам гардонидани маҳаллаҳои деҳот ва маркази шаҳр ривоҷ ёфт. Мардум бо дасту дили гарм ба ҳашари дастҷамъона баромада, рӯзҳои истироҳат дар корҳои ободонӣ фаъолона ширкат варзиданд. Тавассути ин амали нек ҳазорҳо бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонда шуданд. Дар ин бахш сокинони шаҳр ва коллективҳои ташкилоту муассисаҳо фаъолияти баланд нишон доданд.
Боиси тазаккур аст, ки дар вусъат пайдо кардани корҳои ободонию созандагӣ таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нақши калон бозид. Дар ин бахш дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро ҳидоятгар шуда, баҳри вусъат бахшидани амалҳои бунёдкорӣ раҳнамун намуд. Ба ин мақсад, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр нақша-чорабинии зарурӣ тартиб дода, бунёди 66 иншооти гуногуни фарҳангию тандурустӣ, хизматрасонӣ, корхонаҳои хурду бузургро ба нақша гирифт, ки он то ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта, ба истифода дода хоҳанд шуд. Айни замон аксарияти иншоотҳои хизматрасонӣ пурра сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд. Бунёди иншоотҳои банақшагирифта имконият медиҳанд, ки садҳо нафар сокинони шаҳр ва маҳалҳо ба ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуда, зиндагиашонро боз ҳам беҳтару хубтар намоянд.
Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми нав-батиашон ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки бояд Тоҷикистон дар ояндаи наздик аз ҷумҳурии аграрӣ ба ҷумҳурии агросаноатӣ табдил дода шавад. Ба ин мақсад, ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии мамлакатро пешниҳод намуданд, ки ин бо рӯҳбаландии калон аз тарафи кулли мардуми Тоҷикистон дастгирӣ ёфт. Дар ин раванд шаҳри Норак истисно нест. Бояд ҳар як сокини шаҳр, аз мардуми одӣ сар карда, то шахсони масъул пайи амалӣ гардидани ин мақсади нек масъулияти баланд ҳис намоянд. Зеро яке аз истеҳсолкунандагони қувваи барқ шаҳри Норак буда, барои бунёди иншоотҳои саноатӣ хеле мувофиқ аст. Инро ба назар гирифта, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай сохтмони ин гуна корхонаҳо шурӯъ гардиданд. Ман аминам, ки бо дастгирии Сардори давлат ин кори хайр пурра ба анҷом расонида мешавад.
Баҳори фархундапай, Наврӯзи Аҷам ба сарзамини биҳиштосои мо қадами файзборашро ниҳод. Аз омад-омади ин фасли наку, қабл аз ҳама, деҳқони ризқофар хурсанд мегардад. Баҳор ин айёми киштукор, ба замин пошидани донаи умед аст. Ин аст, ки марди деҳқон ба сари мазраи худ бармегардад, онро ба киштукор омода намуда ба кишти зироатҳои ғалладонагӣ ва зироатҳои техникӣ шурӯъ мекунад. Дар урфият мегӯянд: "Соле, ки накуст аз баҳораш пайдост”. Ин баҳор низ хеле хуб омад. Умед дорем, ки он ба соли фаровонҳосилию комёбиҳо дар тамоми бахшҳои хоҷагии халқи Тоҷикистони азиз табдил мегардад. Дар ин кори пурсамар ба кулли заҳматкашони кишвар, алалхусус марди деҳқон, барору комёбиҳо таманно менамоям.
Истифода аз фурсат бори дигар мардуми сарбаланду ваҳдатофар, баору номуси Тоҷикистони биҳиштосоямро ба фарорасии фасли баҳор, иди киштукор, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз самими дил табрик гуфта, барояшон рӯзгори хушу босаодат орзу менамоям.
НАВГОНИҲО
Рӯзи ҷашни Наврӯзи байнал-милалӣ дар шаҳри Норак иншоотҳои зерини ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
-Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Парчам аз ҷониби коргарону мутахассисони КВД «Алюминзавод» бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ ба маблағи 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.
-Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шафати ҶСП «КМОҚ-и Норак» бунёд гардида, баландиаш 17 метр мебошад. Маблағгузори сохтмон соҳибкори маҳаллӣ буда, барои корҳои сохтмон 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст. Корҳои сохтмониро коргарони КВД «Алюминзавод» ба анҷом расонидаанд.
-Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ. Он аз рӯйи лоиҳаи ҶСК «ПИЛҶ САНИИСОП» аз ҷониби коргарону мутахассисони "Инпекс компания” бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ ба маблағи 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.
-Коргоҳи истеҳсолии брусчаткаи резинӣ дар назди корхонаи ҶСП «Заводи таҷрибавӣ-механикӣ» соҳибмулк Хӯҷамурод Азимов.
-Сехи истеҳсоли металлҳои гидротехникӣ дар филиали ҶСП «Тоҷикгидромонтаж». Он аз тарафи соҳибкор Х. Зайдов бунёд гардидааст, ки 60 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин менамояд.
-Бинои истиқоматии пан-ҷошёна аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Ҷӯрабек Ҳақназаров бунёд гардидааст, ки аз 30 ҳуҷра иборат буда, дар нуқтаҳои савдои он 10 нафар соҳиби ҷойи кор мегарданд.
-Бинои истиқоматии ҳафт-ошёна. Он аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Садриддинов бунёд гардидааст, ки аз 40 ҳуҷра иборат буда, ҳамзамон дар нуқтаҳои савдои он 15 нафар бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд.
-Толори варзишӣ ба маблағи 2 миллион сомонӣ, майдончаи варзишии кӯдакона, истироҳатгоҳи «Нурсоз», дорои майдончаи варзишӣ ва ҳавзи зимистонаи шиноварӣ.
АКСИОНЕРИ МУВАФФАҚ
Гумон мекунам бисёриҳо дар бораи истилоҳи «аксия» ва «аксионер» тасаввуроти комил доранд. Ба ҳар ҳол, лозим медонем, ки ин дам бори дигар дар бораи онҳо ба таври мухтасар маълумот диҳем.
«Аксия» аз зумраи коғазҳои қиматнок буда, арзиши таҷҳизот, бино ва дигар васоити кори корхона бо он муайян карда мешавад. Ҳамчунин, дар дигар бахшҳои корӣ низ он нақши муҳим мебозад. Шахсе, ки аксияҳои ягон корхонаро соҳиб мешавад «аксионер» ҳисобида мешавад. Нафарони зиёде соҳиби аксияҳои корхонаҳои саноатӣ буданд, вале на ҳамаи онҳо тавонистанд бори гарони аксияҳоро бар дӯш гиранд. Дар натиҷа, аз бесалоҳиятӣ ва надоштани таҷрибаи кофӣ қисми онҳо ба касодӣ дучор шуданд. Онҳое, ки қобилияту истеъдоди роҳбариву кордонӣ доштанд, ба пешравию комёбӣ ноил гардиданд.
Хӯҷамурод Азимов аз зумраи ин нафарон аст. Ӯ дар давоми фаъолияти кориаш ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Хӯҷамурод 25 апрели соли 1967 ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи техникии Тоҷи-кистон шомил шуда, онро бо ихтисоси стансияи электрикӣ ба итмом расонид. Баъди хатми донишгоҳ фаъолияти кориашро аз техники шуъбаи таъминоти идораи сохтмонии «Нурекгэсстрой» оғоз намуда, минбаъд директори корхонаи хурди «Шоми Норак» ва сипас, аз соли 2006 инҷониб директори ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Заводи таҷрибавӣ-механикӣ»-ро ба уҳда дорад. Ҳамон сол кулли аксияҳои корхонаро харидорӣ намуда, соҳибмулки он гардид.
Фаъолияти истеҳсолии корхона серсоҳа аст. Дар навбати аввал, барои неругоҳҳои барқӣ маҳсулот истеҳсол менамояд. Имрӯз маҳсулоти корхона пеш аз ҳама барои сохтмони Неругоҳи барқи обии "Роғун” харидорӣ мегардад. Маҳсулоти корхона, аз ҷумла тӯри симин барои корҳои бетонрезӣ, зарфҳои обгирӣ, механизмҳои борбардорӣ ва кашиш, истеҳсоли хишти пухта, тайёр кардани кислороди техникӣ барои истеҳсолот, азнавбарқароркунии шинаҳои мошинҳои калонҳаҷм ва дигар лавозимоти зарурӣ барои сохтмони Неругоҳи барқи обии "Роғун” ба шумор меравад.
Дар арафаи иди Наврӯз аз корхонаи мазкур дидан карда, бо фаъолияти он аз наздик шиносоӣ пайдо намудем. Аҳли коргарон ба ҷашни Наврӯз омодагӣ мегирифтанд. Қисме, атрофи биноро тоза менамуду қисми дигар, роҳравҳоро аз нав батартиб медаровард. Дохили корхона тозаю озода ва коргарон ҳар яке паси дастгоҳҳои корӣ машғули коранд. Кор дар ҳама сехҳо, ки зиёда аз даҳ адад мебошанд, бо як дилгармии зиёд идома дошт.
-Ана ин дастгоҳро ба тозагӣ аз хориҷи кишвар харидорӣ намудаем, - мегӯяд Хӯҷамурод Азимов. - Фаъолияти кори он тавассути компютер ба роҳ монда шудааст. Ҳар як кореро, ки анҷом доданӣ бошем, ба компютер дохил менамоем ва дастгоҳ чун робот онро иҷро менамояд. Ана ин Нишони давлатии Тоҷикистон аст, ки тавассути ин дастгоҳ тайёр карда шудааст. Нишон аз металли ғафсиаш 2-миллиметра сохта шуда, хеле назаррабо аст. Кас гумон мекунад, ки онро наққоши моҳире бо тамоми маҳораташ кашидааст. Болотар аз нишон, ҳамчунин, Қасри миллат аз металл бо дарозии 4 ва баландии 1,5 метр сохта шудааст, ки он метавонад пештоқи ҳар як корхона ва канори роҳро зебу зиннат бахшад.
Роҳбарияти корхона бо мақсади боз ҳам васеъ намудани иқтидори истеҳсолӣ ва васеъ намудани самтҳои фаъолияти он, на танҳо бо корхонаҳои ҳудуди ҷумҳурӣ, балки бо корхонаҳои Федератсияи Русия, Чин, Ӯзбе-кистон ҳамкорӣ менамояд.
Айни замон, дар корхона 511 нафар коргарон фаъолият менамоянд, ки аз ин миқдор 131 нафараш дар худи корхона ва 380 нафараш дар сохтмони НБО-и "Роғун” кор мекунанд.
Фаъолияти пурсамари роҳбари корхона аз тарафи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қадрдонӣ шуда, бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардид. Мукофоти мазкурро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъи тантанавӣ ба Хӯҷамурод Азимов супурда, ба ӯ барору комёбиҳо таманно намуд.
Мо низ, ба Хӯҷамурод Азимов ва ба коллективи корхонааш барору комёбиҳо таманно намуда, Наврӯзи байналмилалиро барояшон табрик гуфта, хушиҳои зиндагиро таманно месозем.
Саҳми мо дар бунёди неругоҳ
Хеле шодам, ки баробари дигар мардуми шарифи ҷумҳурӣ дар кори бунёди Неругоҳи барқи обии "Роғун” коллективи коргарони корхонаи мо саҳм мегузоранд. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи коргарони корхона дар корҳои сохтмонии ин иншооти азими аср истифода мегардад.
То ба кор даромадани корхонаи мо як қисм масолеҳи сохтмонӣ ва қисмҳои зарурӣ аз ҷумҳуриҳои Украинаю Русия барои бунёди НБО-и "Роғун” ворид мегардид. Ин хароҷоти зиёдатиро талаб мекард. Истеҳсоли маводи худӣ имкон дод, ки ҳам ҷойи корӣ пайдо шаваду ҳам маблағ дар худи ҷумҳурӣ боқӣ монад. Акнун дар ин ҷо панҷараҳои оҳанин барои корҳои бетонрезӣ истеҳсол мешаваду ҳам дарвозаҳои мустаҳкам барои дарғотҳои НБО-и "Роғун”. Алҳол, дар корхонаи мо 160 нафар коргарон фаъолият менамоянд.
Баробари истеҳсоли маводи техникӣ ва дигар заруриёти НБО-и "Роғун” ҳамчунин, корхона дар дигар бахшҳо низ фаъолият менамояд. Аз ҷумла, талаботи сохтмончиёнро бо либоси махсуси корӣ ба инобат гирифта, дар корхона сехи дӯзандагӣ ташкил карда шуд, ки барои коргарон либоси ягонаи корӣ тайёр менамояд. На танҳо барои коргарони НБО-и "Роғун”, балки фармоишоти дигар корхонаҳои ҷумҳуриро низ иҷро менамояд.
Фаъолияти корхона васеъ мегардад. Дар ин бахш саҳми директори генералии ҶСП «Тоҷикгидромонтаж» Ҳурматулло Зайдов, ки корхонаи мо як ҷузъи он ба шумор меравад, калон аст. Бо ташаббуси ин роҳбари кордон дар корхона бунёди боз як корхонаи нав - «Гидромехсаноат», босуръат идома дорад, ки он метавонад барои сохтмони неругоҳ маводҳои заруриро истеҳсол намояд. Бо ба кор даромадани корхонаи мазкур имкон фароҳам меояд, ки боз ба таври илова 25-30 нафар эҳтиёҷмандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шаванд.
Ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд. Ба ин мақсад, баробари дар дохили корхона иҷро намудани корҳои ободонию созандагӣ, ҳамчунин дар атрофи он низ корҳои сабзазоркунӣ идома дорад.
Коллективи коргарони корхонаи мо аз он ифтихор доранд, ки Наврӯзи байналмилалӣ имсол дар шаҳри Норак таҷлил мегардад. Мо имкон пайдо мекунем, ки дар таҷлили он ширкат варзем ва чорабиниҳои фарҳангиро аз наздик дида, аз он ҳаловат барем.
Аз имконият истифода намуда, мардуми шарафи ҷумҳуриро ба Наврӯзи Аҷам табрик мегӯям ва ба онҳо тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоем.
Абдураҳмон Каримов,
директори филиали Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Тоҷикгидромонтаж»
 
Ҳунарманд ҳар куҷо бошад сарбаланд
Ҳунарманд ҳар куҷо бошад сарфароз, соҳибэҳтирому азизи ҳамагон аст. Инсон тавассути ҳунари воло метавонад ба дигарон шодиву нишот бахшад, мушкилоти инсонҳоро ҳал намояд, қалбҳоро тасхир созад, ба нафъи ҷомеа ва халқ хидмат намояд.
Савзимо Назароваро дар шаҳри Норак ва берун аз он мешиносанд. Ин зани ҳунарманд, меҳрубон, чолок барои худ ва дигар занони маҳаллаашон ҷойи корӣ бунёд намудааст. Ӯ корхонае насохтааст, вале дар ҳавлии хеш ба пухтани кулчаҳои ширмолу бомаза шурӯъ намуда, даҳҳо занони хонашинро ба ин кор раҳнамун сохтааст. Дарвоқеъ кулчаю нонҳои болаззати пухтаи Савзимо Назарова харидорони зиёде дорад. Дар тӯю маърака ва рӯйи дас-тархони ҳар як хонадони тоҷику тоҷикистонӣ маҳсули меҳнати ин занро пайдо намудан мумкин аст. Ҳангоме ки аз хонадони ӯ дидан намудем, бо шогирдону ҳамсоягонаш кулчаҳои мисли рӯйи бонувони тоҷик-арвуғониро аз танӯри гарм меканд. Бӯйи нону кулчаи ширмоли гарм атрофро паҳн намуда, ба кас ҳаловат мебахшид.
Савзимо Назарова зимни суҳбат иброз дошт, ки беш аз даҳсолаҳо ба ин шуғл рӯзгори хешро ба сомон меорад. 10 нафар бонувони маҳалла низ ба ӯ ҳамдаст гашта, якҷоя кулчаҳои зебою ширмол мепазанд. Талаботи на танҳо сокинони шаҳри Норак, балки шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Восеъ, Балҷувон, Бохтар, Вахш ва ғайраҳоро қонеъ мегардонад. Тавассути телефон аз ҳар як гӯшаву канори ватани азизамон дархост менамоянд ва бо нақлиёти мусофирбар кулчаҳои арғувонӣ ба ҷойи дархостгардида фиристода мешавад.
Оре, ин зани ҳунарманд, бо нигоҳ ва ченаки дасти хеш заволаҳоро якранг, яквазн мегираду гулрезӣ намуда, дар оташдони гарме, ки тавонотарин мард наметавонад ба он наздик шавад, мечаспонад, сипас бо як маҳорати хос аз танӯр канда, болои сурфа мегузорад. Муъҷизаи дастони ин зан, сеҳри ҳунараш ҳар як бинандаро ба ҳайрат меорад.
Савзимо ҳангоми суҳбат бо як хоксорӣ ёдовар гардид, ки ин ҳунари нону кулчапазиро аз модаркалонаш момои Малика ва модараш Ракатмоҳ омӯхтааст. Ҳунари волои нотакрори модари тоҷик асрҳо то ба имрӯз ба фарзандон мерос мондааст. Тавассути сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ сол ба сол рушд намуда, оламу одамро ба ҳайрат гузоштааст. Солҳои 2019-2021 "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст. Ин иқдоми навбатии Роҳбари давлат имкон медиҳад, ки ҳунармандон баҳри рушди шуғлу ҳунари хеш бештару беҳтар кӯшиш ба харҷ диҳанд. Зеро, барои ҳар нафаре, ки мехоҳад касбу ҳунар, нияту нақша ва қобилияту истеъдоди худро амалӣ гардонад, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Танӯрсозӣ низ яке аз шуғлҳои дӯстдоштаи ӯ ба шумор меравад. Қариб дар ҳар хонадони сокинони шаҳри Норак самараи ҳунари дастони ин кадбону ба чашм мерасад. Дар як чорабиние, ки бо иштироки намояндагони давлатҳои хориҷи кишвар қаблан дар шаҳри Норак доир гардида буд, ширкат доштем ва бо чашми хеш дидем, ки кулчаҳои дастпухти Савзимо Назароваро чӣ гуна хориҷиён бо як иштиҳо ва як ҳиссиёти аҷиб истеъмол менамуданд ва мазаву лаззаташро эҳсос намуда, офарину аҳсант мегуфтанд.
Имрӯзҳо ин бонуи ҳунарманд серташвиш аст. Ӯ кӯшиш менамояд, ки аз ҳаррӯза дида бештар кулчаҳои арғувонӣ омода намуда, барои боз ҳам беҳтару хубтар ва хотирмон таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Норак саҳми арзандаи хешро гузорад.

 

 

 



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Норак ба ҷашнгирии «Наврӯз-2019» омодагӣ мебинад

Норак ба ҷашнгирии «Наврӯз-2019» омодагӣ мебинад

Ҳаёти иҷтимоӣ
Тантанаи ҷумҳуриявии Наврӯз дар Норак мегузарад

Тантанаи ҷумҳуриявии Наврӯз дар Норак мегузарад

Фарҳанг ва адабиёт

Тантанаи ҷумҳуриявии Наврӯз дар Норак мегузарад

Фарҳанг ва адабиёт, АСАЛМО САФАРОВА
Бунёди иншоотҳои ҷашнӣ

Бунёди иншоотҳои ҷашнӣ

Иқтисоду тиҷорат
Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ Хуаҷиан Ғаюр Индастриал да ...

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ Хуаҷиан Ғаюр Индастриал да ...

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат